×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1190 "Дар бораи нафт ва газ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 январи соли 2015, № 1729

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 795

ҷонибдорӣ гардидааст.

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи нафт ва газ муқаррар намуда, ба рушди соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- нафт - моеи равғании сӯзанда, ки дар қабати такшини замин паҳн шуда, аз омехтаи мураккаби карбогидридҳо, баъзе намудҳои сикланҳо, аренҳо ва пайвастагиҳои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор иборат мебошад ва маъдани фоиданок ба ҳисоб меравад;

- гази табиӣ - карбогидридҳое, ки дар ҳарорати муайян ва фишори мӯътадили атмосферӣ дар ҳолати омехтаи газмонанд қарор дошта, пас аз ҷудо шудани карбогидридҳои моеъ ҳамчун гази холис боқӣ мемонанд;

- иншооти лӯлаҳои интиқоли нафт ва газ - маҷмӯи лӯлаҳо, ки тавассути онҳо нафт ва газ ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- ҳамлу нақли нафт ва газ - интиқоли нафт ва газ ба иншоот ва воситаҳои махсусгардонидашуда бо мақсади коркард ва истифодабарии минбаъдаи онҳо;

- иктишоф - ҳама гуна намудҳои таҳқиқоти геологию геофизикӣ, пармакунии сохторӣ ва параметрии бо ҷустуҷӯ ва кашфи конҳои нафт ва газ алоқаманд;

- иктишофи сейсмикӣ - таҳқиқоти геофизикии қаъри замин барои муайян намудани таркиб ва ҳаҷми нафт ва газ;

- ҳудуди шартномавӣ - ҳудуди геологию кӯҳии ба қитъа ҷудокардашуда, ки дар он шахси дорои иҷозатнома барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ ва истихроҷии нафт ва газ тибқи шартнома ҳуқуқ дорад;

- майдонҳои ояндадор - майдонҳое, ки сохтори геологиашон дар натиҷаи омӯзишӣ геологӣ, иктишофи сейсмикӣ ва арзёбии таҳқиқоти гузаронидашуда муайян карда мешавад;

- иншооти лӯлаи магистралии нафт ва газ - иншооти муҳандисие, ки аз қисми хатти лӯла, таҷҳизоти руизаминии ба он алоқаманд барои ҳамлу нақли нафту газ, инчунин лӯлаҳо то нуқтаи бор кардани нафт ва газ иборат аст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- амалиёти нафтугазӣ - маҷмӯи корҳои лоиҳакашӣ, иктишофи сейсмикӣ ва геологӣ доир ба истихроҷ, сохтмон ва истифодабарии конҳо;

- истихроҷи нафт ва газ - маҷмӯи корҳое, ки ба истихроҷи нафт ва газ аз қаъри замин, коркарди онҳо, аз ҷумла ашёи минералии дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатии нафт ва газ алоқаманд мебошанд;

- конденсати газ - омехтаи карбогидрадҳое, ки дар шароити ҳарорату фишори муқаррарӣ дар қабати замин ё ҳангоми истихроҷи конҳои гази табиӣ дар натиҷаи пастшавии фишор ва ҳарорати газ, ба ҳолати моеъ мубаддал мегарданд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- гази табиии моеъ - гази табиие, ки ба таври сунъӣ барои осонии нигоҳдорӣ ва интиқол ба ҳолати моеъ табдил дода шудааст;

- талафоти технологӣ - талафоти барқарорнашавандаи нафт, газ, конденсати газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ, ки дар натиҷаи пайомадҳои хосиятҳои аввалии физикӣ ва химиявии он, таъсири омилҳои метеорологӣ ва дараҷаи такомули равандҳои технологии истифодашуда, воситаҳои техникӣ ва чорабиниҳои сарфаи нафт, газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ ҳангоми истихроҷ, ҷамъоварӣ, тайёркунӣ, коркард (истеҳсол), интиқол ва нигоҳдорӣ ба амал меоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки танзими давлатии лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафт ва газро амалӣ месозад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаи нафт ва газ фаро мегирад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 4. Ҳуқуқ ба молу мулк

1. Конҳои нафт ва газ моликияти истисноии давлат мебошанд. Нафт ва гази истихроҷшуда вобаста ба шартҳои иҷозатнома метавонанд, моликияти шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бошанд.

