Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 феврали соли 2013 таҳти рақами 705
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 ноябри соли 2012 № 308 ш. Душанбе
оид ба Дастурамали №199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Мутобиқи моддаҳои 20, 21 ва 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Дастурамали № 199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Ҳамин Қарор пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А. М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А. Ҳ. гузошта шавад.
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 29 ноябри с.2012, №308
тасдиқ шудааст
Дастурамали № 199 "Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Дастурамали мазкур тибқи талаботи моддаҳои 20, 21 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" таҳия шуда, тартиби додани қарзи хурд ва ҳисоб кардани фоизи қарзро дар ташкилотҳои маблағгузории хурд муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- қарзи хурд - қарзе, ки аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурд ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст ва маблағи он аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд намебошад;
- ҳудуди қарздиҳӣ - андозаи ниҳоии ҳамаи қарзҳои хурди ба як қарзгир ва ё ба гурӯҳи қарзгирон дар маҷмӯъ додашуда мебошад;
- хавфи қарзӣ - эҳтимолияти аз ҷониби қарзгир иҷро накардани уҳдадориҳои қарзӣ дар назди қарздеҳ мебошад;
- меъёри фоизи қарз - ифодаи фоизӣ мебошад, ки нисбат ба қарз барои давраи муайяни истифодабарии он муқаррар карда мешавад;
- маблағи фоизи қарз - ҳамаи маблағҳои бо фоиз ифодаёфта, нисбат ба маблағи қарз, ки қарзгир барои истифодаи он дар давраи муайян пардохт мекунад.
2. Ташкилоти маблағгузории хурд (минбаъд-ташкилот) уҳдадор аст, ки ҳамаи хароҷоти вобаста ба хизматрасонии қарзро, аз ҷумла хизматрасонии хазинавиро ба таркиби маблағи фоизи қарз дохил намуда, онро барои муқаррар намудани меъёри фоизи қарз истифода барад.
3. Ташкилот метавонад меъёрҳои иловагиро оид ба ҳудуди қарздиҳӣ на бештар аз меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд.
БОБИ 2. СИЁСАТИ ҚАРЗДИҲИИ ХУРД
4. Ташкилот сиёсати қарздиҳии хурдро бо назардошти талаботи Дастурамали мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Ташкилот барои амалӣ намудани сиёсати қарздиҳӣ вобаста ба сохтори худ метавонад Кумитаи қарзӣ ташкил намояд.
6. Қарзҳои хурди аз тарафи ташкилот пешниҳодшаванда вобаста ба намуди фаъолияти қарзгир, мақсади қарз, таъминнокӣ (агар зарур дониста шаванд) ва соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо карда мешаванд, ки дар санадҳои дохилии ташкилот дарҷ мегарданд.
7. Ташкилот метавонад ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони хурд ва миёна қарзҳои гурӯҳи низ пешниҳод намояд.
8. Аз ҷониби ташкилот бояд маълумоти дахлдор оид ба сиёсати қарзӣ, маблағи қарзи пешниҳодшаванда, намудҳои қарз, фоизи он, таъминот ва ғайра ба муштариён тариқи воситаҳои ахбори омма, эълону рекламаҳо ва ғайра пешниҳод карда шаванд.
9. Пеш аз пешниҳоди ариза барои гирифтани қарз ташкилот бояд муштариро бо шартҳои додани қарз шинос намояд.
БОБИ 3. КОР БО ҚАРЗҲОИ ХУРД
10. Номгӯи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда барои қарзгир - шахси воқеӣ дар алоҳидагӣ бо санади меъёрии дохилии ташкилот аз рӯи намуди қарз муқаррар карда мешавад ва бояд ҳадди аққал ҳуҷҷатҳои зеринро дарбар гирад:
- ариза барои гирифтани қарз;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шиносномаи зомин, ҳангоми истифодаи замонат;
- нусхаи ҳуҷҷати рақами мушахасси андозсупорандаро тасдиқкунанда;
- нусхаи шаҳодатнома, патент ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти қарзгирсоҳибкори инфиродӣ.
11. Аз қарзгир - шахси ҳуқуқӣ бастаи ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- ариза барои гирифтани қарз бо зикри маблағ, муҳлат, мақсад ва шартҳои гирифтани қарз;
- ҳуҷҷат оид ба манбаҳои пардохти қарз;
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- ҳисоботи молиявӣ бо қайди мақомоти андоз барои соли гузашта;
- нусхаи маълумотнома аз мақомоти андози ҷойи бақайдгирӣ дар хусуси надоштани қарз дар назди буҷет;
- нақшаи тиҷоратӣ;
- варақа бо намунаи имзои шахсоне, ки ҳуқуқи имзои аввал ва агар пешбинӣ шуда бошад имзои дуюмро доранд;
- дурнамои гардиши маблағҳои пулӣ;
- рӯйхати молу мулк бо нишон додани арзиш ё таъминоти дигаре, ки ба сифати таъмини иҷрои уҳдадорӣ пешниҳод мешаванд;
- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ташкилот пешниҳоди онҳоро зарур мешуморад.
