Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 июни соли 2014 таҳти рақами 742
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 июни соли 2014 таҳти рақами 742
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
аз 19 ноябри соли 2013 № 2876 Душанбе
Дар бораи тасдиқи "Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф"
Дар асоси моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тасдиқ карда шавад (замима магардад).
2. Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (Л.Назирова) вазифадор карда шавад, ки "Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф"-ро ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев гузошта шавад.
ВАЗИР Н. Саидов
...