Қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2013 № 305 "Оид ба тасдиқ намудани Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 январи соли 2014 таҳти рақами 726

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз 20 декабри соли 2013 № 305 ш.Душанбе

Оид ба тасдиқ намудани Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар"

Мутобиқи банди 6 қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:

1. Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва моликбенефитсиар" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Муовини Директори Департаменти мониторинги молиявӣ (Нуров Ш.А.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти мониторинги молиявӣ (Нуров Ш.А.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

5. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2013, №63 "Оид ба тасдиқ намудани Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва татбиқ кардани аслияти шахсияти муштарӣ ва молик- манфиатдор (бенефитсиар)"" ва аз 26 сентябри соли 2013 №236 "Оид ба тасдиқ намудани Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва тасдиқ кардани аслияти шахсияти муштарӣ ва моликманфиатдор (бенефитсиар)"" аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Юсуфиён гузошта шавад.

Раиси Раёсат Ширинов А.

Бо Қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

№305 аз 20 декабри cоли 2013

тасдиқ шудааст

Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар"

Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва моликбенефитсиар" (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи банди 6 қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" (минбаъд - Қонун) таҳия шуда, тартиби аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиарро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Мафҳумҳои асосие, ки дар Дастурамали мазкур истифода мешаванд:

- молик - бенефитсиар - як ё якчанд шахсони воқеӣ, ки дар ниҳояти кор соҳиби ҳуқуқ ба моликият мебошанд инчунин воқеан муштарӣ ва/ё шахсеро, ки аҳд ба манфиати онҳо анҷом дода мешавад, назорат мекунанд (ба ин мафҳум инчунин шахсоне низ дохил мешаванд, ки дар ҳақиқат шахси ҳуқуқӣ ё ташкилотро идора (назорат) мекунанд);

- назорати дохилӣ - фаъолияти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк барои ошкор кардани амалиёти (кӯшиши анҷом додани аҳди шубҳаноки) ҳатман назоратшаванда ва дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва молу мулк вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм амалиёт анҷом медиҳанд;

- амалиёт (аҳд) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк - амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои гражданӣ нисбат ба маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк равона гардидааст;

- аҳд ва амалиёти шубҳанок - аҳд ва амалиёт (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёт) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ки мутобиқи ҳамин Дастурамал ҳамчун аҳд ва амалиёти шубҳанок муайян ва феҳристи аломатҳои онҳо аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ шудааст;

2. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиётҳоро татбиқ менамоянд (минбаъд - ташкилотҳо), бояд барои муайян ва санҷиши муштарӣ (минбаъд - санҷиши лозимӣ) мустақилона дар ҳолатҳои зерин чораҳо андешанд:

а) ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ (расмӣ);

б) ҳангоми гузаронидани ҳар гуна аҳд ва амалиёти якдафъаинае, ки аз маблағи муқарраршуда дар ҳаҷми аз 70000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ зиёд мебошад;

в) ҳангоми гумонбар донистани муштарӣ дар қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё маблағгузории фаъолияти террористӣ;

г) дар ҳолати шубҳа доштани шахси пешниҳодкунандаи маълумот ба дурустӣ ва мутобиқати маълумоте, ки пештар дар бораи муштарӣ гирифта шудааст. 3. Ба тадбирҳои гузаронидани санҷиши лозимии муштарӣ, ки ташкилотҳо анҷом медиҳанд, инҳо дохил мешаванд:

а) муайян ва санҷида баромадани шахсияти муштарӣ;

б) муайян намудан ва санҷидани шахсияти молик - бенефитсиар;

в) дастрас намудани иттилоот дар бораи мақсад ва хусусияти муносибатҳои кории (расмии) пешбинишуда;

г) ба таври доимӣ санҷида баромадани муносибатҳои корӣ ва омӯзиши амиқи амалиётҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар доираи ин муносибатҳо анҷом дода мешаванд, барои таъмин кардани мутобиқати амалиётҳои иҷрошаванда ба маълумоти пешниҳодкардаи ташкилот дар бораи ин муштарӣ, фаъолияти ӯ ва хусусияти хавфҳо, аз ҷумла дастрасии маълумот дар бораи сарчашмаи маблағҳои муштарӣ дар лаҳзаи гузаронидани амалиёт мебошад;

д) мутобиқи зербандҳои а) ва в) ин банд шахсони ваколатдори ташкилотҳо уҳдадоранд, ки санҷиши лозимии муштариёни мавҷударо дар асоси моҳияти амалиёт ва хавф анҷом дода, камаш соле як маротиба ё мунтазам маълумоти дар бораи муштарӣ мавҷудбударо нав намоянд.

4. Ташкилотҳо уҳдадоранд шахсонеро, ки бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои дарозмуддат барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд ва шахсонеро, ки ба онҳо хизмат мерасонанд, ё бо онҳо бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт (аҳд) татбиқ менамоянд, новобаста аз намуд, хусусият ва ҳаҷми хизматрасонӣ ё амалиёти (аҳди) иҷрошаванда, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи бандҳои 34, 35 ва 36 ҳамин Дастурамал, муайян намоянд.