12. Кормандони ваколатдори ташкилот, ҳангоми ворид гардидани аризаи муштарӣ барои гирифтани қарз амалҳои зеринро анҷом медиҳанд:
а) омӯзиши қарзгир бо ҷамъи маълумот дар бораи қарзгир ва мақсади истифодаи маблағи қарз (намуди фаъолияти қарзгир, маҳали кор ва зисти он, хусусиятҳои фаъолияти қарзгир ва ғайра);
б) гирифтани маълумоти дахлдор аз Бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз (кредит)";
в) гузаронидани сӯҳбат бо қарзгир ҷиҳати муайян кардани салоҳият ва омодагии ӯ барои пардохти қарз.
13. Агар ба сифати таъмини қарз кафолатнома ё замонат истифода шавад, дар ин маврид омӯзиши кафил ё зомин, обрӯю эътибори касбии он, доштани қобилияти қарзадокунӣ, масъулият ва омодагӣ барои иҷрои уҳдадориҳо муайян карда мешавад.
14. Ҳамаи аризаҳо барои гирифтани қарз аз ҷониби ташкилот дар дафтари баҳисобгирӣ (дар шакли коғазӣ ё электронӣ) сабт карда мешаванд.
15. Ҳангоми баррасии аризаҳо барои гирифтани қарз, ташкилот дар навбати аввал аризаи муштариёнеро, ки барои ба Бюрои таърихи қарз додани маълумот оид ба қарзҳояшон розигӣ додаанд, баррасӣ менамояд.
16. Қарор оид ба додан ё надодани қарз дар Кумитаи қарзии ташкилот қабул карда мешавад.
17. Қарори Кумитаи қарзии ташкилот оид ба додан ва ё надодани қарз ҳуҷҷати дохилии ташкилот ба шумор рафта, нусхаи он ба муштарӣ дода намешавад. Дар ҳолати мувофиқат накардани ариза ба талаботи намуди қарз, ташкилот ҳуқуқ дорад қарз надиҳад.
18. Ташкилот вобаста ба андозаи қарз, муҳлати кор бо ариза, омӯзиши ҳуҷҷатҳо, муҳлати пешниҳоди қарз ва огоҳ намудани муштарӣ дар хусуси рад кардани додани қарз ва ғайраро бо санадҳои меъёрии дохилии худ муқаррар менамояд.
19. Муносибати ташкилот бо муштарӣ оид ба додани қарз ва баргардонидани он тибқи шартнома мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали мазкур танзим карда мешавад.
20. Ҳангоми бастани шартномаи қарзӣ дар он ҳамаи шартҳое, ки мувофиқи онҳо қарз дода мешавад, пешбинӣ мегардад, аз ҷумла: маблағ, муҳлат, намуди асъор, меъёри фоизи қарз, таърихи бастани шартнома, шакл ва тартиби додани қарз, таъминнокӣ (ҳангоми зарурат), манбаҳои пӯшонидани қарз, тартиби пардохти қарз ҳангоми ба таъхир гузоштани он ё дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, мушаххасоти тарафҳо, маълумот оид ба пешниҳоди таърихи қарзи муштарӣ ба Бюрои таърихи қарз бо розигии ӯ ва ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро нагардидани уҳдадориҳо.
21. Ҳангоми аз ҷониби муштарӣ пеш аз муҳлат пардохт намудани қарз аз ӯ ноустуворона ситонида намешавад.
22. Ташкилот ҳуқуқи яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаи қарзиро надорад.
23. Ҷадвали пардохти қарз бо тавсифи муфассали тартиб ва муҳлати пардохт таҳия ва якҷоя бо шартномаи қарзӣ имзо гардида, ба он замима мегардад.
24. Ташкилот метавонад бо мақсади мониторинги қарз, аз ҷумла назорати истифодаи мақсадноки қарз аз қарзгир ҳуҷҷатҳои дигари заруриро талаб намояд.
25. Ташкилот наметавонад ба қарзгире, ки талаботи шартномаи қарзии амалкунандаро вайрон менамояд, қарзи нав диҳад.
26. Ба қарзгире, ки дар ташкилот бақияи қарз дорад, то пурра пардохт намудани он, қарз дода намешавад ва қарзгири мазкур наметавонад барои таъмини қарзи шахси дигар дар назди ташкилот ба сифати кафил ё зомин баромад намояд.