2. Молу мулке, ки тибқи шартҳои иҷозатнома арзиши онро давлат дар намуди нафт ва гази истихроҷшуда пардохт намудааст, молу мулки давлатӣ ҳисобида мешавад. Иҷозатномадор ҳуқуқи истисноии истифодабарии ин молу мулкро дошта, дар давоми мӯҳлати амали иҷозатнома барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии мақсадноки он масъул аст.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ:

- муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;

- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;

- таъсиси Фонди ҷумҳуриявии захиравии конҳои нафт ва газ;

- тасдиқи ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;

- тасдиқи қоидаҳои истифодабарии маълумоти геологӣ ва геофизикие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, барои мақсадҳои таълимӣ, илмӣ, тиҷоратӣ ва ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти минбаъда барои баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- муқаррар намудани тартиби ба тавозуни давлатӣ дохил кардани захираҳои нафт ва газ ва аз тавозуни давлатӣ хориҷ кардани онҳо;

- тасдиқ намудани хатти сохтмони лӯлаҳои магистралӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) аз инҳо иборатанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ;

- таҳия ва тасдиқ намудани санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрию методӣ, стандартҳо ва маводи дастурӣ;

- додани иҷозатнома барои истеҳсол, коркард, истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо тибқи қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқа намудани лоиҳаҳо, нақшаҳо ва ҳисоботҳо оид ба корҳои омӯзишии геологӣ, иктишофӣ, тадқиқотӣ, геофизикии сохторҳо ва майдонҳои нафту газ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафт, конденсати газ ва гази табиӣ, низоми технологӣ, сохтмони иншооти пармакунии чоҳҳо, барҳамдиҳӣ, боздошт, муваққатан хобондани конҳо ва чоҳҳои нафту газ, коркарди нафту газ ва истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда, воридоту содироти маҳсулоти нафт ва гази табиии моеъ;

- таҳия ва тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти табиии маҳсулоти нафтӣ, гази табиии моеъ ва табиӣ ҳангоми интиқол, қабул, нигоҳдорӣ ва фурӯши он, меъёр ва тарзи ҳисобкунии ҳаҷми нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ, маблағи зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодабарии мақсадноки конҳои нафт ва газ расонида шудааст, гузаронидани чоҳҳои нафтӣ, газӣ, интиқолӣ ва назоратӣ ба дигар уфуқҳо, талафоти технологии нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ;

- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳо оид ба тартиби барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти чоҳҳои нафтӣ ва газӣ;

- муайян намудани қоидаҳои коркарди (истихроҷи) конҳои нафт, газ ва конденсати газ;

- ташкил ва гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шартномавӣ ва бақайдгирии онҳо;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солона оид ба рафти иҷрои шартномаҳо, конҳои нафт ва газ, рӯйхати иштироккунандагони озмун барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин, инчунин ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;

- тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ дар корхонаҳои коркарди нафт ва газ;

- мувофиқа намудани барномаи иҷрои чораҳо барои гузаронидани корҳои иктишофи сейсмикӣ ва ҷустуҷӯӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;

- мувофиқа кардани тағйирот ба барномаи солонаи корҳо, ки аз тарафи иҷозатномадорон пешниҳод гардидааст;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи қитъаҳои қаъри замини дорои аҳамияти стратегӣ (нафт зиёда аз 2 миллион тонна ва газ зиёда аз 1 миллиард метри мукааб);

- таъмини истифодабарии мақсаднок ва самараноки қитъаи қаъри замини аҳамияти стратегидошта;

- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 7. Тартиб, шартҳо, мӯҳлати иҷро ва ҳудуди шартномавӣ

1. Тартиби ба имзо расонидан, иҷро намудан, тағйир додан ё қатъ кардани шартномаҳо оид ба истифодабарии қаъри замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

2. Шартнома оид ба гузаронидани корҳои иктишофӣ ба мӯҳлати то 5 сол ба имзо расонида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ тамдид мегардад.

3. Иҷозатномадор барои тамдид намудани мӯҳлати иҷрои шартнома ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ба шарте ки аз тарафи онҳо ӯҳдадориҳои дар шартнома муайянгардида иҷро шуда бошанд.

