Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ додани қитъаҳои замин барои маҳалҳои аҳолинишин
Мутобиқи моддаҳои 26(1), 29 ва 30 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ, ёрирасон, деҳқонӣ, ҷамъияти саҳомии шакли кушода, фонди махсус ва фонди захиравии ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони умумии 2000,0 гектар, аз ҷумла: 1237,90 гектар заминҳои корами лалмӣ, 4,0 гектар дарахтони бисёрсола, 708,82 гектар чарогоҳ ва 49,28 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ гирифта, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои замини маҳалҳои аҳолинишин ба 18000 оилаи эҳтиёҷманд дода шавад.
2) Қитьаҳои замини гирифташуда бо тартиби зерин амалӣ карда шаванд:
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Хоҷаев" 4,27 гектар, аз ҷумла: 4,0 гектар чарогоҳ ва 0,27 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Ҳосилот" 4,0 гектар, аз ҷумла: 3,93 гектар замини корами лалмӣ ва 0,07 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "С.Раҳматов" 10,20 гектар, аз ҷумла: 9,58 гектар замини корами лалмӣ, 0,40 гектар чарогоҳ ва 0,22 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Дилшод" 9,03 гектар замини корами лалмӣ;
- аз ҳисоби заминхои хоҷагии деҳқонии "Ободӣ" 4,0 гектар дарахтони бисёрсола;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Фаридун" 14,86 гектар, аз ҷумла: 7,50 гектар замини корами лалмӣ, 6,96 гектар чарогоҳва 0,50 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Мирзоҳимат" 4,98 гектар, аз ҷумла: 4,78 гектар замини корами лалмӣ ва 0,20 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ; - аз хисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Шарифбой" 1,0 гектар замини корами лалмӣ;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Каримов" 5,0 гектар замини корами лалмӣ;
- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии "Ибодулло" 2,0 гектар, аз ҷумла: 1,95 гектар замини корами лалмӣ ва 0,05 гектар дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ;
...