БОБИ 4. ҲИСОБ КАРДАНИ ФОИЗИ ҚАРЗ
27. Андоза ва муҳлати пардохти фоизи қарзи додашуда вобаста ба ҳаҷм ва муҳлати баргардонидани қарз муқаррар карда мешавад.
28. Ташкилот сиёсати фоизии худро нисбат ба муштарӣ бо назардошти муҳлат, маблағ, намуди қарз ва хавфҳои қарзӣ ба таври инфиродӣ муқаррар менамояд.
29. Ҳангоми додани қарз аз он тарҳ кардани ҳама гуна маблағҳои хизматрасонӣ (ҳаққи истифодаи қарз, хизматрасонӣ ҷиҳати бақайдгирии давлатии гарави қарз ва суғуртаи он, хизматрасонии хазинавӣ), ки барои муайян намудани меъёри фоизи қарз асос гардидаанд, манъ аст.
30. Давраи ҳисобкунии фоизи қарз бо шартномаи байни ташкилот ва муштарӣ муайян карда мешавад ва маҳдуд намебошад (яъне, метавонад ба як рӯз, як ҳафта, як моҳ, ду моҳ, се моҳ, ним сол, як сол муқаррар карда шавад).
31. Ҳисобкунии фоизи қарз танҳо аз бақияи қарз анҷом дода мешавад. Ҳангоми пеш аз муҳлат пардохтани қарз ҳисобкунии фоизи қарз барои муҳлати боқимондаи он ва истифодабарии дигар усулҳои ҳисобкунии фоизи қарз манъ аст.
32. Ситонидан маблағи ҳар гуна муҷозоти ҷаримавӣ барои саривақт иҷро накардани уҳдадори (пардохти фоиз, маблағи қарз) танҳо аз бақияи қарз ҳисоб карда мешавад.
33. Ҳангоми таҷдиди қарз, зам кардани маблағи фоизҳои ҳисобшуда, вале пардохтнашуда ба бақияи қарзи асосӣ манъ аст.
34. Фоизи қарз бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
S - маблағи фоизи ҳисобкардашудаи қарз;
k - бақияи қарз;
r - меъёри фоизи солонаи қарз;
t - шумораи рӯзҳои истифодашудаи қарз;
D - шумораи рӯзҳои тақвимии сол (360 ё 365).
БОБИ 5. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ТАЪМИНОТИ ҚАРЗ
35. Иҷрои уҳдадориҳои қарзгир метавонад бо гарави молу мулк таъмин карда шавад. Дар ҳолати қарзро напардохтани қарзгир ташкилот бояд тибқи қонун ва шартнома аз арзиши молу мулки зери гаравбуда маблағи бадастомадаро ба пардохти қарз равона намояд.
36. Ташкилот аз фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда маблағи қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшуда ва дигар хароҷотро мепӯшонад.
37. Ҳангоми таҳти гарав додани қарз, дар баробари шартномаи қарзӣ, шартномаи гарав низ баста шуда, он тибқи қонун ба расмият дароварда мешавад.
38. Муносибатҳои бо гарав алоқаманди байни ташкилот ва муштарӣ, тибқи шартномаи гарав ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ипотека ва ё гарави амволи манқул амалӣ мегардад.
39. Дар ҳолати таҳти гарав додани қарз, хусусиятҳои молу мулки ба гарав гузошташуда, бо назардошти талаботи бозор ба инобат гирифта мешаванд.
40. Ташкилот ҳангоми таҳти гарав додани қарз:
а) мансубияти молу мулки ба гаравгузошташавандаро месанҷад ва дар сурати ба гарав гузоштани молу мулки якҷояи зиёда аз як шахс (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ), розигии хаттии ҳамаи соҳибмулконро талаб менамояд;
б) аз рӯи дигар уҳдадориҳои қарзгир таҳти гарав қарор доштани молу мулки ба гаравгузошташавандаро месанҷад;
в) дар ҳолати шубҳанок будани арзиши молу мулки ба гаравгузошташаванда, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он нишон дода шудааст, пешакӣ онро мустақилона баҳо медиҳад ё дар мувофиқа бо қарзгир-гаравдеҳ тавассути даъвати нархгузори мустақил арзиши ҳақиқии молу мулкро муқаррар менамояд.
41. Ҳангоми додани қарзи бо кафолат ё замонат таъминшуда, он тибқи қонун ба расмият дароварда мешавад.
