Фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2012 № 18-ф "Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо фармоиши раиси Кумитаи андоз назди Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2024 № 14-ф аз эътибор соқит дониста шуд


Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 феврали соли 2013 таҳти рақами 700

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

25 декабри соли 2012 № 18-р

Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт"


Мутобиқи муқаррароти қисми 7 моддаи 268 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Дастурамал "Дар бораи ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт" бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Дастурамали мазкур бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Раёсати молиявию хоҷагидорӣ барои дар рӯзномаҳои "Боҷу хироҷ" ва "Ҷумҳурият" нашр намудани Дастурамали мазкур, инчунин ба мақомоти ҳудудии андоз ва андозсупорандагон дастрас намудани он чораҷӯӣ намояд.

4. Ба Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2012, таҳти №15-ф "Дар бораи тасдиқ намудани шаклҳои эъломияҳо ва ҳисобҳои андоз", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти, №546 "б" аз 21 декабри соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

- аз номи фармоиш калимаҳои "ва ҳисобҳои андоз" хориҷ карда шавад;

- зербанди "е" банди 1 хориҷ карда шавад.

5. Фармоиши мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

6. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини аввали Раис Солиев А.М. вогузор карда шавад.

Раис  Н.Давлатов

"Мувофиқа шуд"

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

__________С.Наҷмиддинов

аз 21.01 соли 2013 №3-12а/10

"Тасдиқ карда шудааст"

бо Фармоиши

Кумитаи андози назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 декабри соли 2012 №18-ф

ДАСТУРАМАЛ ДАР БОРАИ ҲИСОБКУНӢ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дастурамали мазкур дар асоси талаботи қисми 7 моддаи 268 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз воситаҳои нақлиётро (минбаъд-андоз) муайян менамояд.

2. АНДОЗСУПОРАНДАГОН

2. Андозсупорандагон шахсоне мебошанд, ки соҳиб ва (ё) истифодабарандаи воситаҳои нақлиёти дорои объекти андозбандианд.

3. ОБЪЕКТИ АНДОЗБАНДӢ

3. Объекти андозбандии андоз аз воситаҳои нақлиёт мошинаҳо, ва механизмҳои худгард, воситаҳои шинокунанда ва локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда мебошанд, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд ва (ё) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифташудаанд.

4. Обектҳои андозбандӣ аз ҷониби Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ (ба ҳисоб) гирифта мешаванд.

5. Нагузаронидани бақайдгирии давлатӣ ва (ё) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта нашудани воситаҳои нақлиёт, инчунин вайрон ё бо дигар сабабҳо истифода нагардидани воситаҳои техникӣ, ки аз қайди дар боло пешбинигардида гузаштаанд (ба ҳисоб гирифта шудаанд) барои аз ҷониби соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт напардохтани маблағи андози пардохтшаванда асос шуда наметавонад.

Мисол: ҶДММ "Ориён" дар ихтиёри худ 12 адад воситаи нақлиёти боркаш дорад аз ин шумора 4 -ададаш фаъолият намуда, боқимонда 8- адади дигараш бо сабабҳои вайрон ва ё бо дигар сабабҳо истифода нагардида истодааст.

Дар ин ҳолат ҶДММ "Ориён"-ро зарур аст, ки на аз 4 - адад воситаи нақлиёти фаъолияткунанда, балки аз ҳисоби 12- адад воситаи нақлиёти дар ихтиёр будааш андоз ҳисоб намуда пардохти онро ба буҷет дар муҳлати муқаррар гардида таъмин менамояд.

Мисол: Шаҳванд Насронов М. дар соли 2010 аз хочагии "Наврӯз" воситаи нақлиёти тамғаи "ГАЗ - 51"-ро харидорӣ намуд. Баъд аз хардорӣ намудан бо сабаби пурхароҷот буданаш аз тарафи шаҳрванд Насронов М. воситаи нақлиёт муддати 3 сол истифода карда нашуда фарсуда шудааст, ва дар маҳали бақайдгирӣ воситаи нақлиёт муоинаи ҳарсолаи техникиро нагузаштааст.

Новобаста аз он, ки Насронов М. муоинаи ҳарсолаи техникиро нагузаштааст, ӯҳдадории андоз ба зиммаи ӯ мемонад, яъне андоз аз воситаи нақлиётро барои 3 сол пурра пардохт менамояд.