4. Дар ҳолати муайян шудани захираи нафт ва газ иҷозатномадор ҳуқуқ дорад, ки барои тамдиди мӯҳлати иҷрои шартнома то арзёбии тиҷоратии нафт ва гази кашфшуда ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд.

5. Ҳудуди шартномавӣ метавонад як ва ё якчанд майдонро дар бар гирад. Майдони ба сифати ҳудуди шартномавӣ ҷудокардашуда бо майдон ва чуқурии муайянкардашуда маҳдуд карда мешавад.

6. Агар дар рафти амалиёти нафтугазӣ маълум гардад, ки сарҳади ҷуғрофии кон аз ҳудуди шартномавӣ берун мебарояд, масъалаи мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳал карда мешавад.

7. Шартҳои баргардонидани ҳудуди шартномавӣ ба ҳолати аввала дар шартнома муайян карда мешаванд.

8. Баргардонидани қисмҳои ҳудуди шартномавӣ бо роҳи аз нав барасмиятдарории қитъаи геологии ҷудокардашуда бо ихтисор кардани қисмҳои баргардонидашуда аз ҳудуди шартномавӣ ва шартнома амалӣ карда мешавад.

БОБИ 3. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ КОРҲО ОИД БА ОМӯЗИШИ ЗАХИРАҲО ВА ИСТИХРОҶИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 8. Хусусиятҳои пешбурди корҳо оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ

Иҷозатномадор оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ дар ҳудуди қитъаи замини ҷудошуда ӯҳдадор аст:

- пешбурди корҳоро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда тибқи стандартҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намояд;

- нишондиҳандаҳои кӯҳию техникӣ ва геологию физикии қаъри замини нафт ва газдошта, таркиби нафт, газ, конденсати газ ва омехтаҳои ба он ҳамроҳро муайян намояд;

- тарзу усулҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро, ки талафшавӣ ва пастшавии сифати нафт ва газро дар қаъри замин пешгирӣ мекунанд, ҷорӣ намояд;

- мувофиқи дастурамалҳои соҳавӣ корҳоро дар чоҳҳо ва дигар иншоот, ки истифодаи минбаъдаашон самаранок намебошад, қатъ намояд;

- корҳои бехатариро пеш барад;

- заминҳои дар натиҷаи амалиёти нафтугазӣ зарардидаро барқарор намояд;

- ҳангоми кашфи конҳои нафт ва газ мақоми ваколатдори давлатиро бетаъхир огоҳ намояд;

- сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити зистро ҳифз кунад;

- лоиҳаи сохтмони анборҳои нафт ва газро бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа намояд;

- баъд аз муайян гардидани ҳаҷми захираҳои нафт ва газ лоиҳаи тарзи истифодабарии конҳоро таҳия карда, барои мувофиқа ба мақоми ваколатдор дар соҳаи бехатарии саноат пешниҳод намояд;

- барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади ҷустуҷӯ ва баҳодиҳӣ пас аз анҷоми корҳои геологию иктишофи сейсмикӣ маълумотҳоро оид ба тақсими маҳсулот дар созишнома нишон диҳанд.

Моддаи 9. Ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади истихроҷи нафт ва газ

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади пешбурди корҳои геологӣ, омӯзишӣ, лоиҳакашӣ, коркард ва истифодабарии қаъри замини нафт ва газдошта дар мадди аввал шартҳои зеринро мегузорад:

- афзалияти истифодабарии қитъаи замини барои намуди муайяни фаъолият ҷудошуда;

- таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- афзалиятнокии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва таъиноти дигар, ки тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии онҳо ба дигар мақсадҳо иҷозат дода намешавад ва ё маҳдуд карда шудааст.

2. Муносибатҳое, ки байни соҳибмулк ва истифодабарандагони қитъаҳои замин оид ба коркард ва истифодабарии қари замини нафт ва газдошта ба миён меоянд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 10. Барқарор кардани қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои геологӣ оид ба омӯзиши захираҳои нафт ва газ ҷудо карда шудаанд

1. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки қитъаи замини барои истихроҷи нафт ва газ истифодашударо ба ҳолати аввала баргардонад, инчунин ҷуброни талафи маҳсулоти кишоварзиро тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд.