5. Агар аз номи шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ намояндаи ӯ амал намояд, он гоҳ ташкилотҳо уҳдадоранд аз намоянда маълумотҳои заруриро доир ба муносибатҳои қисмҳои муайяни санҷиши лозимии муштарӣ гирифта, яъне шахсияти намоянда ва ваколатҳои ӯро муайян намоянд.

6. Ташкилотҳо барои гузаронидан ва муайян намудани шахсияти молик - бенефитсиарро ҳангоми гузаронидани амалиётҳо (аҳдҳо) дар асоси шартномаи намояндагӣ, шартномаҳои супориш, подош ва идоракунии ба боварӣ асосёфта ва дигар ҳуҷҷатҳо бояд муқаррар намоянд.

7. Дар рафти санҷиши лозимии шахсони ҳуқуқӣ ташкилотҳо уҳдадоранд барои муайян кардани шахси воқеӣ - соҳиби ҳақиқии муштарӣ, ки дар ҳақиқат соҳибмулк ба ҳисоб меравад ё муштариро идора менамояд, бо роҳи омӯзиши сохтори моликият ва идоракунии муштарӣ, инчунин муассисони (саҳмиядорони, иштирокчиёни) муштарӣ, тадбирҳои асоснок ва дастрас андешанд.

8. Агар муштарӣ ё соҳиби ҳақиқии муштарӣ ҷамъияти саҳҳомӣ бошад, ки нисбат ба он талаботи қонунгузорӣ оид ба ифшои маълумот, сохтор ва шакли моликият татбиқ гардад, яъне саҳмдорон (иштирокчиён) аз тарафи мақоми ваколатдор ба қайд гирифта шаванд, он гоҳ муқаррар ва тасдиқ намудани шахсияти муассисон (саҳмиядорон, иштирокчиён) метавонад талаб карда нашавад.

9. Талабот оид ба муқаррар ва муайян кардани шахсияти молик-бенефитсиар дар ҳамон ҳолат иҷрошуда ҳисоб мешавад, ки агар ташкилотҳо дар асоси маълумотҳои дахлдор, аз ҷумла маълумотҳои дар Замимаи 1 ҳамин Дастурамал зикршуда бо андешидани тадбирҳои асосноку дастрас, муқаррар ва муайян намудани шахсияти молик- бенефитсиарро тасдиқ карда тавонанд. 10. Ташкилотҳо тартиби муайян ва таҳқиқ кардани шахсияти муштарӣ ва моликбенефитсиарро бояд дар доираи қоидаҳои назорати дохилӣ таҳия ва тасдиқ намоянд. Тартиби мазкур бояд қоидаҳои муайян кардан, санҷиши муштариён, муқаррар ва муайян кардани моликбенефитсиар, аз он ҷумла тартиби баҳо додани дараҷаи хавфи амалиётгузаронии муштарӣ бо мақсади қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё маблағгузории терроризм ва асоси баҳо додани чунин хавфро бояд фаро гирад.

11. Тартиби санҷиш ва муайян кардани шахсият инчунин метавонад муқаррароти дигареро, ки бо салоҳдиди ташкилотҳо дохил карда мешаванд, дар бар гирад.

12. Ташкилотҳои қарзие, ки барои амалӣ намудани фаъолият аз мақомоти салоҳиятдор иҷозатнома мегиранд, дар фаъолияти худ ба таври илова боз тартиби муайян ва тасдиқ кардани шахсияти муштарӣ ва молик- бенефитсиарро, ки мақоми салоҳиятдор муқаррар кардааст, истифода менамоянд.

БОБИ 2. ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАХСИЯТИ МУШТАРӢ ВА МОЛИКБЕНЕФИТСИАР

13. Бо мақсади муайян намудани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар ташкилотҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар замимаи 2 ҳамин Дастурамал пешбинишуда ва инчунин дигар маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро, ки барои анҷом додани амалиётҳо (аҳдҳо) асос мебошанд, ҷамъоварӣ менамоянд.

14. Ба кормандони воҳидҳои сохторҳои ташкилотҳое, ки дар гузаронидани амалиёт (аҳд) иштирок мекунанд ва ба муштариён хизмат мерасонанд, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт (аҳд) аз манбаҳои дигари иловагии (ёридиҳандаи) иттилоот, ки ба онҳо дар асоси Қонун дастрас мебошанд, низ истифода бурда, шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиарро муқаррар ва муайян кунанд.

15. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои муайян кардани муштарӣ ва шахсияти молик-бенефитсиар истифодашаванда бояд дар таърихи пешниҳод шуданашон эътиборнок бошанд. Ҳуҷҷатҳое, ки пурра ё қисман ба забони хориҷӣ таҳия шудаанд, бояд аз тарафи муштарӣ бо тарҷумаи тасдиқшуда ба забони давлатӣ ба ташкилот пешниҳод гарданд.

16. Ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ бо тасдиқи мақоми шахсони ҳуқуқӣ - ғайрирезидентҳо ирсол менамоянд, аз тарафи ташкилотҳо дар сурате қабул карда мешаванд, ки агар онҳо бо тартиби муқарраргардида расмӣ гардонида шуда бошанд (ин ҳуҷҷатҳо дар ҳолате бидуни расмикунонӣ пешниҳод карда мешаванд, ки агар инро шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имзошуда пешбинӣ намояд).

17. Муштариёни ташкилотҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бояд дар нусхаи асл ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқшуда пешниҳод намоянд. Агар ба муайян кардани муштарӣ ва шахсияти моликбенефитсиар танҳо як қисми ҳуҷҷат дахл дошта бошад, он гоҳ мумкин аст иқтибоси тасдиқшудаи он пешниҳод гардад.

18. Дар ҳолати пешниҳод шудани нусхаи ҳуҷҷатҳо ташкилот ҳуқуқ дорад, ки нусхаи асли онҳоро барои шиносоӣ ва бо дурустии расмиятдарорӣ талаб намояд.

19. Барои муайян намудани муштарӣ, муқаррар ва мушаххас кардани шахсияти моликбенефитсиар ташкилотҳо аз пурсишнома (ҷамъоварии маълумот тариқи пурсиш) истифода мебаранд. Маълумот дар бораи муштарӣ ва молик-бенефитсиар, ки дар натиҷаи муайянсозии онҳо гирифта шудааст, дар пурсишномаи муштарӣ, ки дар Замимаи 3 ҳамин Дастурамал пешбинӣ шудааст таҳия карда мешавад. Пурсишномаи муштарӣ метавонад дар шакли коғазӣ ё электронӣ пур карда шавад. Шакли электронии пурсишномаи муштарӣ ҳангоми ба шакли чопӣ гардондан бо имзои корманди ваколатдор, ки маълумотро пешниҳод кардааст, тасдиқ карда мешавад. Талаботи камтарин ба пурсишнома аз тарафи мақоми ваколатдор бо назардошти хусусиятҳои фаъолияти ташкилотҳо муқаррар карда мешавад. Пурсишномаи муштарӣ аз тарафи ташкилотҳо на камтар аз 5 сол аз рӯзи қатъ шудани муносибат бо муштарӣ нигоҳ дошта мешавад.

20. Бо салоҳдиди ташкилот ба пурсишномаи муштарӣ инчунин метавонад маълумоти дигар низ ворид карда шавад. Дар ҳолати дигар шудани маълумоти пурсишнома ва (ё) маълумот дар бораи молик-бенефитсиар, муштарӣ уҳдадор аст, ки маълумоти навшуда ва ҳуҷҷатҳоро на дертар аз 1 моҳ аз рӯзи тағйир ёфтани маълумот ба ташкилотҳо пешниҳод намояд.

21. Ташкилотҳо маълумоти наверо, ки аз муштарӣ гирифтаанд, бояд дар рӯзи қабули он ба пурсишнома ворид кунанд.

22. Маълумоте, ки дар пурсишномаи муштарӣ қайд мегардад, метавонад дар манбаи маълумоти электронии ташкилотҳо нигоҳ дошта шавад. Кормандони масъули ташкилотҳо барои муайян кардани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар, инчунин хадамоти назорати дохилӣ барои санҷиши маълумот дар бораи муштарӣ ва молик-бенефитсиар бояд имконияти доимии истифодабарӣ дошта бошад.

23. Ташкилотҳо ҳуқуқ доранд муайянсозии такрории муштарӣ ва шахсияти моликбенефитсиарро анҷом надиҳанд, агар ин гуна муштарӣ ва молик-бенефитсиар пештар аз тарафи ташкилотҳои дигар муайян шуда бошад, ё мутобиқи Қонун ва ин Дастурамал ба маълумоти мавҷуда дар бораи ин муштарӣ ва шахсияти молик-бенефитсиар дастрасии фаврӣ ба таври доимӣ таъмин бошад.

24. Ташкилотҳо вазифадоранд:

- дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ба дурустии маълумоте, ки пештар дар натиҷаи муайян кардани муштарӣ гирифта шуда буд, муайянсозии такрории муштарӣ ва шахсияти моликбенефитсиарро анҷом диҳанд;

- маълумотҳоро дар бораи иштироки муштарӣ ва молик-бенефитсиар дар фаъолияти террористӣ санҷида бароянд. Маълумотҳои номбурда дар "Феҳристи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар бораи онҳо оиди даст доштан дар амалҳои террористӣ маълумот мавҷуд аст", нигоҳ дошта мешаванд. Феҳристи мазкурро мақоми ваколатдор тартиб медиҳад.

