×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1196 "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак"

Санаи амалкуни: 03.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАК

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21)

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489, аз 17.12.2020 № 1740, аз 03.01.2024 № 2034)

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 январи соли 2015, № 1723

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 801

ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кӯдак - шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;

- кӯдаки маъюб - кӯдаке, дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

- кӯдаки ятим - кӯдаке, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд;

- кӯдаки бепарастор - кӯдаке, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояш аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал (дорои қобилияти маҳдуди амал) дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ - тарбиявӣ ва ё табобатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо бе парастории падару модар мондааст;

- намояндаи қонунии кӯдак - падару модар, фарзандхондҳо, васӣ, парастор ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ, таълим, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд;

- оилаи (мураббии) парастор - оила ё шахсе, ки кӯдаки ятим ё бепарасторро ба тарбия қабул кардааст;

- таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор - аз ҷониби давлат ба таври ройгон таъмин намудани кӯдакони ятим ва бепарастор бо ҷойи зист, хӯрок, либос, пойафзол, маблағҳои пулӣ дар шакли грант ва стипендияҳо, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва дигар хизматрасонӣ;

- хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон - маҷмӯи тадбирҳои хизматрасонӣ ба кӯдакон (дастгирии иҷтимоӣ, расонидани ёрии тиббӣ, педагогӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, барқарорсозии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар

вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд ва таъмини шуғли чунин кӯдакон то ба синни ҳаждаҳ расидани онҳо) аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон (минбаъд - ташкилотҳо) ва шаҳрвандоне, ки бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкории инфиродии хизматрасонии тиббию иҷтимоиро барои кӯдакон иҷро мекунанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

БОБИ 2. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАК

Моддаи 3. Ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҳадафҳои зерин иборат аст:

- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо;

- таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ин ҳуқуқҳо дар сурати поймол карда шудани онҳо;

- ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;

- мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ;

- дастгирии давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;

- таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҳуқуқии кӯдак;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор аз ҷониби оилаи (мураббии) парастор.

2. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва инсондӯстӣ;

- муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастгирии давлатии оила бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак, ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ, омода намудани кӯдак ба зиндагии шоиста дар ҷомеа;

- афзалиятнокии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдак;

- муқаррар ва риоя кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак;

- эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо;

- роҳ надодан ба табъизи кӯдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо;

- дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдаконро ҳифз менамоянд.

Моддаи 4. Муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак

Меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳадди ақали хизматрасонии зерини иҷтимоиро дар бар мегиранд:

- таъмини кафолатноки таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон;

- таъмини таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак мутобиқи меъёрҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ;

- таъмини кафолатноки кӯдак бо ҳуқуқи интихоби ихтисос ва соҳаи фаъолият, ҳифзи меҳнат, пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии кафолатноки моддии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо роҳи пардохти кӯмакпулиҳои давлатӣ, инчунин чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд;

- таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла барои кӯдаконе, ки дар шароити хатарнок, инчунин дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид зиндагӣ мекунанд;

- ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар мавриди таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, ақлонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор;

- расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мансубанд:

- таҳия, татбиқ ва назорати барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии давлат оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва ҳифзи манфиатҳои онҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

- муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак;

- маблағгузории чорабиниҳои давлатӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи ваколатҳои худ;

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо тартиби муқарраргардида;

- пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кӯдакон;

- пешниҳод намудани иттилоот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба воситаҳои ахбори омма, ҷомеа ва мақомоте, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- ташкил ва пешбурди Махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;

Моддаи 7. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) ваколатҳоеро амалӣ менамоянд, ки низомномаи онҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон муқаррар менамоянд.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мутобиқан дорои ваколатҳои зерии мебошанд:

- таъмини амалишавии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- таъмини рушд ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии шабакаи муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин муассисаҳои таълимии томактабӣ, ки фаъолияташон ба ташкили таълим, тарбия, фароғат ва тандурустии кӯдакон равона шудааст;

- таъмини фаъолияти комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, фарогирии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо таълиму тарбия ва тавонбахшию солимгардонӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;

- ҳалли масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, ташкили шароити мусоид барои ҳаёт ва фаъолияти кӯдакон, инчунин оид ба муқаррар намудани васоят ва парасторӣ ба кӯдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини хонандагони мактаб - интернатҳо бо хӯроки ройгон дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети маҳаллӣ;

- ҳалли масъалаҳо дар хусуси ба кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор додани имтиёзҳо ва кӯмаки давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати риояи меъёрҳои ахлоқ ва тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;

- қабул ва татбиқи барномаҳои маҳаллии таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор ва мониторинги иҷрои онҳо;

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути мақомоти васоят ва парасторӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва бепарастор ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ муайян намудани кӯдакони ятим ва бепарастор ва санҷиши шароити манзилию маишии шахсоне, ки оилаи (мураббии) парастор гардидан мехоҳанд;

- таъмин намудани кӯдакони ятим ва бепарастор бо манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бастани шартнома дар бораи ба тарбияи оилаи (мураббии) парастор додани кӯдакони ятим ва бепарастор;

- ба суд муроҷиат намудан дар бораи бекор кардани шартнома дар бораи ба оилаи (мураббии) парастор додани кӯдакони ятим ва бепарастор бинобар поймол шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо;

- баҳисобгирии кӯдакони ятим ва бепарастор, оилаҳои (мураббиёни) парастор, ки барои ба тарбия гирифтани кӯдакони мазкур муроҷиат намудаанд;

- назорати таъмини шароити муносиб барои кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва муассисаҳои дигар;

Моддаи 9. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, беҳбудии вазъи кӯдакон, аз ҷумла ташкили низоми муосири ба парасторӣ гирифтани кӯдакони ятим ва бепарастор, чорабиниҳое, ки ба таъмини шароити муносиб барои тарбия, таълим, инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак равона шудаанд, метавонанд иштирок намоянд.

2. Давлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияташон ба беҳбудии вазъи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо равона шудааст, мусоидат карда, рушди ҳамаи шаклҳои хайрия, ба парасторӣ гирифтан ва сарпарастиро нисбат ба кӯдакон бо роҳи додани имтиёзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Моддаи 10. Кӯмаки давлатӣ ба оила

Бо мақсади муҳайё кардани шароити муносиби моддӣ барои тарбияи кӯдак дар оила давлат ба падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ кӯмаки иҷтимоӣ ва имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дастрас менамояд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КӯДАК

Моддаи 11. Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ

1. Ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад. Нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварх манъ аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2034).

2. Ҳамаи кӯдакон, новобаста ба баромади иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кӯдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ дахлдошта, ҳуқуқҳои баробар доранд.

3. Давлат ба кӯдак барои фароҳам овардани шароити мусоид тавассути маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳо меандешад.