2. Пеш аз мӯҳлат даст кашидани шахси иҷозатномадор аз истифодабарии қитъаи замини ба ӯ барои пешбурди корҳои иктишофи қаъри замин ҷудокардашуда, ҳадди ақалли ҳатмии корҳои иктишофиро кам намекунад.

Моддаи 11. Талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ

1. Талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- бунёди сохтори чоҳ, ки ҳифзи боэътимоди қабатҳои нафтдиҳандаи заминро таъмин мекунад;

- таъмини бехатарии пешбурди корҳо ва назорати сохтмон ва истифодабарии чоҳҳо;

- пешгирӣ ва бартарафсозии фаввораҳо;

- таъмини бехатарии лӯлаҳои интиқолии байни конҳои нафт ва газ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии нафт ва газ ва нигоҳдории фишори қабатҳои нафтдиҳанда;

- истифодабарии техника, технология ва усулҳои муосири истифодабарии қабатҳои нафтдиҳандаи замин барои вусъат бахшидан ба истихроҷи нафт ва газ.

2. Дар як иншоот якҷоя истифода бурдани маводи геологие, ки ҷудокунии техникӣ ва технологии онҳо бе ташкили низоми боэътимоди ченкунии нишондиҳандаҳои технологӣ дар алоҳидагӣ ғайриимкон аст, манъ мебошад.

БОБИ 4. ИНШООТИ ЛӯЛАҲОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИҚОЛИ НАФТ ВА ГАЗ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

Моддаи 12. Муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ - истифодабарандагони лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

Муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ - истифодабарандагони лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 13. Лоиҳакашии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

1. Лоиҳакашии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газро ташкилотҳое, ки иҷозатнома доранд, иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

2. Экспертизаҳои экологӣ, иқтисодию техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон ва таҷдиди иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 14. Тартиби истифодабарии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

1. Соҳибмулкони иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газро аз истифодабарӣ бароранд ё самти истифодаашонро тағйир диҳанд. Дар сурати дастрас намудани чунин розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки иншооти мазкурро фурӯшанд, таъиноти истифодабариашонро иваз ё таҷзия намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

2. Соҳибмулкони иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ ҳуқуқ доранд иншооти худро мустақилона ва ё дар асоси шартномаҳои интиқоли нафт ва газ барои пешбурди хоҷагидорӣ истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

3. Истифодабарии лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

4. Истифодабарандагони лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ ӯҳдадоранд корҳои зеринро ба анҷом расонанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981):

- гузаронидани назорати ташхисии ҳолати техникии лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ тибқи қоидаҳои техникӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- баҳисобгирии ҳаҷми нафт ва гази тавассути лӯлаҳои магистралӣ интиқолшаванда (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

БОБИ 5. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИСТИФОДАБАРИИ ИНШООТИ ИСТИХРОҶ ВА ЛӯЛАҲОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИҚОЛИ НАФТ ВА ГАЗ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

Моддаи 15. Талабот оид ба бехатарии истифодабарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

Талаботи асосӣ оид ба таъмини бехатарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981):

- истифодабарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ ва таъмини нигоҳдории воситаҳои бехатарии онҳо мутобиқи лоиҳа, меъёрҳо, қоидаҳо ва шартҳои техникӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- ба лоиҳа ворид намудани меъёрҳо, шартҳои техникӣ, қоидаҳо ва чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии фаъолият;

- пешгирӣ намудани оқибатҳои ҳолатҳои садамавии эҳтимолӣ;

- манъ кардани дахолати шахси бегона ба фаъолияти иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ, ки ба эҳтимоли халалдоршавии бехатарии кори онҳо оварда мерасонад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- гузаронидани экспертизаи давлатӣ оид ба арзёбии дараҷаи бехатарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ дар давраи лоиҳакашӣ ва ба истифода супоридани он (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- таъмини назорати истифодаи бехатарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ ва ҳолати техникии онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);

- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши малакаю дониши коргарони хизматрасон дар қитъаҳои хатарнокиашон баланд;

