Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 № 192 "Дар бораи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Мутобиқи моддаи 4 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.

3. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрӣ ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои навро тибқи Тартиби мазкур дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ намуда, барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, № 282 "Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 апрели соли 2015 № 192

ш. Душанбе