25. Ташкилотҳо ҳангоми қабули хизматрасонӣ ба муштариён ва шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ, илова ба санҷиши лозимии муштариён, ки дар боло пешбинӣ шудаанд, чунин корҳоро анҷом медиҳанд:

а) барои муайян намудани шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ аз байни шахсони воқеие, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад ё барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд, чораҳои асоснок ва дастрас меандешанд;

б) шахсони сиёсии бонуфузи хориҷиро танҳо дар асоси иҷозати хаттии роҳбар ё муовини ташкилот, инчунин роҳбар ё муовини шуъбаи масъули ташкилот, ки ба вай ваколатҳои дахлдор дода шудааст, барои хизматрасонӣ қабул менамоянд;

в) дар ҳолати ошкор намудани манбаи пайдоиши маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ чораҳои асоснок ва имконпазир меандешанд;

г) маълумотеро, ки оид ба шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ дар ихтиёр доранд, мунтазам нав менамоянд;

д) ба амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ки дар ташкилот аз ҷониби шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ, хешовандони наздики онҳо (зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, инчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, шахсони ба фарзандхонӣ қабулкарда ва фарзандхондҳо) ё аз номи ин шахсон анҷом дода мешаванд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоянд.

26. Ташкилотҳо хавфро аз рӯи дараҷаи баланд ва паст бо назардошти талаботи ҳамин Дастурамал ва тавсияҳои муқарраркардаи мақоми ваколатдор баҳо медиҳанд.

27. Ташкилотҳо инчунин метавонанд меъёрҳои иловагии баҳогузории дараҷаи хавфро истифода намоянд.

28. Ташкилотҳо маълумотҳоеро, ки дар натиҷаи муайян кардани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар гирифтаанд, уҳдадоранд дар сурати баланд будани дараҷаи хавф на камтар аз як маротиба дар як сол ва дар дигар ҳолатҳо на камтар аз як маротиба дар се сол нав кунанд. Онҳо инчунин дараҷаи хавфро ҳангоми дигар шудани маълумоти мушаххаскунанда ё тағйир ёфтани дараҷаи хавф ё дар ҳолатҳои зерин бояд бознигарӣ кунанд:

- агар нисбати муштарӣ, молик-бенефитсиар ё амалиёти (аҳди) онҳо шубҳа пайдо шавад, ки бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё маблағгузории терроризм алоқамандӣ доранд;

- агар амалиёт (аҳд) хусусияти номаълум ё ғайримуқаррарӣ дошта, аз набудани мазмуни равшани иқтисодӣ ё мақсади қонунӣ шаҳодат диҳад ё анҷом додани чунин амалиёт (аҳд) аз он гувоҳӣ диҳад, ки мақсади гузаронидани он саркашӣ аз риояи талаботи Қонун мебошад.

29. Ташкилотҳо инчунин метавонанд дараҷаи хавфро бознигарӣ карда, маълумотҳоеро, ки дар натиҷаи муайян намудани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар гирифтаанд, нав кунанд, аз тарафи ташкилотҳо дар дигар ҳолатҳо ин корро аз рӯи тартиб ва муҳлати муқарраркарда анҷом диҳанд.

БОБИ 3. ДАРАҶАИ ХАВФИ БАЛАНД ВА ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ОН

30. Ба дараҷаи хавфи баланд шахсон, ҳолатҳо ё объектҳои зерин дохил мешаванд:

а) шахси ҳуқуқӣ, ки дар кишварҳо ва минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст (фаъолият мекунад) ё муштарӣ- шахси воқеие, ки дар кишварҳо ва минтақаҳои оффшорӣ зиндагӣ мекунад;

б) муштарӣ - ғайрирезидент;

в) фаъолияти бонкии хусусӣ;

г) шахсони ҳуқуқӣ ё муссисаҳо, ки бо мақсади нигаҳдории амволи хусусӣ дар шакли идорасозии ба боварӣ асосёфта (траст) ташкил шудаанд;

д) робитаю муносибати корӣ ё амалиёти якдафъаина бо давлатҳое (минтақаҳое), ки дар он ҷо талаботи байналмилалии муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (мутобиқи феҳристи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор ё ташкилотҳои байналмилалӣ) ба таври зарурӣ истифода намешавад, инчунин бо кишварҳое, ки нисбати онҳо Созмони Милали Муттаҳид таҳрим эълон кардааст;

е) истиқомат кардани (будубоши) муштарӣ дар давлатҳое (минтақаҳое), ки дар зербанди д) ҳамин банд зикр шудаанд;

ж) ташкилотҳои хайрия ва ғайритиҷоратӣ;

з) коғазҳои қиматноки тақдимкунанда (аз ҷумла, чекҳои тақдимкунанда), ки дар рафти муносибатҳои корӣ гардиш мекунанд ё худ воситаи амалиёти якдафъаина мебошанд;

и) дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ба дурустӣ ва мутобиқати маълумоти муаяйнкунанда, ки пештар гирифта шудааст, аз ҷумла дар бораи мавҷудияти молик-бенефитсиар ва дурустии маълумотҳо дар бораи вай;

