Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 августи соли 2014 таҳти рақами 765
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 августи соли 2014 таҳти рақами 765
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РӯДАКӢ
ҚАРОР
аз 12 декабри соли 2011 № 59 ш. Сомониён
(бо назардошти тағйиру иловаҳо аз 20 июни соли 2014, №133)
(бо назардошти тағйиру иловаҳо аз 20 июни соли 2014, №133)
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди аққали ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон
Мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, №603 "Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин, барои ба гуруҳҳои заминҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо" ва аз 1-уми июли соли 2011, №336 "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ додани қитъаҳои замин барои ба маҳалҳои аҳолинишин" Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри ҳадди аққали ҷудо кардани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ҳаҷми 0,06 га муайян карда шавад.
2. Кумитаи заминсозии ноҳия, бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар воҳидҳои сохтории дахлдор ҳангоми амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2011, №336 "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ додани қитъаҳои замин барои ба маҳалҳои аҳолинишин" ва ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлишғӣ ба эҳтиёҷмандон меъёри муайяншударо ба инобат гиранд.
3. Қарори мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, қайди давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад."
...