Моддаи 11(1). Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2034)

1. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳимоя дорад.

2. Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васояту парасторх ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту ташкилотҳои дигар уҳдадоранд барои ҳимояи кӯдак чораҷӯйх намоянд.

3. Ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодх ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва ё ҳангоми суиистифодаи падару модар аз ҳуқуқҳояшон, кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторх, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатх бевосита муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2034).

Моддаи 12. Ҳуқуқи кӯдак ба шахсият

Кӯдак аз лаҳзаи таваллуд шуданаш ба насаб, ном ва номи падар, миллат ва шаҳрвандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ

1. Кӯдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад.

2. Давлат бо мақсади таваллуди кӯдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.

3. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ бо тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии кӯдак;

- тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солими кӯдак;

- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмии соҳаи ҳифзи саломатии кӯдак;

- назорати вазъи саломатии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона;

- расонидани ёрии тиббӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди зист, ки барои инкишофи солими кӯдак зарур аст;

- назорати истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоии хушсифат барои кӯдакон.

4. Давлат ба кӯдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

5. Ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмӣ нисбат ба кӯдак манъ аст.

Моддаи 14. Ҳуқуқи кӯдак ба озодии сухан ва виҷдон, иттиллоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ

1. Ҳар як кӯдак ба озодии сухан ва изҳори ақидаи худ, озодии виҷдон ва инкишофи фаъолнокии ҷамъиятӣ, ба гирифтан ва интишор кардани иттиллооти ба синни ӯ мувофиқ, иштироки ихтиёрӣ дар ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2034).

2. Мақомоти давлатӣ ба ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба инкишоф додани шахсияти кӯдак, фаъолнокии ҷамъиятӣ ва эҷодкории ӯ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг ва варзиш, инчунин ташкили истироҳати кӯдак равона шудааст, мусоидат менамоянд.

Моддаи 15. Ҳуқуқи кӯдак ба моликият

1. Ҳуқуқи кӯдак ҳамчун соҳибмулк барои ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ба ӯ тааллуқдошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Маблағе, ки барои кӯдак ба сифати алимент, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ муқаррар шудааст, ба ихтиёри падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ дода шуда, он барои зисту зиндагонӣ, таълим ва тарбияи кӯдак харҷ карда мешавад.

3. Кӯдак метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё ба воситаи намояндаи қонунии худ шартномаҳо бандад, дар бонкҳо суратҳисоб дошта бошад, музди кор, стипендия ё дигар даромад ва объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳниашро ихтиёрдорӣ намояд ва ҳуқуқҳои дигари молумулкиашро амалӣ гардонад.

4. Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, инчунин шахсони алоҳида ҳуқуқ доранд ба номи кӯдак дар бонкҳо маблағ гузоранд ва ҷиҳати дастгирии моддии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Моддаи 16. Ҳуқуқи кӯдак ба манзил

1. Кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзил ҳуқуқ дорад.

2. Ҳуқуқи кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори дар хонаинтернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ё тиббӣ қарордошта ба манзил нигоҳ дошта мешавад, инчунин онҳо ҳуқуқ доранд аз манзили истиқоматӣ (хобгоҳ) истифода баранд ва дар сурати мавҷуд набудани ҷойи зист мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани манзил ҳуқуқ доранд.

3. Баровардани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор аз манзили истиқоматиашон бе додани манзили дигар манъ аст.

Моддаи 17. Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил

1. Кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат

дода мешавад. Кӯдак аз муассисаи таълимии давлатӣ то гирифтани таҳсилоти умумии миёна ё ибтидоии касбӣ танҳо бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо риояи тартиби умумӣ хориҷ карда мешавад.

2. Ба кӯдаки маъюбе, ки ба муносибати махсуси педагогӣ эҳтиёҷ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот кафолат дода мешавад.

Моддаи 18. Ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат

1. Кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад.

2. Кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад.

3. Тартиби бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ва дигар хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меъёри зарурии рӯзи кор, истироҳат, музди кор ва шароити кори кӯдакро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар мекунад.

4. Кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст.

Моддаи 19. Ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат ва фароғат

1. Кӯдак мувофиқи синну сол, вазъи саломатӣ ва талаботаш ба истироҳат ва фароғат ҳуқуқ дорад.

2. Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак аз рӯи имконият барои нигоҳубин ва инкишофи ҳаматарафаи ӯ шароити зарурӣ муҳайё месозанд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон барои фароғат, солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла машғулиятҳои эҷодию фароғатӣ доир мекунанд, майдончаҳои варзишӣ, лагеру осоишгоҳҳо таъсис дода, ташкили фароғати кӯдаконро дастгирӣ менамоянд.

4. Давлат маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ ва фароғат амалӣ мегардонад.

Моддаи 20. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон

1. Кӯдак ҳуқуқи муттаҳидшавиро дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон дорад, ба шарте ки фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсонро халалдор насозад.

2. Ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон метавонанд бо ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакони дигар мамлакатҳо робита намоянд ва ба ташкилотҳои байналмилалии кӯдакон дохил шаванд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти ташкилотҳои кӯдакон ва ҷавонон мусоидат менамоянд.

Моддаи 21. Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ ва тарбия дар оила

1. Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад.

2. Кӯдак ҳуқуқ дорад бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳамроҳ зиндагонӣ кунад.

3. Кӯдакро аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардан манъ аст. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардани ӯ қарор қабул карда мешавад.

4. Кӯдак дар оила аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

5. Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баробар доранд.

Моддаи 22. Ҳуқуқи кӯдак дар муносибат бо падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд

1. Кӯдак ҳуқуқ дорад дар бораи падар ё модаре, ки аз ӯ ҷудо зиндагӣ мекунанд, иттилоъ гирад, бо онҳо вохӯрад ва муносибат намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин вохӯрию муносибатҳо ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намоянд.

2. Падару модар, дигар аъзои оила ва хешовандон барои татбиқи ҳуқуқи кӯдак ба мулоқот бо онҳо набояд мамониат намоянд ва ӯҳдадоранд, ки баъди мулоқот кӯдакро ба ҷойи истиқоматаш баргардонида, ба иваз намудани ҷойи истиқомати ӯ роҳ надиҳанд.

3. Падару модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иштирок дар тарбияи ӯ ӯҳдадор буда, ҳуқуқ доранд, ки бо кӯдак робита дошта бошанд, агар чунин робита ба тарбияи мӯътадили ӯ халал нарасонад.

4. Баҳсҳо оид ба ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқи кӯдак, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

5. Ҷойи истиқомати кӯдак ҳангоми ҷудо зиндагонӣ кардани падару модар бо ризоияти онҳо ва дар сурати розӣ набудан - ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 23. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимӣ- тарбиявӣ барои ноболиғон

1. Кӯдаконе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити махсуси таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ - тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир карда мешаванд.