- гузаронидани экспертизаи экологии давлатии ҳуҷҷатҳо оид ба арзёбии дараҷаи таъсиррасонии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ ба муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 16. Ташкили корҳо доир ба бартарафсозии оқибатҳои садама

1. Иҷозатномадор барои истифодабарии лӯлаҳои магистралӣ ӯҳдадоранд барои бартараф намудани оқибатҳои садамае, ки сабаби вайроншавии иншооти мазкур мегардад, бояд чораҳои бетаъхиру самаранок андешида, оид ба ин ҳолат мақоми давлатии дахлдорро хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

2. Иҷозатномадор барои истифодабарии лӯлаҳои магистралӣ хараҷоти зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

Моддаи 17. Тартиби истифодабарии қитъаи замин аз тарафи шахсони ҳуқуқии дорои лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)

1. Шахсони ҳуқуқии дорои лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар ҳудуди қитъаи замини ҷудошуда бо назардошти минтақаи муҳофизатӣ ҳуқуқ доранд, корҳои хизматрасонӣ ва таъмири асосии таҷҳизот, пешгирии садамаҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

2. Лоиҳаҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта барои ҷудо намудани қитъаи замин дорои ҳуқуқҳои афзалиятнок мебошанд. Қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 18. Тартиби ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳо аз тарафи суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1190

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 январи соли 2015, № 1729

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 795

ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи нафт ва газ муқаррар намуда, ба рушди соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- нафт - моеи равғании сӯзанда, ки дар қабати такшини замин паҳн шуда, аз омехтаи мураккаби карбогидридҳо, баъзе намудҳои сикланҳо, аренҳо ва пайвастагиҳои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор иборат мебошад ва маъдани фоиданок ба ҳисоб меравад;

- гази табиӣ - карбогидридҳое, ки дар ҳарорати муайян ва фишори мӯътадили атмосферӣ дар ҳолати омехтаи газмонанд қарор дошта, пас аз ҷудо шудани карбогидридҳои моеъ ҳамчун гази холис боқӣ мемонанд;

- иншооти қубурҳои интиқоли нафт ва газ - маҷмӯи қубурҳо, ки тавассути онҳо нафт ва газ ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад;

- ҳамлу нақли нафт ва газ - интиқоли нафт ва газ ба иншоот ва воситаҳои махсусгардонидашуда бо мақсади коркард ва истифодабарии минбаъдаи онҳо;

- иктишоф - ҳама гуна намудҳои таҳқиқоти геологию геофизикӣ, пармакунии сохторӣ ва параметрии бо ҷустуҷӯ ва кашфи конҳои нафт ва газ алоқаманд;

- иктишофи сейсмикӣ - таҳқиқоти геофизикии қаъри замин барои муайян намудани таркиб ва ҳаҷми нафт ва газ;

- ҳудуди шартномавӣ - ҳудуди геологию кӯҳии ба қитъа ҷудокардашуда, ки дар он шахси дорои иҷозатнома барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ ва истихроҷии нафт ва газ тибқи шартнома ҳуқуқ дорад;

- майдонҳои ояндадор - майдонҳое, ки сохтори геологиашон дар натиҷаи омӯзишӣ геологӣ, иктишофи сейсмикӣ ва арзёбии таҳқиқоти гузаронидашуда муайян карда мешавад;

- иншооти қубури магистралии нафт ва газ - иншооти муҳандисие, ки

аз қисми хатти қубур, таҷҳизоти руизаминии ба он алоқаманд барои ҳамлу нақли нафту газ, инчунин қубурҳо то нуқтаи бор кардани нафт ва газ иборат аст;

- амалиёти нафтугазӣ - маҷмӯи корҳои лоиҳакашӣ, иктишофи сейсмикӣ ва геологӣ доир ба истихроҷ, сохтмон ва истифодабарии конҳо;

- истихроҷи нафт ва газ - маҷмӯи корҳое, ки ба истихроҷи нафт ва газ аз қаъри замин, коркарди онҳо, аз ҷумла ашёи минералии дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатии нафт ва газ алоқаманд мебошанд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки танзими давлатии лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафт ва газро амалӣ месозад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаи нафт ва газ фаро мегирад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 4. Ҳуқуқ ба молу мулк

1. Конҳои нафт ва газ моликияти истисноии давлат мебошанд. Нафт ва гази истихроҷшуда вобаста ба шартҳои иҷозатнома метавонанд, моликияти шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бошанд.