БОБИ 6. КОР БО ҚАРЗҲОИ АМАЛКУНАНДА
42. Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳои додашуда ташкилот аз болои онҳо назорати доимӣ бурда, робитаи доимиро бо қарзгир таъмин ва мониторинги қарзро пайваста амалӣ менамояд.
43. Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд бо роҳи муайян намудани хавфи қарзӣ, баҳодиҳӣ ва таснифи қарзҳо аз рӯи сифат мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазирро аз рӯи қарзҳо (минбаъдФПТИ) бояд ташкил намоянд.
44. Ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд ҳуқуқ доранд захира ва ФПТИ ташкил намоянд.
45. Баҳодиҳии хавфи қарзӣ бояд аз ҷониби ташкилот дар асоси таҳлили объективии ҳолати молиявӣ ва фаъолияти муштарӣ, бо назардошти ҳама гуна хавфҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври доимӣ гузаронида шавад.
46. Дар ҳолатҳои зерин ташкилот нисбат ба муштарӣ чораҳои дахлдор бояд андешад:
- саривақт ва ё пурра пешниҳод накардани маълумот оид ба ҳолати молиявӣ ва ё воситаҳои гардон;
- саривақт напардохтани фоизҳои қарз;
- истифодаи ғайримақсадноки қарз;
- cаркашии қарзгир аз робита бо ташкилот.
47. Бо мақсади мукаммал намудани низоми қарзӣ, назорати доимии самаранок ва дастрасии итиллоот нисбат ба қарзҳо, ташкилот уҳдадор аст, феҳрасти ягонаи қарзҳоро (дар шакли электронӣ) тартиб диҳад.
БОБИ 7. КОР БО ҚАРЗҲОИ МУШКИЛСИТОН
48. Ташкилот бояд оид ба баргардонидани қарзҳои мушкилситони худ чораҳои зарурӣ андешад.
49. Дар сурати таҷдиди қарзҳои мушкилситон диққати махсус бояд ба ошкор кардани тамоюлҳои манфӣ дода шавад, то ки ташкилот тавонад барои аз талафоти имконпазир эмин шудан чораҳои зарурӣ андешад, аз ҷумла бо роҳи таъмини пардохти қарз ва зиёд намудани маблағҷудокунӣ ба фонди захира ва ФПТИ.
50. Ташкилот дар шартномаи қарзӣ тартиби пардохти қарзҳои батаъхирафтодаро (иҷро накардани уҳдадориҳо аз рӯи қарзи асосии қолабӣ ва ё фоизҳои ҳисобкардашуда тибқи шартнома) муқаррар менамояд.
51. Ташкилот дар баробари чораҳои нисбат ба қарзгир андешидашаванда бо худи қарзгир низ доимо бояд дар тамос бошад ва оид ба пардохтҳои ҷойдошта қарзгирро огоҳ намояд, инчунин бо розигии қарзгир ба бюрои таърихи қарз маълумот оид ба таърихи қарзи қарзгир пешниҳод намояд.
52. Воҳиди дахлдор ва ё шахси ваколатдори ташкилот ҷиҳати кори минбаъда бо қарзҳои мушкилситон ба роҳбарони ташкилот ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба қарзҳое, ки аз рӯи онҳо бояд истеҳсолоти судӣ оғоз карда шавад, рӯйхат ва маблағи умумии қарзҳои аз ҳисоб хориҷшаванда тавсияҳо медиҳанд.
БОБИ 8. ТАРТИБИ АЗ ҲИСОБ ХОРИҶ КАРДАНИ ҚАРЗҲОИ БЕЭЪТИМОД
53. Аз тавозуни ташкилот хориҷ кардани қарзҳои беэътимод тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
54. Дар сурати барнагардонидани қарзи беэътимод, дар асоси хулосаи воҳиди дахлдори ташкилот оид ба кор бо қарзҳои мушкилситон ва ё Қарори Кумитаи қарзӣ, пас аз мувофиқа бо Шӯрои нозирон (парасторон) қарори мақоми ваколатдори ташкилот дар хусуси аз ҳисоби ФПТИ хориҷ ва бо тарзи ғайринизомӣ ба ҳисоб гирифтани қарз қабул карда мешавад.
55. Ташкилот давра ба давра муқоисаву санҷиши ҳисобгирии назоратии қарзҳои аз ҳисоб хориҷшуда ва варақаҳои ҳисобгирии қарзҳоро аз рӯи миқдори ҳисобҳо ва маблағҳои аз ҳисоб хориҷшуда амалӣ менамояд.
56. Маълумот дар бораи қарзҳои аз ҳисоб хориҷшуда махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
57. Ташкилот қарзҳоеро, ки ба тарзи ғайринизомӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, дар муддати 5 сол назорат менамояд.