2. Кӯдаконе, ки нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъадор ва моддаҳои мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин кӯдаконе, ки аз рӯи вазъи саломатӣ дар муассисаҳои махсуси таълимӣ - тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир намуданашон имконнопазир аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ба муассисаҳои табобатӣ фиристонида мешаванд.

3. Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои зикршуда нигоҳ дошта мешаванд, ба гирифтани таҳсилот, омодагии касбӣ, рухсатӣ, мукотиба, мулоқот бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниашон, гирифтани фиристаҳо, дастовезҳо ва бастаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза

1. Давлат тавассути мақомоти давлатии дахлдор ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза чораҳои заруриро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

2. Мақомоти давлатии дахлдлор барои ҷустуҷӯи падару модар ё дигар намояндагони қонунии кӯдакони гуреза, ки аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, ҷобаҷокунии чунин кӯдакон дар муассисаҳои дахлдори кӯдакона ё оилаи (мураббии) парастор мусоидат менамоянд.

Моддаи 25. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони аз офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарардида

Ба кӯдаконе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарар дидаанд, давлат кӯмаки моддӣ мерасонад. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакон аз минтақаи хавфнок кӯчонида мешаванд ва ба онҳо расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ, иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, ҷуброни молу мулки гумшуда ё зарардида ва манзили вайроншуда кафолат дода шуда, барои якҷояшавӣ бо аъзои оилаашон чораҳо андешида мешаванд.

Моддаи 26. Манъи иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона

1. Иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона, инчунин таъсиси ташкилот ва воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи кӯдакон, тарғиби ҷанг ва зӯроварӣ дар байни онҳо манъ аст.

2. Давлат барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони дар минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона қарордошта ва нигоҳубини онҳо ҳамаи чораҳои имконпазирро меандешад. Ба онҳо кӯмаки моддӣ, тиббӣ ва кӯмакҳои дигар расонида шуда, ҳангоми зарурат онҳо дар муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор ва ё дар муассисаҳои соҳаи маориф ҷойгир карда мешаванд.

Моддаи 27. Ҳифзи кӯдакон аз интиқоли ғайриқонунии онҳо аз сарҳади давлатӣ

Давлат оид ба мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз сарҳади давлатӣ, баровардан ва барнагардонидани кӯдакон аз хориҷа, рабудан, савдо ва қочоқи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.

Моддаи 28. Шиносоии кӯдак бо фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ

1. Давлат имконияти шиносоии кӯдакро бо фарҳанги миллӣ, таърих, анъанаву арзишҳои маънавии халқи Тоҷикистон ва комёбиҳои фарҳангии ҷаҳонӣ бо роҳи додани имконияти истифодаи фондҳои китобхонаҳо, толорҳои намоишӣ, осорхонаҳо, таъсиси шабакаи муассисаҳои махсуси кӯдаконаи фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ таъмин менамояд.

2. Давлат ба истеҳсол ва таъмини дастрасии филмҳои бадеӣ ва видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радио, асарҳои чопӣ, инчунин паҳнкунии иттилооти дигари муфид, ки барои инкишофи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон пешбинӣ шудаанд, мусоидат менамояд.

3. Дар воситаҳои ахбори омма, адабиёт ва чорабиниҳои оммавии фарҳангию фароғатӣ тарғиб намудани парастиши зӯроварӣ ва бераҳмӣ, паҳн кардани порнография ва иттилооте, ки шаъну эътибори инсониро паст зада, ба тарбияи кӯдак зарар мерасонад, манъ аст.

Моддаи 29. Ҳифзи кӯдак аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ

1. Мақомоти давлатӣ, падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд кӯдакро аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ, иттилоотӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, маводи нашъадор ва психотропӣ, ки ба саломатӣ, рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонанд, ҳифз намоянд.

2. Барои кӯдакон намоиш додан, фурӯхтан, тӯҳфа кардан, нусхабардорӣ намудан ва ба кироя додани бозичаҳо, кинофилмҳо, фитаҳои сабти овоз ва видео, интишори адабиёт, маҷаллаву рӯзнома ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки мақсади онҳо ба вуҷуд овардани адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ҷангҷӯӣ ва маҳалгароиро тарғиб намуда, ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунанд, инчунин ба оворагардӣ, гадоӣ, фоҳишагӣ ҷалб намудани кӯдак, интишор, реклама ё ба кӯдак фурӯхтани мавод, расму тасвирҳо, нашрияҳои чопӣ, кино ё видеофилмҳои хусусияти порнографидошта манъ аст.

Моддаи 30. Манъи маҳдудияти ҳуқуқҳои кӯдак

Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои кӯдак, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, манъ аст.

Моддаи 31. Хусусияти ҷавобгарии кӯдак

1. Дастгир намудан ва ҳабси кӯдак ҳамчун чораи истисноӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Дар бораи дастгир ва ҳабс намудани кӯдак мақомоти давлатии дахлдор фавран ба падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ, инчунин мақомоти прокуратура хабар медиҳанд. Якҷоя нигоҳ доштани кӯдак дар як ҳуҷра бо дастгиршудагон, ба ҳабс гирифташудагон ё маҳкумшудагони калонсол манъ аст.

2. Дар ҳолати озод намудани кӯдак аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ба ӯ мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шаванд.

БОБИ 4. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАКОНИ ЯТИМ ВА БЕПАРАСТОР

Моддаи 32. Васоят ва парасторӣ

1. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор барои ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ва ё парасторӣ муқаррар карда мешавад.

2. Давлат барои ҳамаи кӯдакони ятим ва бепарастор шароити баробар муҳайё менамояд.

Моддаи 33. Фарзандхондӣ

Бо мақсади муҳайё кардани шароити рушду камол ва тарбияи кӯдаки бепарастор дар оила ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст.

Моддаи 34. Нигоҳубин ва тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд

1. Кӯдакони ятим ва бепарастор, дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оила тарбия ёфтан, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд.

2. Алимент, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба суратҳисоби шахсии кӯдакони ятим ва бепарастор гузаронида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.

3. Ба кӯдакони ятим ва бепарасторе, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда шудаанд, шароити ба муҳити оила монанд муҳайё карда мешавад. Дар

ин муассисаҳо кӯдак ба таъминот, таълиму тарбия, рушду камоли ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибор, таъмини манфиатҳои худ, ҳифзи забони модарӣ, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳуқуқ дорад.

4. Кормандони муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд, ки нигоҳубини кӯдакони ятим ва бепарасторро ба зимма доранд, барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои вазифавиашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5. Ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ятим ва бепарасторро, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд қарор доранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя намуда, барои бо кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунанд.

Моддаи 35. Кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор

1. Давлат сатҳи шоистаи зиндагиро ба кӯдакони ятим ва бепарастор кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд.

2. Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷубронҳое, ки қонунгузорӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар намудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

3. Кафолату ҷубронҳое, ки барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба балоғат расидани онҳо низ нигоҳ дошта мешаванд.

4. Дар амалигардонии кафолати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.

Моддаи 36. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба меҳнат

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба меҳнат кафолат медиҳад.

2. Ҳангоми муроҷиат намудани кӯдакони ятим ва бепарастори аз 15 то 18-сола мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ майлу рағбати онҳоро омӯхта, бо назардошти вазъи саломатӣ ва лаёқатмандиашон самти касбии онҳоро муайян менамоянд.

3. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки кор меҷӯянд ва дар мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад.

4. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки ба синни 15 расидаанд, бо роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи ҷойҳои корӣ дар ташкилотҳо дар навбати аввал ва дар сурати маъюб будан, бенавбат бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

5. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки мутахассисони ҷавонро аз

ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор бо роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ба кор қабул мекунанд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд.

Моддаи 37. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба манзил

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба манзил тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

2. Ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба манзили истиқоматии ба онҳо тибқи мерос гузашта дар давоми будубошашон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ё муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин дар муассисаҳои тамоми намудҳои таҳсилоти касбӣ, новобаста ба шакли моликият, дар давраи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адои ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

3. Ба кӯдакони ятим ва бепарастори манзили истиқоматӣ надошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, барои сохтмони манзили шахсӣ дар қитъаи замини ба онҳо ҷудокардашуда қарзҳои имтиёзноки мақсаднок дода мешавад. Тартиби додан ва андозаи чунин қарзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

Моддаи 38. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳифзи саломатӣ

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба ҳифзи саломатӣ кафолат медиҳад.

2. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла гузаронидани диспансеризатсия, солимгардонӣ, азназаргузаронии мунтазами тиббӣ дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон ба таври ройгон расонида мешавад.

3. Кӯдакони ятим ва бепарастор бо мақсади барқарор намудани саломатӣ ҳуқуқ доранд соле як маротиба аз имкониятҳои истироҳатгоҳҳои варзишию солимгардонӣ ё муассисаҳои санаторию курортии давлатӣ ройгон истифода баранд.

4. Кӯдакони ятим ва бепарастори маъюб ҳуқуқи дар муассисаҳои иҷтимоию табобатӣ ба таври ройгон ҷойгир шуданро доранд.

5. Кӯдакони ятим ва бепарастор аз пардохти маблағ барои доруворӣ дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин аз пардохти хизматрасонии муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷиҳати сохтану тармим кардани дандонҳои сунъӣ, аз ҷумла барои таъмин кардан бо навъҳои дигари ёрии протезию ортопедӣ, ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, озоданд.

6. Кӯдакони ятим ва бепарастори маъюб бо таҷҳизоти тиббии протезию ортопедӣ, аз ҷумла аробаи маъюбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 39. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба таҳсил

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба таҳсил кафолат медиҳад.

2. Кӯдакони ятим ва бепарастор ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

3. Таҳсилоти умумии кӯдакони ятим ва бепарастор ба таври ройгон тавассути муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Рад намудани қабули кӯдакони ятим ва бепарастор ба муассисаҳои таълимии мазкур манъ аст. Таҳсили иловагии кӯдакони ятим ва бепарастор низ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ройгон аст.

4. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд, аз ҳисоби давлат бо либос, пойафзол, адабиёт ва асбобу таҷҳизоти таълимӣ, ҷойи хоб, инчунин бо кӯмакпулии яквақта мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, истироҳати онҳо дар лагерҳои мактабии тобистона ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

5. Давлат ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлатӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад. Қабули кӯдакони ятим ва бепарастор ба муассисаҳои таълимии мазкур дар асоси квотаҳои муқарраргардида бо тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

6. Қабул ва таҳсили кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ метавонад ба таври ройгон тибқи фармоиши давлатӣ сурат гирад.

7. Муассисаҳои таълимие, ки дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ӯҳдадоранд кӯдакони ятим ва бепарасторро бо хобгоҳ, либос, пойафзол, хӯрокворӣ ва стипендия таъмин намоянд. Дар муддати бинобар вазъи саломатӣ дар рухсатии академӣ будани таълимгирандагон, аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор, нисбат ба онҳо таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ба шахсони мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ дода мешавад.

8. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор мебошанд ва дар хобгоҳҳои муассисаҳои мазкур истиқомат доранд, аз пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва ҳаққи манзили ишғолнамудаашон озод мебошанд.

9. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки дар муассисаҳои таълимии вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, таълим мегиранд, дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд.

Моддаи 40. Кафолати давлатӣ ба кӯдаконе, ки падар ё модар надоранд

Ба кӯдаконе, ки падар ё модар надоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 41. Кафолати давлатии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакони ятим ва бепарастор

Давлат ба кӯдакони ятим ва бепарастор ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниашон ёрии ҳуқуқии ройгонро кафолат медиҳад.

Моддаи 42. Кафолати давлатии амалӣ намудани дигар ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор

1. Кӯдакони ятим ва бепарастор ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии муассисаҳои давлатӣ, инчунин намоишгоҳҳо ва осорхонаҳои пурра ё қисман аз ҳисоби давлат маблағгузоришаванда ҳуқуқи ройгон даромаданро доранд.

2. Кӯдакони ятим ва бепарастор ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимию варзишии давлатӣ ройгон ба варзиш машғул шаванд.

3. Кӯдакони ятим ва бепарастори таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ройгон истифода баранд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд  (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1740).

Моддаи 43. Муайян ва ҷобаҷокунии кӯдакони ятим ва бепарастор

Муайян ва ҷобаҷокунии кӯдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 44. Оилаи (мураббии) парастор

1. Оилаи (мураббии) парастор таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор дошта, ба он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд имтиёзҳо пешбинӣ карда шаванд. Давраи нигоҳубини кӯдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи кории оилаи (мураббии) парастор дохил карда мешавад.

2. Шартҳо ва тартиби барои тарбия ба оилаи (мураббии) парастор додани кӯдакони ятим ва бепарастор, маҳдудиятҳо, талабот нисбат ба шахсоне, ки кӯдакони ятим ва бепарасторро ба тарбия мегиранд, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, қоидаҳои ҳатмии шартнома дар хусуси барои тарбия ба оилаи (мураббии) парастор додани кӯдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 5. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАКИ МАЪЮБ

Моддаи 45. Ҳуқуқи кӯдаки маъюб

1. Кӯдаки маъюб ба ҳаёти мукаммал дар шароите, ки шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, барои фаъолона шомил шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ба ӯ мусоидат мекунад, бо кӯдакони солим ҳуқуқи баробар дорад.