6. Аз қайди давлатӣ ва (ё) аз ҳисоб баровардани объекти андозбандӣ воситаҳои нақлиёт мувофиқи тартиб ва бо асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор гузаронида мешавад.

7. Мақомоти ваколатдор уҳдадоранд, ки на зиёда аз 1 маротиба дар 5 соли тақвимӣ инвентаризатсияи ҳуҷҷатии объектҳои андозбандиро гузаронанд .

Мисол: Шаҳрванд Бекназаров М.А. соли 2009 аз шаҳрванд Нозимов С .Т. воситаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи ГАЗЕЛ харидорӣ намуд. Шаҳрванд воситаи нақлиётро солҳои 2009 -2010 истифода намуд ва дар ҳамин давраҳо пардохти андозиро ба буҷет таъмин намуд. Бо сабаби корношоям гардидани воситаи нақлиёт шаҳрванд дар солҳои 2011-2012 воситаи нақлиётро истифода накардааст дар ин ҳолат шаҳрванд вазифадор аст, ки пардохти пурраи андоз аз воситаҳои нақлиётро барои солҳои 2011-2012 ба баҷет таъмин намояд. Уҳдадории андозсупоранда дар сурати аз қайди давлатӣ баровардани воситаи нақлиёт тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор ба охир мерасад.

4. МАНБАЪ ВА МЕЪЁРҲОИ АНДОЗ

8. Иқтидори муҳаррики воситаҳои нақлиёт, ки бо воҳидҳои қувваи асп ифода ёфтааст, манбаи объекти андозбандӣ ба ҳисоб меравад.

9. Барои ҳисоб намудани андоз аз воситаҳои нақлиёт ва (ё) мошинҳо ва механизмҳои худгард бо дарҷ гардидани номгӯи воситаҳои нақлиёт барои 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик дар як сол чунин муқаррар карда мешавад:

ҶадвалМисол: Шаҳрванд Раҳимов М. И. Дорои воситаи нақлиёти сабукрав "ВАЗ-2106" мебошад. Мувофиқи шиносномаи техникӣ иқтидори қувваи муҳаррик 80 қувваи асп қайд карда шудааст. Маблағи андоз аз воситаҳои нақлиёти шаҳрванд Раҳимов М. И. Дар соли ҳисоботӣ 240 сомониро ташкил медиҳад. Яъне (40 сомонӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо х 7,5% меъёри андоз = 3 сомонӣ х 80 қувваи асп = 240 сомонӣ)

Мисол: Шаҳрванд Шарипов Ф.И. дорои воситаи нақлиёти мусофиркаш ГАЗЕЛ(Соболь Комби 2752-114) дорои 15 ҷой мебошад. Мувофиқи шиносномаи техникӣ иқтидори қувваи муҳаррик 110(қувваи асп) нишон дода шудааст. Маблағи андоз аз воситаҳои нақлиёти шаҳрванд Шарипов Ф.И дар соли ҳисоботӣ 374 сомониро ташкил медиҳад.

Яъне 40 х8,5 % =3,4 х 110 =374

Дар ин ҷо:

40- нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8,5% - меъёри фоизи воситаи нақлиёти автобусҳо аз13 то 30 ҷой;

3,4- сомонӣ маблағи андоз барои як қувваи асп;

110- иқтидори қувваи муҳаррик (қувваи асп);

374 - сомонӣмаблағи андоз аз востаҳои нақлиёт.

10. Ҳар сол то 1 феврали соли тақвимӣ вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт, мошин ва механизмҳои худгард дар сомонаи электронии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои андоз ҷойгир карда мешаванд.

5. ОЗОДКУНӢ

11. Аз андозбандӣ озод карда мешаванд:

а) тракторҳо, комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, комбайнҳои пахтачинӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода бурда мешаванд;

б) автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;

в) воситаҳои нақлиёти тиббии махсус;

г) як автомобили (мотоколяска) бо даст идорашавандаи ба маъюб тааллуқдошта;

д) нақлиёти саноатии роҳи оҳан (ба истиснои локомотивҳо), вагонҳо, ҳавопаймоҳо ва аппаратҳои парвозкунанда;

е) як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба он баробаркардашуда, иштирокчии дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчии барҳамдиҳии оқибатҳои фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад.

6. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ

12. Андоз аз воситаҳои нақлиёт ба буҷети маҳаллӣ дар ҷои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати на дертар аз мӯҳлате пардохта мешавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ муқаррар гардидааст.

13. Барои сари вақт напардохтани андоз тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андоз фоиз ва ҷаримаҳо ҳисоб карда мешавад.

14. Агар соҳиби пештараи воситаи нақлиёт барои соли мазкур андозро пардохта бошад, дар сурати аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт андоз супорида намешавад.

15. Соҳиби воситаи нақлиёт бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои соли ҷорӣ бақайдгирӣ пардохти андозро супорида наметавонад, инчунин аз нав бақайдгирӣ ва муоинаи техникиро гузашта наметавонад.

16. Соҳиби воситаи нақлиёт бе пардохти андоз барои соли ҷорӣ воситаи нақлиётро ҳуқуқи истифода бурданро надорад.

17. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷат дар хусуси гузаштан аз муоинаи ҳарсолаи техникӣ мақомоти ваколатдор аз соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд ҳуҷҷати пардохти андозро талаб намояд.

18. Шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки то санаи 1 апрели соли ҳисоботи эъломияи андоз аз воситаи нақлиётро ба мақоми андози маҳали бақайдгирии воситаи нақлиёт пешниҳод менамоянд (Замима мегардад).

19. Мақомоти андоз вазифадор аст, ки назорати умуми пардохти пурра ва саривақтии андоз аз воситаҳои нақлиётро амалӣ намояд.

20. Мақомоти дахлдоре, ки ба зиммаашон бақайдгирӣ, баҳисобгирии давлатии воситаҳои нақлиёт вогузор шудааст, мутобиқи қисми 5 моддаи 268 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ва маблағҳои пардохтшудаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то санаи 1-уми апрели соле, ки баъд аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, дар бораи воситаҳои нақлиёте, ки ба санаи 31-уми декабри соли ҳисоботӣ дар ин мақомотҳо ба қайди давлатӣ гузошта шудаанд, маълумот пешниҳод намоянд.

НАЛОГОВЫЙ КОМИТЕТ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

"Об утверждении Инструкции "По исчислению и уплате налога на транспортные средства"

В соответствии с частью 7 статьи 268 Налогового кодекса Республики Таджикистан,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Инструкцию по исчислению и уплате налога на транспортные средства на государственном и русском языках (прилагается).

2. Настоящую инструкцию согласовать с Министерством финансов Республики Таджикистан и предоставить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Финансово-хозяйственному управлению содействовать для размещения данной Инструкции в газетах "Боджу хиродж" и "Джумхурият", а так же принять меры по доведению настоящей Инструкции до местных налоговых органов и налогоплательщиков.

4. По Распоряжению Председателя Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан от 17 декабря 2012 года, под №15-ф "Об утверждении форм деклараций и налоговых расчетов, который прошел государственную регистрацию под №546 "б" от 21 декабря 2012 года в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, включить следующие изменения:

- с названия распоряжения исключить слова "и налоговых расчетов";

- исключить подпункт "е" пункта 1.

5. Настоящее Распоряжение вступает в силу после государственной регистрации и официального опубликования.

6. Контроль над исполнением настоящего Распоряжения возлагаю на первого заместителя Председателя Солиева А.М.

Председатель                               Н. Давлатов

от 25 декабря 2012 года №18-Р

 г. Душанбе

"Согласованно"

Министр финансов

Республики Таджикистан

__________С. Наджмиддинов

от 21.01. 2013 года

№3-12а/10

"Утверждено"

Распоряжением Налогового комитета

при Правительстве Республики Таджикистан

от 25.12. 2012 года

№18-Ф

ИНСТРУКЦИЯ ПО ИСЧИСЛЕНИЮ И УПЛАТЕ НАЛОГА НА ТРАНСПОРТНЫЕ СРЕДСТВА

1. ОБЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ

1. Настоящая Инструкция разработана на основе требований части 7 статьи 268 Налогового кодекса Республики Таджикистан и определяет порядок исчисления и уплаты налога на транспортные средства.