к) дар ҳолати маълум гардидани он, ки ба роҳ мондани муносибати корӣ бо муштарӣ ё гузаронидани амалиёт (аҳд) аз тарафи ташкилотҳои дигар рад шуда бошад;

л) дар ҳолатҳое, ки муштарӣ муомилоти калонро бо пули нақд, муносибати корӣ ё амалиёти якдафъаинаро низ бо маблағи калони нақдӣ анҷом медиҳад;

м) муштариёне, ки тариқи суратҳисобҳои онҳо ба ташкилотҳои молиявии гуногун мунтазам ва беасос маблағ интиқол мегардад;

н) бо шахсони дорои нуфузи сиёсӣ, бо аъзои оилаи онҳо ва шахсони бо онҳо вобаста муносибатҳои корӣ ё амалиёти (аҳди) якдафъаина анҷом медиҳанд;

о) пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ ба шумораи маҳдуди муштариёни гурӯҳи махсус;

п) тасдиқи муносибати корӣ бидуни алоқаи мустақим ё анҷом додани амалиёти якдафъаина тариқи электронӣ ё тариқи муросилот (муносибат бидуни алоқаи мустақим);

р) муносибати корӣ ё амалиёти (аҳди) якдафъаина тариқи суратҳисоб ё бо тарзе, ки тавассути он шаш моҳи охир ягон амалиёт (аҳд) гузаронида нашудааст;

с) амалиёт тариқи муносибатҳои муросилотии бонкӣ;

т) қарздиҳӣ ба муштарӣ, дар ҳолате, ки қарз бо ҷалбнамоии пасандоз дар ҳамин бонк таъмин карда шавад.

31. Ташкилотҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии дохилӣ инчунин метавонанд дараҷа ва талаботи дигарро нисбат ба хавфҳои баланд пешбинӣ намоянд.

32. Барои муайян намудани дараҷаи хавфи баланд имкон дорад инчунин ҳолатҳои зерин ба назар гирифта шаванд:

а) агар муштарӣ шаҳрванд ё резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад ё шаҳрвандии ҳозира ё гузаштаи ӯ, ё резидентии ӯ аз нуқтаи назари муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хавфи баландро дар назар дошта тавонад;

б) агар дар гузашта муштарӣ ба муносибати корӣ ё амалиёте (аҳде) ҷалб шуда бошад, ки он аз нуқтаи назари муқовимат ба расмикунонии пул ва маблағгузории терроризм шубҳанок ба ҳисоб равад;

в) агар суратҳисобҳо, маблағҳо ё нуфузи шахси ҳуқуқӣ бо мақсади муомилоти (гардиши) дороиҳои шахси воқеӣ истифода бурда шаванд;

г) агар сохтор ва идорасозии шахси ҳуқуқӣ беасос мураккаб шуда бошад;

д) агар ошкор кардани иштирокчиёни шахси ҳуқуқӣ мушкил ё номумкин бошад;

е) агар муштарӣ - шахси ҳуқуқӣ коғазҳои қиматноки тақдимкунанда нашр намояд.

33. Мавҷудияти гурӯҳи хавфи баланд дар вақти омӯзиши амиқи муштарӣ муайян карда мешавад. Ташкилотҳо бо мақсади маълум намудан ва баҳо додани дараҷаи баланди хавф инҳоро муқоиса мекунанд:

а) маълумоте, ки шахсияти муштариро муайяну мушаххас мекунад;

б) сифатҳои кории муштарӣ;

в) муносибатҳои кории муштарӣ;

г) хусусият ва мақсади амалиёти якдафъаинаи муштарӣ;

д) маълумотҳое, ки аз манбаҳои дастрас гирифта шудаанд;

е) ҳолатҳои дигар. 34. Ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё бастани аҳд бидуни алоқаи мустақим ташкилот ҳадди ақал чораҳои иловагии зеринро амалӣ менамояд:

а) ҳисоббаробаркуниҳоро танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ менамояд, ба ғайр аз пардохтҳои нақдӣ, ки тариқи терминалҳо ва банкоматҳо анҷом дода мешаванд;

б) ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ба монанди шартномаҳо, расидхати пардохт ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаро талаб мекунад.

35. Барои муайян кардани нуфузи сиёсии шахс ташкилот метавонад амалҳои зеринро анҷом диҳад:

а) аз муштариёни эҳтимолӣ маълумот талаб менамояд ё дар бораи хусусияти фаъолияти муштариён ва шахсони бо онҳо вобаста маълумот дастрас мекунад;

б) аз манбаи маълумоти пулакӣ маълумоти дастраси умумро омӯхта, дар бораи шахсони дорои нуфузи сиёсӣ маълумот мегирад (World-check (пойгоҳҳои байналмилалии маълумотии пулакӣ ва сарчашмаҳои мӯътамад, ки дар он маълумотҳои муфассал оид ба шахсони сиёсии мансабдор, террористон, ҷинояткорон, гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ ва аъзоёни онҳо маҳфуз мебошад) ва ҳоказо).