2. Молу мулке, ки тибқи шартҳои иҷозатнома арзиши онро давлат дар намуди нафт ва гази истихроҷшуда пардохт намудааст, молу мулки давлатӣ ҳисобида мешавад. Иҷозатномадор ҳуқуқи истисноии истифодабарии ин молу мулкро дошта, дар давоми мӯҳлати амали иҷозатнома барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии мақсадноки он масъул аст.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ:

- муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;

- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;

- таъсиси Фонди ҷумҳуриявии захиравии конҳои нафт ва газ;

- тасдиқи ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;

- тасдиқи қоидаҳои истифодабарии маълумоти геологӣ ва геофизикие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, барои мақсадҳои таълимӣ, илмӣ, тиҷоратӣ ва ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти минбаъда барои баровардани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани тартиби ба тавозуни давлатӣ дохил кардани захираҳои нафт ва газ ва аз тавозуни давлатӣ хориҷ кардани онҳо;

- тасдиқ намудани хатти сохтмони қубурҳои магистралӣ;

- дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) аз инҳо иборатанд:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, муомилоти маҳсулоти нафт ва газ;

- ихтиёрдорӣ намудани Фонди ҷумҳуриявии захиравии конҳои нафт ва газ;

- додани иҷозатнома барои истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт ва газ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";

- муайян намудани маҳдудиятҳои миқдории (квотаҳои) ҳамлу нақли нафт ва газ тавассути намудҳои нақлиёт;

- муайян намудани тарзи ҳисобкунии меъёр ва ҳаҷми гази табиӣ ҳангоми истихроҷи нафт ва газ;

- муайян намудани маблағи зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодабарии мақсадноки конҳои нафт ва газ расонида шудааст;

- муайян намудани тартиби пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии майдонҳо, конҳои нафт ва газ барои сохтмони чоҳҳои иктишофию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафт ва иншооти рӯизаминии вобаста ба анҷомёбии корҳои сохтмонӣ;

- муқаррар намудани тартиби анҷомдиҳии корҳои таҳқиқотию геологӣ, геофизикӣ ва илмии майдонҳои ояндадор ва конҳои нафт ва газ;

- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳои барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти чоҳҳои конҳои нафт ва газ;

- муайян намудани тартиби ҳисоботдиҳии геологӣ ва пармакунии чоҳҳо, оид ба сохтор ва захираҳои нафт ва газ;

- ташкили низоми назорати риояи талаботи бехатарӣ нисбат ба равандҳои технологии истихроҷ, нигоҳдорӣ ва муомилоти нафт ва газ;

- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;

- ташкил ва гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шартномавӣ ва бақайдгирии онҳо;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солона оид ба рафти иҷрои шартномаҳо, номгӯйи майдонҳо, конҳои нафт ва газ, рӯйхати иштироккунандагони озмун барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин, инчунин ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;

- гузаронидани мониторинг ва назорати риояи иҷрои шартҳои шартномаҳо оид ба амалиёти нафтугазӣ;

- муайян намудани ҳаҷм ва миқдори таҳвили нафти хом барои коркард ҷиҳати таъмини талаботи бозори дохилӣ ба маводи сӯзишворӣ ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ доир ба соҳаи нафт ва газ;

- мувофиқа намудани барномаи иҷрои чораҳо барои гузаронидани корҳои иктишофи сейсмикӣ ва ҷустуҷӯӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;

- мувофиқа кардани тағйирот ба барномаи солонаи корҳо, ки аз тарафи иҷозатномадорон пешниҳод гардидааст;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи қитъаҳои қаъри замини дорои аҳамияти стратегӣ (нафт зиёда аз 2 миллион тонна ва газ зиёда аз 1 миллиард метри мукааб);

- таъмини истифодабарии мақсаднок ва самараноки қитъаи қаъри замини аҳамияти стратегидошта;

- дигар ваколате, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 7. Тартиб, шартҳо, мӯҳлати иҷро ва ҳудуди шартномавӣ

1. Тартиби ба имзо расонидан, иҷро намудан, тағйир додан ё қатъ кардани шартномаҳо оид ба истифодабарии қаъри замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

2. Шартнома оид ба гузаронидани корҳои иктишофӣ ба мӯҳлати то 5 сол ба имзо расонида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ тамдид мегардад.