2. НАЛОГОПЛАТЕЛЬЩИКИ

2. Налогоплательщиками являются лица, которые владеют и (или) пользуются транспортным средством, имеющим объект налогообложения.

3. ОБЪЕКТ НАЛОГООБЛОЖЕНИЯ

3. Объектами налогообложения налогом на транспортные средства являются, самоходные машины и механизмы, плавучие средства и локомотивы, использующиеся на железных дорогах, подлежащие государственной регистрации и (или) состоящие на учете в Республике Таджикистан.

4. Объекты налогообложения проходят государственную регистрацию (ставятся на учет) в Управлении автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, Военной инспекции Министерства обороны Республики Таджикистан и Инспекции государственного надзора сельскохозяйственной техники Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан.

5. Непроведение государственной регистрации и (или) непостановка на учет в Республике Таджикистан транспортных средств, а также неисправность или неэксплуатация по другим причинам транспортных средств, прошедших вышеуказанную регистрацию (состоящих на учет), не является основанием для неуплаты владельцами таких транспортных средств.

Пример: Организация с ограничениями ответственности "Ориён" имеет в своем распоряжении 12 единиц грузовых транспортных средств и из них 4 единицы работающие, остальные 8 по причине неисправности или иных причин не используются.

В этом случае, Организация с ограничениями ответственности "Ориён"-у необходимо исчислять и уплатить налог в бюджет в установленные сроки не из 4 действующих транспортных средств, но из 12 единиц транспортных средств имеющих в своем распоряжении.

Пример. Гражданин Насронов М. в 2010 году приобрел у хозяйства "Навруз" транспортное средство марки "ГАЗ - 51". После приобретения по причине большого расхода, Насроновым М. транспортное средство не использовалась в течение 3 лет и вышло из строя, а так же по месту регистрации транспортное средство не проходило ежегодный технический осмотр.

Независимо от того, что Насронов М. не проходил ежегодный технический осмотр, налоговое обязательство возлагается на него, т.е. гражданин полностью оплатит налог на транспортное средство за 3 года.

6. Исключения из государственной регистрации и (или) снятия с учета производится в порядке и по основаниям, установленным соответствующими нормативными правовыми актами.

7. Уполномоченные органы обязаны проводить документальную инвентаризацию объектов налогообложения не реже 1 раза за 5 календарных лет

Пример. Гражданин Бекназаров М. А. в 2009 году приобрел у гражданина Нозимова С.Т. транспортное средство марки ГАЗЕЛЬ. Гражданин использовал транспортное средство в 2009 и 2010 годах. В 2011 и 2012 годах по причине неработоспособности транспортное средство не использовалась. В данном случае, гражданин обязан обеспечить полную оплату налога на транспортные средства в бюджет за 2011 и 2012 годы. Обязательство налогоплательщика истекает в случае снятия с учета транспортного средства в соответствии с нормативными правовыми актами.

4. НАЛОГОВАЯ БАЗА И НАЛОГОВЫЕ СТАВКИ

8. Налоговой базой для транспортных средств является мощность двигателя, выраженная в единицах лошадиных сил.

9. Для отчисления налога на транспортные средства для транспортных средств и (или) самоходных машин и механизмов с занесением перечня транспортных средств в расчете на 1 лошадиную силу мощности двигателя на один год устанавливается в следующих размерах:

Наименование объектов налогообложения Ставка налога в % от показателя для расчетов Мотоциклы и мотороллеры 2,5 Фургоны и пикапы на базе легковых автомобилей 6 Легковые автомобили 7,5 Автобусы (до 12 мест) 7,5 Автобусы (на 13-30 мест) 8,5 Автобусы (свыше 30 мест) 9,5 Грузовые автомобили и прочие автотранспортные средства грузоподъемностью до 10 тонн

11 Грузовые автомобили (грузоподъемностью от 10 до 20 тонн) 12,5 Грузовые автомобили (грузоподъемностью от 20 до 40 тонн) 13,5 Грузовые автомобили (грузоподъемностью свыше 40 тонн) 14,5 Тракторы, транспортные средства с двигателями для строительства, за исключением, используемых в сельском хозяйстве 2 Катера, лодки и другие плавучие самоходные транспортные средства 15 Локомотивы, используемые на железной дороге 1