БОБИ 4. ДАРАҶАИ ХАВФИ ПАСТ

36. Ба дараҷаи хавфи паст шахсон, ҳолатҳо ё объектҳои зерин дохил мешаванд:

а) мақомоти давлатӣ;

б) мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;

в) ташкилотҳои таъсисдодаи давлат;

г) маблағҳое, ки ба буҷети мутаҳиди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд;

д) пардохтҳо барои хизматрасонии ҷамъиятӣ.

е) ташкилотҳое, ки аз нуқтаи назари муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳти назорат мебошанд.

БОБИ 5. ХУСУСИЯТҲОИ МУАЙЯН КАРДАНИ ШАХСИЯТИ МУШТАРӢ ВА МОЛИКБЕНЕФИТСИАР ҲАНГОМИ АНҶОМ ДОДАНИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ АМАЛИЁТ (АҲД)

37. Муайян кардани шахси воқеӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:

- интиқоли маблағҳои пулӣ бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ;

- амалиёти (аҳд) мубодилаи пули нақди миллӣ ё асъори хориҷӣ бо шахсони воқеӣ, амалиёти нақдгардонии чекҳое (аз ҷумла чекҳои сафарӣ), ки арзиши номиналиашон бо асъори хориҷӣ нишон дода шудааст.

38. Муайянсозии шахси воқеӣ маълум кардани ному насаб ва номи падар (агар қонун ё одатҳои миллӣ чизи дигаре муқаррар накарда бошад), мушаххасоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти муштариро пешбинӣ менамояд.

39. Муайянсозии шахси воқеӣ, ки дар банди 38 ҳамин Дастурамал пешбинӣ шудааст, танҳо дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои зерин (дар як вақт) сурат мегирад:

- мутобиқи моддаи 6 Қонун назорати ҳатмии амалиёт (аҳд) лозим нест;

- ному насаб ва номи падар, инчунин дигар маълумот дар бораи шахси воқеӣ бо маълумоти дар номгӯи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ зикршуда, ки аз хусуси иштироки онҳо дар фаъолияти террористӣ (маблағгузории терроризм) дарак медиҳад, мутобиқат накунад;

- агар нисбати алоқаманд будани муштарӣ ё амалиёт (аҳд) бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳо шубҳае пайдо нашавад;

- агар амалиёт (аҳд) хусусияти номаълум ё ғайримуқаррарӣ надошта бошад ва аз мазмуни равшани иқтисодӣ ё мақсади аниқи қонунӣ доштани он дарак диҳад ва анҷом додани ин гуна амалиёт ба он асос шуда натавонад, ки мақсади он саркашӣ аз риояи талаботи Қонун мебошад.

40. Ҳангоми анҷом додани амалиёт (аҳд) воситаҳои пулӣ дар шакли нақдӣ боистифодаи таҷҳизоти барномавӣ-техникӣ, хазинадорони электронӣ, банкоматҳо ва дигар воситаҳои барномавӣ-техникӣ (ба истиснои амалиёт бо истифодаи кортҳои пардохт), муайян кардани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар аз тарафи ташкилотҳо дар ҳолате гузаронида мешавад, ки агар маблағи амалиёти (аҳди) иҷрошаванда ба 14 000 (чордаҳ ҳазор) сомонӣ баробар ё аз он ё аз маблағи ҳамарзиши он бо асъори хориҷӣ зиёд бошад ё тавассути суратҳисоби дар бонки ғайрирезидент кушодашуда гузаронида шавад. Ҳангоми гузаронидани амалиёт (аҳд) бо истифодаи кортҳои пардохтӣ, муайян кардани дар асоси мушаххасоти корти пардохтӣ, инчунин тариқи гузарвожаҳо амалӣ карда мешавад.

41. Ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонки ғайрирезидент ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода мешавад, ки ҳатман маълумотҳои дар банди 1 замимаи 2 ҳамин Дастурамал пешбинишударо талаб кунанд. Инчунин онҳо бояд дар бораи тадбирҳое, ки бонки ғайрирезидент оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм меандешад, маълумот талаб намоянд. Қарор дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонки ғайрирезидент дар сурати розӣ будани роҳбари ташкилотҳои қарзӣ қабул карда мешавад.

42. Муайян кардани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар дар ҳолатҳои зерин метавонад гузаронида нашавад:

- пардохтпулиҳои марбут ба ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети давлатӣ (аз ҷумла, буҷетҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар қисматҳои он) ва дигар пардохтҳои тибқи муқаррароти қонунгузорӣ анҷомдодашаванда, ки яке аз қисмҳои пардохти буҷети давлатӣ мебошанд;

- вобаста ба пардохтҳои алимент.

43. Нисбат ба мақомоти давлатӣ санҷиши лозимӣ гузаронида намешавад.

Замимаи 1

ба Дастурамали №200

"Дар бораи муайян ва санҷидани

шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар"

1) Маълумоте, ки бо мақсади муайян кардани шахсони воқеӣ дастрас мегардад

1. Ному насаб ва номи падар (агар дар қонун ва одатҳои миллӣ чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад).

