Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2034 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӯДАК"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1091

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 456

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 1 моддаи 11 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварх манъ аст.".

2. Моддаи 11(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 11(1). Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя

1. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳимоя дорад.

2. Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васояту парасторх ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту ташкилотҳои дигар уҳдадоранд барои ҳимояи кӯдак чораҷӯйх намоянд.

3. Ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодх ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва ё ҳангоми суиистифодаи падару модар аз ҳуқуқҳояшон, кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторх, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатх бевосита муроҷиат намояд.".

3. Ба қисми 1 моддаи 14 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад.".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмх мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2034

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЗАЩИТЕ ПРАВ РЕБЕНКА"

Принять постановлением МН МОРТ 

от 4 октября 2023 года №1091

Одобрить постановлением ММ МОРТ 

от 27 декабря 2023 года №456

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О защите прав ребенка" от 18 марта 2015 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., № 3, ст. 218; 2018 г., № 1, ст. 21; 2020 г., № 12, ст. 914) следующие дополнения:

1. Часть 1 статьи 11 дополнить третьим предложением следующего содержания:

"Запрещается применение или угроза применения насилия по отношению к ребенку.".

2. Дополнить статьей 11(1) следующего содержания:

"Статья 11(1). Право ребенка на защиту

1. Каждый ребенок имеет право на защиту.

2. Родители или лица, заменяющие их, органы опеки и попечительства, а в случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, другие органы и организации обязаны предпринимать меры для защиты ребенка.

3. При нарушении прав, свобод и законных интересов ребенка, в том числе при невыполнении или ненадлежащем выполнении родителями (одним из них) или лицами, заменяющими их, обязанностей по содержанию, воспитанию и образованию ребенка либо при злоупотреблении родительскими правами, ребенок, который может самостоятельно выражать своё мнение, вправе непосредственно обращаться за защитой своих прав и законных интересов в органы опеки и попечительства, а также в другие уполномоченные государственные органы.".

3. Часть 1 статьи 14 дополнить вторым и третьим предложениями следующего содержания:

"Право ребенка на выражение мнения не ограничивается ввиду его возраста. Ребенку должна быть предоставлена возможность выразить своё мнение в желательной для него форме в рамках законодательства Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 января 2024 года №2034