2. Бо мақсади ба кӯдаки маъюб таъмин намудани ҳаёти мукаммал ва мувофиқ ба шароите, ки мустақилияти пурра ва ҳамгироии иҷтимоиро таъмин мекунад, ӯ вобаста ба қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии худ ҳуқуқ дорад аз нигоҳубин, таҳсил ва тайёрии махсус бархурдор бошад.

3. Кӯдаки маъюб ҳуқуқ дорад мувофиқи қобилияти худ намуди фаъолият ва касберо интихоб кунад, дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодӣ иштирок намояд.

4. Табъизи кӯдак бинобар маъюб буданаш манъ аст.

Моддаи 46. Кафолатҳои давлатӣ оид ба машғулияти кӯдакони маъюб

1. Давлат ба ташкили шароити зарурӣ ба кӯдаки маъюб барои ҳаёти мукаммал ва инкишоф бо назардошти имконият ва манфиатҳои фардӣ мусоидат намуда, ба ӯ додани кӯмаки моддии дахлдор, ба яке аз падару модари кӯдаки маъюб ё дигар намояндаи қонунии ӯ муқаррар намудани имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад.

2. Ба кӯдаки маъюб таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, инчунин таъминоти доруворӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон кафолат дода мешавад.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд барои таҳсил, тайёрии касбӣ, интихоби шуғли муносиб ва бо кор таъмин намудани кӯдакони маъюб бо назардошти вазъи саломатӣ, талабот ва имкониятҳояшон чораҳои дахлдор андешанд.

4. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияташон ба таъмин намудани машғулияти кӯдакони маъюб, ташкили таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии онҳо равона шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 47. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҳисоби буҷети давлатӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 48. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудааш дар ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак иштирок менамояд.

Моддаи 49. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 50. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1196

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАК

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218)

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489)

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 январи соли 2015, № 1723

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 801

ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кӯдак - шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;

- кӯдаки маъюб - кӯдаке, дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

- кӯдаки ятим - кӯдаке, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд;

- кӯдаки бепарастор - кӯдаке, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояш аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал (дорои қобилияти маҳдуди амал) дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ - тарбиявӣ ва ё табобатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо бе парастории падару модар мондааст;

- намояндаи қонунии кӯдак - падару модар, фарзандхондҳо, васӣ, парастор ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ, таълим, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд;

- оилаи (мураббии) парастор - оила ё шахсе, ки кӯдаки ятим ё бепарасторро ба тарбия қабул кардааст;

- таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор - аз ҷониби давлат ба таври ройгон таъмин намудани кӯдакони ятим ва бепарастор бо ҷойи зист, хӯрок, либос, пойафзол, маблағҳои пулӣ дар шакли грант ва стипендияҳо, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва дигар хизматрасонӣ;

- хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон - маҷмӯи тадбирҳои хизматрасонӣ ба кӯдакон (дастгирии иҷтимоӣ, расонидани ёрии тиббӣ, педагогӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, барқарорсозии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар

вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд ва таъмини шуғли чунин кӯдакон то ба синни ҳаждаҳ расидани онҳо) аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон (минбаъд - ташкилотҳо) ва шаҳрвандоне, ки бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкории инфиродии хизматрасонии тиббию иҷтимоиро барои кӯдакон иҷро мекунанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

БОБИ 2. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАК

Моддаи 3. Ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҳадафҳои зерин иборат аст:

- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо;

- таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ин ҳуқуқҳо дар сурати поймол карда шудани онҳо;

- ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;

- мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ;

- дастгирии давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;

- таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҳуқуқии кӯдак;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор аз ҷониби оилаи (мураббии) парастор.

2. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва инсондӯстӣ;

- муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастгирии давлатии оила бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак, ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ, омода намудани кӯдак ба зиндагии шоиста дар ҷомеа;

- афзалиятнокии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдак;

- муқаррар ва риоя кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак;

- эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо;

- роҳ надодан ба табъизи кӯдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо;

- дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдаконро ҳифз менамоянд.

Моддаи 4. Муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак

Меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳадди ақали хизматрасонии зерини иҷтимоиро дар бар мегиранд:

- таъмини кафолатноки таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон;

- таъмини таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак мутобиқи меъёрҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ;

- таъмини кафолатноки кӯдак бо ҳуқуқи интихоби ихтисос ва соҳаи фаъолият, ҳифзи меҳнат, пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии кафолатноки моддии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо роҳи пардохти кӯмакпулиҳои давлатӣ, инчунин чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд;

- таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла барои кӯдаконе, ки дар шароити хатарнок, инчунин дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид зиндагӣ мекунанд;

- ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар мавриди таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, ақлонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор;

- расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мансубанд:

- таҳия, татбиқ ва назорати барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии давлат оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва ҳифзи манфиатҳои онҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

- муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак;

- маблағгузории чорабиниҳои давлатӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи ваколатҳои худ;

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо тартиби муқарраргардида;

- пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кӯдакон;

- пешниҳод намудани иттилоот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба воситаҳои ахбори омма, ҷомеа ва мақомоте, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғуланд;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- ташкил ва пешбурди Махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 7. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) ваколатҳоеро амалӣ менамоянд, ки низомномаи онҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон муқаррар менамоянд.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мутобиқан дорои ваколатҳои зерии мебошанд:

- таъмини амалишавии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак;

- таъмини рушд ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии шабакаи муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин муассисаҳои таълимии томактабӣ, ки фаъолияташон ба ташкили таълим, тарбия, фароғат ва тандурустии кӯдакон равона шудааст;

- таъмини фаъолияти комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, фарогирии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо таълиму тарбия ва тавонбахшию солимгардонӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;

- ҳалли масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, ташкили шароити мусоид барои ҳаёт ва фаъолияти кӯдакон, инчунин оид ба муқаррар намудани васоят ва парасторӣ ба кӯдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини хонандагони мактаб - интернатҳо бо хӯроки ройгон дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети маҳаллӣ;

- ҳалли масъалаҳо дар хусуси ба кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор додани имтиёзҳо ва кӯмаки давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати риояи меъёрҳои ахлоқ ва тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;

- қабул ва татбиқи барномаҳои маҳаллии таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор ва мониторинги иҷрои онҳо;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути мақомоти васоят ва парасторӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва бепарастор ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ муайян намудани кӯдакони ятим ва бепарастор ва санҷиши шароити манзилию маишии шахсоне, ки оилаи (мураббии) парастор гардидан мехоҳанд;

- таъмин намудани кӯдакони ятим ва бепарастор бо манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бастани шартнома дар бораи ба тарбияи оилаи (мураббии) парастор додани кӯдакони ятим ва бепарастор;

- ба суд муроҷиат намудан дар бораи бекор кардани шартнома дар бораи ба оилаи (мураббии) парастор додани кӯдакони ятим ва бепарастор бинобар поймол шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо;

- баҳисобгирии кӯдакони ятим ва бепарастор, оилаҳои (мураббиёни) парастор, ки барои ба тарбия гирифтани кӯдакони мазкур муроҷиат намудаанд;

- назорати таъмини шароити муносиб барои кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва муассисаҳои дигар;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 9. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, беҳбудии вазъи кӯдакон, аз ҷумла ташкили низоми муосири ба парасторӣ гирифтани кӯдакони ятим ва бепарастор, чорабиниҳое, ки ба таъмини шароити муносиб барои тарбия, таълим, инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак равона шудаанд, метавонанд иштирок намоянд.

2. Давлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияташон ба беҳбудии вазъи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо равона шудааст, мусоидат карда, рушди ҳамаи шаклҳои хайрия, ба парасторӣ гирифтан ва сарпарастиро нисбат ба кӯдакон бо роҳи додани имтиёзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Моддаи 10. Кӯмаки давлатӣ ба оила

Бо мақсади муҳайё кардани шароити муносиби моддӣ барои тарбияи кӯдак дар оила давлат ба падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ кӯмаки иҷтимоӣ ва имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дастрас менамояд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КӯДАК

Моддаи 11. Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ

1. Ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.

2. Ҳамаи кӯдакон, новобаста ба баромади иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кӯдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ дахлдошта, ҳуқуқҳои баробар доранд.

3. Давлат ба кӯдак барои фароҳам овардани шароити мусоид тавассути маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳо меандешад.

Моддаи 12. Ҳуқуқи кӯдак ба шахсият

Кӯдак аз лаҳзаи таваллуд шуданаш ба насаб, ном ва номи падар, миллат ва шаҳрвандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ

1. Кӯдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад.

2. Давлат бо мақсади таваллуди кӯдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.

3. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ бо тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии кӯдак;

- тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солими кӯдак;

- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмии соҳаи ҳифзи саломатии кӯдак;

- назорати вазъи саломатии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона;

- расонидани ёрии тиббӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди зист, ки барои инкишофи солими кӯдак зарур аст;

- назорати истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоии хушсифат барои кӯдакон.

4. Давлат ба кӯдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

5. Ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмӣ нисбат ба кӯдак манъ аст.

Моддаи 14. Ҳуқуқи кӯдак ба озодии сухан ва виҷдон, иттиллоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ

1. Ҳар як кӯдак ба озодии сухан ва изҳори ақидаи худ, озодии виҷдон ва инкишофи фаъолнокии ҷамъиятӣ, ба гирифтан ва интишор кардани иттиллооти ба синни ӯ мувофиқ, иштироки ихтиёрӣ дар ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.

2. Мақомоти давлатӣ ба ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба инкишоф додани шахсияти кӯдак, фаъолнокии ҷамъиятӣ ва эҷодкории ӯ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг ва варзиш, инчунин ташкили истироҳати кӯдак равона шудааст, мусоидат менамоянд.

Моддаи 15. Ҳуқуқи кӯдак ба моликият

1. Ҳуқуқи кӯдак ҳамчун соҳибмулк барои ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ба ӯ тааллуқдошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Маблағе, ки барои кӯдак ба сифати алимент, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ муқаррар шудааст, ба ихтиёри падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ дода шуда, он барои зисту зиндагонӣ, таълим ва тарбияи кӯдак харҷ карда мешавад.

3. Кӯдак метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё ба воситаи намояндаи қонунии худ шартномаҳо бандад, дар бонкҳо суратҳисоб дошта бошад, музди кор, стипендия ё дигар даромад ва объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳниашро ихтиёрдорӣ намояд ва ҳуқуқҳои дигари молумулкиашро амалӣ гардонад.

4. Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, инчунин шахсони алоҳида ҳуқуқ доранд ба номи кӯдак дар бонкҳо маблағ гузоранд ва ҷиҳати дастгирии моддии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Моддаи 16. Ҳуқуқи кӯдак ба манзил

1. Кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзил ҳуқуқ дорад.

2. Ҳуқуқи кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори дар хонаинтернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ё тиббӣ қарордошта ба манзил нигоҳ дошта мешавад, инчунин онҳо ҳуқуқ доранд аз манзили истиқоматӣ (хобгоҳ) истифода баранд ва дар сурати мавҷуд набудани ҷойи зист мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани манзил ҳуқуқ доранд.

3. Баровардани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор аз манзили истиқоматиашон бе додани манзили дигар манъ аст.

Моддаи 17. Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил

1. Кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат

дода мешавад. Кӯдак аз муассисаи таълимии давлатӣ то гирифтани таҳсилоти умумии миёна ё ибтидоии касбӣ танҳо бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо риояи тартиби умумӣ хориҷ карда мешавад.

2. Ба кӯдаки маъюбе, ки ба муносибати махсуси педагогӣ эҳтиёҷ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот кафолат дода мешавад.

Моддаи 18. Ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат

1. Кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад.

2. Кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад.

3. Тартиби бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ва дигар хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меъёри зарурии рӯзи кор, истироҳат, музди кор ва шароити кори кӯдакро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар мекунад.

4. Кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст.

Моддаи 19. Ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат ва фароғат

1. Кӯдак мувофиқи синну сол, вазъи саломатӣ ва талаботаш ба истироҳат ва фароғат ҳуқуқ дорад.

2. Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак аз рӯи имконият барои нигоҳубин ва инкишофи ҳаматарафаи ӯ шароити зарурӣ муҳайё месозанд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон барои фароғат, солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла машғулиятҳои эҷодию фароғатӣ доир мекунанд, майдончаҳои варзишӣ, лагеру осоишгоҳҳо таъсис дода, ташкили фароғати кӯдаконро дастгирӣ менамоянд.

4. Давлат маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ ва фароғат амалӣ мегардонад.

Моддаи 20. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон

1. Кӯдак ҳуқуқи муттаҳидшавиро дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон дорад, ба шарте ки фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсонро халалдор насозад.

2. Ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон метавонанд бо ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакони дигар мамлакатҳо робита намоянд ва ба ташкилотҳои байналмилалии кӯдакон дохил шаванд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти ташкилотҳои кӯдакон ва ҷавонон мусоидат менамоянд.

Моддаи 21. Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ ва тарбия дар оила

1. Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад.

2. Кӯдак ҳуқуқ дорад бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳамроҳ зиндагонӣ кунад.

3. Кӯдакро аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардан манъ аст. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардани ӯ қарор қабул карда мешавад.

4. Кӯдак дар оила аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

5. Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баробар доранд.

Моддаи 22. Ҳуқуқи кӯдак дар муносибат бо падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд

1. Кӯдак ҳуқуқ дорад дар бораи падар ё модаре, ки аз ӯ ҷудо зиндагӣ мекунанд, иттилоъ гирад, бо онҳо вохӯрад ва муносибат намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин вохӯрию муносибатҳо ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намоянд.