2. Шаҳрвандӣ.

3. Маълумотҳое, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд: силсила ва рақами ҳуҷҷат, таърихи дода шудани ҳуҷҷат, номи мақомоте, ки ҳуҷҷатро додааст ва рамзи (коди) воҳиди сохторӣ (агар бошад).

4. Маълумоти ҳуҷҷате, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи будубошро (истиқомат) медиҳад: силсила (агар бошад) ва рақами ҳуҷҷат, санаи оғози муҳлати амали ҳуқуқи будубош (истиқомат), санаи анҷоми муҳлати амали ҳуқуқи будубош (истиқомат), аз ҷумла корти муҳоҷират: рақами корт, санаи оғози муҳлати будубош ва санаи анҷоми муҳлати будубош.

5. Суроғаи ҷойи истиқомат (ҷойи қайд) ё ҷойи будубош.

6. Рақами мушаххаси андозсупор.

7. Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки ваколати истифодаи маблағҳои пулӣ ва амволро тасдиқ менамоянд.

8. Рақами телефонҳо барои тамос ва рақами факс (агар бошад).

9. Маълумот дар бораи ҷойи кор ва фаъолият.

Эзоҳ:

10) Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

а) Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи таваллуди шаҳрвандбарои шаҳрванди Тоҷикистон то синни 16- сола;

- билети ҳарбӣ;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дониста мешаванд.

б) Барои шаҳрвандони хориҷӣ:

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ё ҳуҷҷати дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муқаррар шудааст.

в) Барои шахсони бешаҳрвандӣ:

- ҳуҷҷате, ки аз тарафи давлати хориҷӣ дода шудааст ва мутобиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси бешаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад;

- иҷозат барои истиқомати муваққатӣ;

- иҷозат барои зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст ё тибқи шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони бешаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд.

г) Барои фирориҳо:

- шаҳодатномаи тасдиқкунандаи фирорӣ будани шахс, ки аз тарафи ташкилоти дипломатӣ ё консулӣ ва ё мақомоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

- шаҳодатномаи фирорӣ.

д) Ба ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандиро барои будубош (зиндагӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, инҳо дохил мешаванд:

- иҷозат барои зиндагӣ;

- иҷозат барои истиқомати муваққатӣ;

- раводид;

- дигар ҳуҷҷате, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи будубоши (зиндагӣ кардани) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

2) Ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади муайян намудани шахсони воқеӣ талаб карда мешаванд

1. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (нусхаи асл, ки аз он нусхабардорӣ карда мешавад);

- шаҳодатномаи мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, мақоми иҷроияи ҳокимият ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи таваллуди шаҳрванд - барои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон синнаш то 16 - сола (намояндаи қонунӣ нусхаи асли онро пешниҳод менамояд, ки аз рӯи он нусхабардорӣ карда мешавад);

- шаҳодатнома дар бораи шахсияти хизматчии ҳарбӣ ё билети ҳарбӣ (нусхаи асл пешниҳод мегардад, ки аз рӯи он нусхабардорӣ карда мешавад);

- шаҳодатномаи ҳифзи иҷтимоӣ (нусхаи асл пешниҳод мегардад, ки аз он нусхабардорӣ мешавад);

2. Барои шаҳрвандони хориҷӣ:

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ё ҳуҷҷате, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст ва ё тибқи шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ба сифати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият хизмат мекунад (нусхаи асл пешниҳод мегардад, ки аз он нусхабардорӣ карда мешавад);

- ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи будубоши (истиқомати) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад: иҷозат барои зиндагӣ, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (ҳуҷҷати асл пешниҳод мегардад, ки аз он нусхабардорӣ карда мешавад) ва ё дигар ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Замимаи 2

1) Маълумотҳое, ки бо мақсади муайян кардан шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ гирифта мешаванд

1. Маълумотҳое, ки бо мақсади муайян кардани шахсони ҳуқуқӣ гирифта мешаванд:

- номи пурра, инчунин (агар бошад) номи мухтасар ва ё ном бо забони хориҷӣ;

- шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ;

- рақами мушаххаси андозсупор - барои резидент, рақами мушаххаси андозсупор ё рамзи (коди) ташкилоти хориҷӣ - барои ғайрирезидент (агар бошад);

- маълумот дар бораи қайди давлатӣ: таърих, рақам, номи мақомоти бақайдгиранда, ҷойи бақайдгирӣ;

- суроға, маҳалли ҷойгиршавӣ ва суроғаи почта;

- маълумот дар бораи иҷозатнома оид ба доштани ҳуқуқ барои фаъолият: намуд, рақам, таърихи дода шудани иҷозатнома, аз тарафи кӣ дода шудааст, муҳлати амал, намудҳои фаъолият аз рӯи иҷозатнома;

- рамзи (коди) мушаххаси бонкӣ - барои бонкҳои тиҷоратӣ-резидентҳо;

