ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2012, №1355
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Низомномаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2012, № 1355 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати панҷуми банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;".
2. Дар банди 7:
- дар сархати дуюм калимаи "аввали" ба калимаи "якуми" иваз карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо;".
3. Дар бандҳои 12, 14 ва 16 калимаҳои "аввали" ва "аввал" мувофиқан ба калимаҳои "якуми" ва "якум" иваз карда шаванд.
4. Дар банди 13:
- сархати нӯҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- дар асоси қарори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;";
- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия, муовини директори Маркази таълимӣ ва кормандони он, коромӯз - судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо, ба истиснои кормандони техникӣ, таъин ва озод мекунад;";
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "приставҳои судӣ, инчунин ёрдамчиёни раисони судҳо" ба калимаҳои "кормандони дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба истиснои кормандони техникӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои "приставҳои судӣ, ёрдамчиёни раисони судҳо" ба калимаҳои "Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, ба истиснои кормандони техникӣ" иваз карда шаванд;
- сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- барои тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;";
- сархати ҳабдаҳум сархати ҳаждаҳум ҳисобида шавад.
5. Дар банди 23 калимаҳои "аз тарафи" ба калимаҳои "бо пешниҳоди раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷиикстон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 апрели соли 2015 № 476