2. Падару модар, дигар аъзои оила ва хешовандон барои татбиқи ҳуқуқи кӯдак ба мулоқот бо онҳо набояд мамониат намоянд ва ӯҳдадоранд, ки баъди мулоқот кӯдакро ба ҷойи истиқоматаш баргардонида, ба иваз намудани ҷойи истиқомати ӯ роҳ надиҳанд.

3. Падару модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иштирок дар тарбияи ӯ ӯҳдадор буда, ҳуқуқ доранд, ки бо кӯдак робита дошта бошанд, агар чунин робита ба тарбияи мӯътадили ӯ халал нарасонад.

4. Баҳсҳо оид ба ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқи кӯдак, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

5. Ҷойи истиқомати кӯдак ҳангоми ҷудо зиндагонӣ кардани падару модар бо ризоияти онҳо ва дар сурати розӣ набудан - ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 23. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимӣ- тарбиявӣ барои ноболиғон

1. Кӯдаконе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити махсуси таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ - тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир карда мешаванд.

2. Кӯдаконе, ки нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъадор ва моддаҳои мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин кӯдаконе, ки аз рӯи вазъи саломатӣ дар муассисаҳои махсуси таълимӣ - тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир намуданашон имконнопазир аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ба муассисаҳои табобатӣ фиристонида мешаванд.

3. Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои зикршуда нигоҳ дошта мешаванд, ба гирифтани таҳсилот, омодагии касбӣ, рухсатӣ, мукотиба, мулоқот бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниашон, гирифтани фиристаҳо, дастовезҳо ва бастаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза

1. Давлат тавассути мақомоти давлатии дахлдор ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза чораҳои заруриро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

2. Мақомоти давлатии дахлдлор барои ҷустуҷӯи падару модар ё дигар намояндагони қонунии кӯдакони гуреза, ки аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, ҷобаҷокунии чунин кӯдакон дар муассисаҳои дахлдори кӯдакона ё оилаи (мураббии) парастор мусоидат менамоянд.

Моддаи 25. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони аз офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарардида

Ба кӯдаконе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарар дидаанд, давлат кӯмаки моддӣ мерасонад. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакон аз минтақаи хавфнок кӯчонида мешаванд ва ба онҳо расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ, иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, ҷуброни молу мулки гумшуда ё зарардида ва манзили вайроншуда кафолат дода шуда, барои якҷояшавӣ бо аъзои оилаашон чораҳо андешида мешаванд.

Моддаи 26. Манъи иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона

1. Иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона, инчунин таъсиси ташкилот ва воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи кӯдакон, тарғиби ҷанг ва зӯроварӣ дар байни онҳо манъ аст.

2. Давлат барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони дар минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона қарордошта ва нигоҳубини онҳо ҳамаи чораҳои имконпазирро меандешад. Ба онҳо кӯмаки моддӣ, тиббӣ ва кӯмакҳои дигар расонида шуда, ҳангоми зарурат онҳо дар муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор ва ё дар муассисаҳои соҳаи маориф ҷойгир карда мешаванд.

Моддаи 27. Ҳифзи кӯдакон аз интиқоли ғайриқонунии онҳо аз сарҳади давлатӣ

Давлат оид ба мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз сарҳади давлатӣ, баровардан ва барнагардонидани кӯдакон аз хориҷа, рабудан, савдо ва қочоқи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.

Моддаи 28. Шиносоии кӯдак бо фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ

1. Давлат имконияти шиносоии кӯдакро бо фарҳанги миллӣ, таърих, анъанаву арзишҳои маънавии халқи Тоҷикистон ва комёбиҳои фарҳангии ҷаҳонӣ бо роҳи додани имконияти истифодаи фондҳои китобхонаҳо, толорҳои намоишӣ, осорхонаҳо, таъсиси шабакаи муассисаҳои махсуси кӯдаконаи фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ таъмин менамояд.

2. Давлат ба истеҳсол ва таъмини дастрасии филмҳои бадеӣ ва видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радио, асарҳои чопӣ, инчунин паҳнкунии иттилооти дигари муфид, ки барои инкишофи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон пешбинӣ шудаанд, мусоидат менамояд.

3. Дар воситаҳои ахбори омма, адабиёт ва чорабиниҳои оммавии фарҳангию фароғатӣ тарғиб намудани парастиши зӯроварӣ ва бераҳмӣ, паҳн кардани порнография ва иттилооте, ки шаъну эътибори инсониро паст зада, ба тарбияи кӯдак зарар мерасонад, манъ аст.

Моддаи 29. Ҳифзи кӯдак аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ

1. Мақомоти давлатӣ, падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд кӯдакро аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ, иттилоотӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, маводи нашъадор ва психотропӣ, ки ба саломатӣ, рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонанд, ҳифз намоянд.

2. Барои кӯдакон намоиш додан, фурӯхтан, тӯҳфа кардан, нусхабардорӣ намудан ва ба кироя додани бозичаҳо, кинофилмҳо, фитаҳои сабти овоз ва видео, интишори адабиёт, маҷаллаву рӯзнома ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки мақсади онҳо ба вуҷуд овардани адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ҷангҷӯӣ ва маҳалгароиро тарғиб намуда, ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунанд, инчунин ба оворагардӣ, гадоӣ, фоҳишагӣ ҷалб намудани кӯдак, интишор, реклама ё ба кӯдак фурӯхтани мавод, расму тасвирҳо, нашрияҳои чопӣ, кино ё видеофилмҳои хусусияти порнографидошта манъ аст.

Моддаи 30. Манъи маҳдудияти ҳуқуқҳои кӯдак

Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои кӯдак, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, манъ аст.

Моддаи 31. Хусусияти ҷавобгарии кӯдак

1. Дастгир намудан ва ҳабси кӯдак ҳамчун чораи истисноӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Дар бораи дастгир ва ҳабс намудани кӯдак мақомоти давлатии дахлдор фавран ба падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ, инчунин мақомоти прокуратура хабар медиҳанд. Якҷоя нигоҳ доштани кӯдак дар як ҳуҷра бо дастгиршудагон, ба ҳабс гирифташудагон ё маҳкумшудагони калонсол манъ аст.

2. Дар ҳолати озод намудани кӯдак аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ба ӯ мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шаванд.

БОБИ 4. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАКОНИ ЯТИМ ВА БЕПАРАСТОР

Моддаи 32. Васоят ва парасторӣ

1. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор барои ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ва ё парасторӣ муқаррар карда мешавад.

2. Давлат барои ҳамаи кӯдакони ятим ва бепарастор шароити баробар муҳайё менамояд.