3. Иҷозатномадор барои тамдид намудани мӯҳлати иҷрои шартнома ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ба шарте ки аз тарафи онҳо ӯҳдадориҳои дар шартнома муайянгардида иҷро шуда бошанд.

4. Дар ҳолати муайян шудани захираи нафт ва газ иҷозатномадор ҳуқуқ дорад, ки барои тамдиди мӯҳлати иҷрои шартнома то арзёбии тиҷоратии нафт ва гази кашфшуда ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд.

5. Ҳудуди шартномавӣ метавонад як ва ё якчанд майдонро дар бар гирад. Майдони ба сифати ҳудуди шартномавӣ ҷудокардашуда бо майдон ва чуқурии муайянкардашуда маҳдуд карда мешавад.

6. Агар дар рафти амалиёти нафтугазӣ маълум гардад, ки сарҳади ҷуғрофии кон аз ҳудуди шартномавӣ берун мебарояд, масъалаи мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳал карда мешавад.

7. Шартҳои баргардонидани ҳудуди шартномавӣ ба ҳолати аввала дар шартнома муайян карда мешаванд.

8. Баргардонидани қисмҳои ҳудуди шартномавӣ бо роҳи аз нав барасмиятдарории қитъаи геологии ҷудокардашуда бо ихтисор кардани қисмҳои баргардонидашуда аз ҳудуди шартномавӣ ва шартнома амалӣ карда мешавад.

БОБИ 3. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ КОРҲО ОИД БА ОМӯЗИШИ ЗАХИРАҲО ВА ИСТИХРОҶИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 8. Хусусиятҳои пешбурди корҳо оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ

Иҷозатномадор оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ дар ҳудуди қитъаи замини ҷудошуда ӯҳдадор аст:

- пешбурди корҳоро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда тибқи стандартҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намояд;

- нишондиҳандаҳои кӯҳию техникӣ ва геологию физикии қаъри замини нафт ва газдошта, таркиби нафт, газ, конденсати газ ва омехтаҳои ба он ҳамроҳро муайян намояд;

- тарзу усулҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро, ки талафшавӣ ва пастшавии сифати нафт ва газро дар қаъри замин пешгирӣ мекунанд, ҷорӣ намояд;

- мувофиқи дастурамалҳои соҳавӣ корҳоро дар чоҳҳо ва дигар иншоот, ки истифодаи минбаъдаашон самаранок намебошад, қатъ намояд;

- корҳои бехатариро пеш барад;

- заминҳои дар натиҷаи амалиёти нафтугазӣ зарардидаро барқарор намояд;

- ҳангоми кашфи конҳои нафт ва газ мақоми ваколатдори давлатиро бетаъхир огоҳ намояд;

- сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити зистро ҳифз кунад;

- лоиҳаи сохтмони анборҳои нафт ва газро бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа намояд;

- баъд аз муайян гардидани ҳаҷми захираҳои нафт ва газ лоиҳаи тарзи истифодабарии конҳоро таҳия карда, барои мувофиқа ба мақоми ваколатдор дар соҳаи бехатарии саноат пешниҳод намояд;

- барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади ҷустуҷӯ ва баҳодиҳӣ пас аз анҷоми корҳои геологию иктишофи сейсмикӣ маълумотҳоро оид ба тақсими маҳсулот дар созишнома нишон диҳанд.

Моддаи 9. Ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади истихроҷи нафт ва газ

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади пешбурди корҳои геологӣ, омӯзишӣ, лоиҳакашӣ, коркард ва истифодабарии қаъри замини нафт ва газдошта дар мадди аввал шартҳои зеринро мегузорад:

- афзалияти истифодабарии қитъаи замини барои намуди муайяни фаъолият ҷудошуда;

- таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- афзалиятнокии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва таъиноти дигар, ки тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии онҳо ба дигар мақсадҳо иҷозат дода намешавад ва ё маҳдуд карда шудааст.