Пример: Гражданин Рахимов М.И владеет легковым транспортным средством марки ВАЗ - 2106. Согласно техническому паспорту мощность двигателя составляет 80 лошадиных сил. Сумма налога на транспортное средство гражданина Рахимова М.И. в отчетном году составляет 240 сомони. То ест, (40 сомони - показатель для расчетов х 7,5 % ставка налога = 3 сомони х 80 лошадиных сил = 240 сомони)

Пример: Гражданин Шарипов Ф. И. владеет пассажирским транспортным средством марки ГАЗЕЛЬ (Соболь Комби 2752-114) который имеющий 12 мест. Согласно техническому паспорту, мощность двигателя составляет 110 лошадиных сил. Сумма налога на транспортное средство гражданина Шарипова Ф. И. в отчетном году составляет 374 сомони.

То ест: 40 х 8,5% = 3,4 х110 = 374

Здесь:

40 - показатель для расчетов;

8,5% - ставка процента для автобусов от 13 до 30 мест;

3,4 сомони - сумма налога для одной лошадиной силы;

110 - мощность двигателя (в лошадиных силах)

374 сомони - сумма налога на транспортные средства.

10. Ежегодно до 1-го февраля календарного года ставки налога по видам самоходных транспортных средств, самоходных машин и механизмов размещаются на электронном сайте Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан.

5. ОСВОБОЖДЕНИЯ

11. От обложения налогом освобождаются:

а) тракторы, зерноуборочные и специальные, в том числе хлопкоуборочные комбайны с двигателями, используемые в сельском хозяйстве;

б) автобусы и троллейбусы, используемые предприятиями автотранспорта общего пользования для перевозки пассажиров в городах;

в) специализированные медицинские транспортные средства;

г) один принадлежащий инвалиду автомобиль (мотоколяска) с ручным управлением;

д) промышленный железнодорожный транспорт (за исключением локомотивов), вагоны, самолеты и другие летающие аппараты;

е) один автомобиль, независимо от мощности двигателя, являющийся собственностью Героя Советского Союза, Героя Социалистического Труда, Героя Таджикистана, участников Великой Отечественной Войны 1941-1945 годов, приравненных к ним лиц, участника других военных операций по защите Союза Советских Социалистических Республик из числа военнослужащих, проходившего службу в воинских частях, штабах и учреждениях, входивших в состав действующей армии, воинаинтернационалиста, участника ликвидации последствий катастрофы Чернобыльской атомной электростанции, не используемый для предпринимательской деятельности.

6. ОБЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ ПОРЯДКА УПЛАТЫ НАЛОГА

12. Налог на транспортные средства подлежит уплате в соответствующий местный бюджет по месту регистрации транспортного средства не позднее срока прохождения регистрации, перерегистрации или ежегодного технического осмотра транспортных средств.

13. Нарушение срока уплаты является основанием для начисления процентов в порядке и размере, установленных в Налоговом кодексе.

14. При перерегистрации транспортного средства, налог не уплачивается, если прежним владельцем был уплачен налог за данный календарный год.

15. Владелец транспортного средства без представления документов об уплате налога за текущий год не может уплатить налог, а так же не может пройти перерегистрацию и технический осмотр.

16. Владелец транспортного средства не имеет право осуществлять эксплуатацию транспортного средства без уплаты налога с владельцев транспортных средств за текущий год.

17. В случае отсутствия документа о прохождении ежегодного технического осмотра уполномоченные органы должны требовать от владельцев автотранспортных средств документы об уплате налога.

18. Юридическое лица обязаны предоставить до 1-го апреля отчетного года декларацию по налога на транспортные средства, в налоговый орган по месту своей регистрации (Прилагается).

19. Налоговые органы обязаны контролировать полноту и своевременность уплаты налога на транспортные средства.

20. Соответствующие органы, на которых возлагается обязанность государственной регистрации и учет транспортных средств, в соответствии с частью 5 статьи 268 Налогового кодекса Республики Таджикистан, о регистрации транспортных средств и выплаченных налоговых средств с транспортных средств представлять в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно, до 1-го апреля года, следующего за отчётным годом, сведения о поставленных на государственный учёт в этих соответствующих органах, транспортных средств по состоянию на 31-го декабря отчетного года.