Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳам додани Раёсати давлатии "Суғдсавдо"
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Раёсати давлатии "Суғдсавдо" барҳам дода шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати барҳам додани Раёсати давлатии "Суғдсавдо" тадбирҳо андешад.
3. Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Раёсати давлатии "Суғдсавдо" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2015 № 252
ш. Душанбе