Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №309
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 309 "Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "78" ва "39" мутаносибан ба рақамҳои "54" ва "15" иваз карда шуда, аз банди мазкур калимаҳои "ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" хориҷ карда шаванд.
2. Дар Низомномаи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 309 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархати сеюми банди 4 пас аз калимаҳои "кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз" калимаҳои "ва муовини директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифз" илова карда шаванд;
- сархати панҷуми банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- сохтор ва басти вазифаҳои Хазинаи сарватҳои давлатиро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Хазинаро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;".
3. Аз сархати чоруми Сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №309 тасдиқ шудааст, калимаҳои "ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2015 № 206
ш.Душанбе