Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 январи соли 2013 таҳти рақами 421 "б"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 январи соли 2013 таҳти рақами 421 "б"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 29 ноябри соли 2012 № 306 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳо "Оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳо "Оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2008, №200 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июли соли 2008, №421 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Ҳамин Қарор пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ (Акрамов Қ. А.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи Қарори мазкур тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ, имлоӣ доштаро, ки мазмуни санади меъёрии ҳуқуқиро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ (Акрамов Қ. А.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш. Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Холиқзода гузошта шавад.
Раиси Раёсат А. Ширинов
...