- маълумот дар бораи мақомоти шахси ҳуқуқӣ (сохтор ва ҳайати шахсии мақомоти идории шахси ҳуқуқӣ);

- маълумот дар бораи андозаи сармояи (андӯхтаи) оинномавии бақайдгирифта ва пардохтшуда ё андозаи фонди оинномавӣ, молу мулк;

- маълумот дар бораи будан ё набудани шахси ҳуқуқӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ, мақомоти доимоамалкунандаи идории вай, мақомоти дигар ё шахсоне, ки аз номи шахси ҳуқуқӣ бе ваколатнома ҳуқуқи фаъолиятро доранд;

- рақами телефонҳо барои тамос ва рақами факс.

2. Маълумотҳое, ки бо мақсади муайян кардани соҳибкорони инфиродӣ гирифта мешаванд:

- маълумотҳое, ки дар замимаи 1 ҳамин Дастурамал пешбинӣ шудаанд;

- маълумот дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ: таърихи бақайдгирӣ, рақами давлатии қайд, номи мақоми бақайдгиранда, макони бақайдгирӣ;

- маълумот дар бораи иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дошта бошад: намуд, рақам, таърихи дода шудани иҷозатнома, аз тарафи кӣ дода шудааст, муҳлати амал, намудҳои фаъолият аз рӯи иҷозатнома;

- суроғаи почта ва рақами телефонҳо барои тамос, рақами факс.

2) Ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади муайян кардани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ талаб карда мешаванд

1. Барои шахсони ҳуқуқӣ:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ (нусха);

- оиннома (нусхаи бо тартиби муқаррар тасдиқшуда);

- шартномаи таъсисӣ - агар қонунгузорӣ пешбинӣ карда бошад (агар ҷамъиятро як нафар тасдиқ карда бошад, он гоҳ нусхаи ҳуҷҷати тасдиқшуда дар бораи таъсис);

- тағйиротҳо (иловаҳо) ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шаҳодатномаи қайди давлатии чунин тағйиротҳо (иловаҳо);

- шаҳодатнома дар бораи ба қайди мақомоти андоз гузоштан;

- ҳуҷҷатҳое, ки ваколати шахсони дорои ҳуқуқи имзои аввал ва дуюмро дар корти намунаи имзоҳо ва нақши муҳр тасдиқ мекунанд (қарори мақомоти идорӣ, фармонҳо, ваколатномаҳо ва ғайра) (нусхаи асл ва нусхаи аз тарафи худи ташкилот тасдиқшуда);

- иҷозатнома, ки ҳуқуқи фаъолияти соҳибкориро медиҳад ва барои муштарӣ гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ мебошад (нусха);

- беруннависи феҳристи давлатии шахсони ҳуқуқӣ - бо талаби иловагӣ

2. Барои соҳибкорони инфиродӣ:

- ҳуҷҷатҳое, ки дар замимаи 1 ҳамин Дастурамал пешбинӣ шудаанд;

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ (нусха);

- иҷозатнома, ки ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти соҳибкориро медиҳад ва барои муштарӣ гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ аст - ҳангоми зарурат (нусха).

3) Маълумотҳое, ки бо мақсади муқаррар ва муайян намудани шахсияти молик-бенефитсиар гирифта мешаванд

1. Маълумот дар бораи асосҳое, ки аз хусуси ба манфиати дигар шахс фаъолият кардани муштарӣ ҳангоми гузаронидани амалиёт (аҳд) шаҳодат медиҳанд.

2. Маълумот дар бораи шахсияти молик-бенефитсиар.

Замимаи 3

Маълумотҳое, ки ба пурсишномаи муштарӣ дохил шудаанд

1. Маълумоте, ки дар натиҷаи муайян кардани муштарӣ, муқаррар ва мушаххас кардани шахсияти молик-бенефитсиар гирифта шуда, дар замимаҳои 1-3 ҳамин Дастурамал нишон дода шудааст.

2. Маълумот дар бораи дараҷаи хавф, аз ҷумла асосноккунии баҳодиҳии он.

3. Санаи ба роҳ мондани муносибат бо муштарӣ, аз ҷумла санаи кушодани аввалин суратҳисоби бонкӣ (амонату пасандозҳо).

4. Санаи пур ва нав кардани пурсишномаи муштарӣ.

5. Ному насаб ва номи падар, вазифаи корманде, ки барои кор бурдан бо муштарӣ вобаста шудааст, инчунин корманде, ки суратҳисоб кушода, онро тасдиқ кардааст, нозири суратҳисоб (агар бошад).

6. Имзои шахсе, ки пурсишномаи муштариро дар шакли коғазӣ пур кардааст (бо нишон додани ному насаб ва номи падар, вазифа ё ному насаб ва номи падар ва вазифаи шахсе, ки пурсишномаи муштариро дар шакли электронӣ пур кардааст).

7. Дигар маълумотҳое, ки ташкилот дастрас намудааст.