Моддаи 33. Фарзандхондӣ

Бо мақсади муҳайё кардани шароити рушду камол ва тарбияи кӯдаки бепарастор дар оила ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст.

Моддаи 34. Нигоҳубин ва тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд

1. Кӯдакони ятим ва бепарастор, дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оила тарбия ёфтан, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд.

2. Алимент, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба суратҳисоби шахсии кӯдакони ятим ва бепарастор гузаронида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.

3. Ба кӯдакони ятим ва бепарасторе, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда шудаанд, шароити ба муҳити оила монанд муҳайё карда мешавад. Дар

ин муассисаҳо кӯдак ба таъминот, таълиму тарбия, рушду камоли ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибор, таъмини манфиатҳои худ, ҳифзи забони модарӣ, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳуқуқ дорад.

4. Кормандони муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд, ки нигоҳубини кӯдакони ятим ва бепарасторро ба зимма доранд, барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои вазифавиашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5. Ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ятим ва бепарасторро, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд қарор доранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя намуда, барои бо кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунанд.

Моддаи 35. Кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор

1. Давлат сатҳи шоистаи зиндагиро ба кӯдакони ятим ва бепарастор кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд.

2. Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷубронҳое, ки қонунгузорӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар намудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

3. Кафолату ҷубронҳое, ки барои кӯдакони ятим ва бепарастор муқаррар шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба балоғат расидани онҳо низ нигоҳ дошта мешаванд.

4. Дар амалигардонии кафолати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.

Моддаи 36. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба меҳнат

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба меҳнат кафолат медиҳад.

2. Ҳангоми муроҷиат намудани кӯдакони ятим ва бепарастори аз 15 то 18-сола мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ майлу рағбати онҳоро омӯхта, бо назардошти вазъи саломатӣ ва лаёқатмандиашон самти касбии онҳоро муайян менамоянд.

3. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки кор меҷӯянд ва дар мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад.

4. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки ба синни 15 расидаанд, бо роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи ҷойҳои корӣ дар ташкилотҳо дар навбати аввал ва дар сурати маъюб будан, бенавбат бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

5. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки мутахассисони ҷавонро аз

ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор бо роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ба кор қабул мекунанд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд.

Моддаи 37. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба манзил

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба манзил тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

2. Ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба манзили истиқоматии ба онҳо тибқи мерос гузашта дар давоми будубошашон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ё муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин дар муассисаҳои тамоми намудҳои таҳсилоти касбӣ, новобаста ба шакли моликият, дар давраи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адои ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

3. Ба кӯдакони ятим ва бепарастори манзили истиқоматӣ надошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, барои сохтмони манзили шахсӣ дар қитъаи замини ба онҳо ҷудокардашуда қарзҳои имтиёзноки мақсаднок дода мешавад. Тартиби додан ва андозаи чунин қарзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

Моддаи 38. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳифзи саломатӣ

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба ҳифзи саломатӣ кафолат медиҳад.

2. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла гузаронидани диспансеризатсия, солимгардонӣ, азназаргузаронии мунтазами тиббӣ дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон ба таври ройгон расонида мешавад.

3. Кӯдакони ятим ва бепарастор бо мақсади барқарор намудани саломатӣ ҳуқуқ доранд соле як маротиба аз имкониятҳои истироҳатгоҳҳои варзишию солимгардонӣ ё муассисаҳои санаторию курортии давлатӣ ройгон истифода баранд.

4. Кӯдакони ятим ва бепарастори маъюб ҳуқуқи дар муассисаҳои иҷтимоию табобатӣ ба таври ройгон ҷойгир шуданро доранд.

5. Кӯдакони ятим ва бепарастор аз пардохти маблағ барои доруворӣ дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин аз пардохти хизматрасонии муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷиҳати сохтану тармим кардани дандонҳои сунъӣ, аз ҷумла барои таъмин кардан бо навъҳои дигари ёрии протезию ортопедӣ, ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, озоданд.

6. Кӯдакони ятим ва бепарастори маъюб бо таҷҳизоти тиббии протезию ортопедӣ, аз ҷумла аробаи маъюбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 39. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба таҳсил

1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба таҳсил кафолат медиҳад.

2. Кӯдакони ятим ва бепарастор ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

3. Таҳсилоти умумии кӯдакони ятим ва бепарастор ба таври ройгон тавассути муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Рад намудани қабули кӯдакони ятим ва бепарастор ба муассисаҳои таълимии мазкур манъ аст. Таҳсили иловагии кӯдакони ятим ва бепарастор низ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ройгон аст.

4. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд, аз ҳисоби давлат бо либос, пойафзол, адабиёт ва асбобу таҷҳизоти таълимӣ, ҷойи хоб, инчунин бо кӯмакпулии яквақта мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, истироҳати онҳо дар лагерҳои мактабии тобистона ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

5. Давлат ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлатӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад. Қабули кӯдакони ятим ва бепарастор ба муассисаҳои таълимии мазкур дар асоси квотаҳои муқарраргардида бо тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).

6. Қабул ва таҳсили кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ метавонад ба таври ройгон тибқи фармоиши давлатӣ сурат гирад.

7. Муассисаҳои таълимие, ки дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ӯҳдадоранд кӯдакони ятим ва бепарасторро бо хобгоҳ, либос, пойафзол, хӯрокворӣ ва стипендия таъмин намоянд. Дар муддати бинобар вазъи саломатӣ дар рухсатии академӣ будани таълимгирандагон, аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор, нисбат ба онҳо таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ба шахсони мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ дода мешавад.

8. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор мебошанд ва дар хобгоҳҳои муассисаҳои мазкур истиқомат доранд, аз пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва ҳаққи манзили ишғолнамудаашон озод мебошанд.

9. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки дар муассисаҳои таълимии вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, таълим мегиранд, дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд.

Моддаи 40. Кафолати давлатӣ ба кӯдаконе, ки падар ё модар надоранд

Ба кӯдаконе, ки падар ё модар надоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 41. Кафолати давлатии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакони ятим ва бепарастор

Давлат ба кӯдакони ятим ва бепарастор ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниашон ёрии ҳуқуқии ройгонро кафолат медиҳад.

Моддаи 42. Кафолати давлатии амалӣ намудани дигар ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор

1. Кӯдакони ятим ва бепарастор ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии муассисаҳои давлатӣ, инчунин намоишгоҳҳо ва осорхонаҳои пурра ё қисман аз ҳисоби давлат маблағгузоришаванда ҳуқуқи ройгон даромаданро доранд.

2. Кӯдакони ятим ва бепарастор ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимию варзишии давлатӣ ройгон ба варзиш машғул шаванд.

3. Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, ҳуқуқ доранд ройгон аз нақлиёти ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба ғайр аз таксӣ), инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1489).