2. Муносибатҳое, ки байни соҳибмулк ва истифодабарандагони қитъаҳои замин оид ба коркард ва истифодабарии қари замини нафт ва газдошта ба миён меоянд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 10. Барқарор кардани қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои геологӣ оид ба омӯзиши захираҳои нафт ва газ ҷудо карда шудаанд

1. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки қитъаи замини барои истихроҷи нафт ва газ истифодашударо ба ҳолати аввала баргардонад, инчунин ҷуброни талафи маҳсулоти кишоварзиро тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд.

2. Пеш аз мӯҳлат даст кашидани шахси иҷозатномадор аз истифодабарии қитъаи замини ба ӯ барои пешбурди корҳои иктишофи қаъри замин ҷудокардашуда, ҳадди ақалли ҳатмии корҳои иктишофиро кам намекунад.

Моддаи 11. Талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ

1. Талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- бунёди сохтори чоҳ, ки ҳифзи боэътимоди қабатҳои нафтдиҳандаи заминро таъмин мекунад;

- таъмини бехатарии пешбурди корҳо ва назорати сохтмон ва истифодабарии чоҳҳо;

- пешгирӣ ва бартарафсозии фаввораҳо;

- таъмини бехатарии қубурҳои интиқолии байни конҳои нафт ва газ;

- ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии нафт ва газ ва нигоҳдории фишори қабатҳои нафтдиҳанда;

- истифодабарии техника, технология ва усулҳои муосири истифодабарии қабатҳои нафтдиҳандаи замин барои вусъат бахшидан ба истихроҷи нафт ва газ.

2. Дар як иншоот якҷоя истифода бурдани маводи геологие, ки ҷудокунии техникӣ ва технологии онҳо бе ташкили низоми боэътимоди ченкунии нишондиҳандаҳои технологӣ дар алоҳидагӣ ғайриимкон аст, манъ мебошад.

БОБИ 4. ИНШООТИ ҚУБУРҲОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИҚОЛИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 12. Муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ - истифодабарандагони қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон

Муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ - истифодабарандагони қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома танзим карда мешаванд.

Моддаи 13. Лоиҳакашии иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

1. Лоиҳакашии иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газро ташкилотҳое, ки иҷозатнома доранд, иҷро менамоянд.

2. Экспертизаҳои экологӣ, иқтисодию техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон ва таҷдиди иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии дахлдор муайян ва гузаронида мешаванд.

Моддаи 14. Тартиби истифодабарии иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

1. Соҳибмулкони иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газро аз истифодабарӣ бароранд ё самти истифодаашонро тағйир диҳанд. Дар сурати дастрас намудани чунин розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки иншооти мазкурро фурӯшанд, таъиноти истифодабариашонро иваз ё таҷзия намоянд.

2. Соҳибмулкони иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ ҳуқуқ доранд иншооти худро мустақилона ва ё дар асоси шартномаҳои интиқоли нафт ва газ барои пешбурди хоҷагидорӣ истифода баранд.

3. Истифодабарии қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад.

4. Истифодабарандагони қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ ӯҳдадоранд корҳои зеринро ба анҷом расонанд:

- гузаронидани назорати ташхисии ҳолати техникии қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ тибқи қоидаҳои техникӣ;

- баҳисобгирии ҳаҷми нафт ва гази тавассути қубурҳои магистралӣ интиқолшаванда.

БОБИ 5. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИСТИФОДАБАРИИ ИНШООТИ ИСТИХРОҶ ВА ҚУБУРҲОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИҚОЛИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 15. Талабот оид ба бехатарии истифодабарии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

Талаботи асосӣ оид ба таъмини бехатарии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ инҳо мебошанд:

- истифодабарии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафту газ ва таъмини нигоҳдории воситаҳои бехатарии онҳо мутобиқи лоиҳа, меъёрҳо, қоидаҳо ва шартҳои техникӣ;

- ба лоиҳа ворид намудани меъёрҳо, шартҳои техникӣ, қоидаҳо ва чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии фаъолият;

- пешгирӣ намудани оқибатҳои ҳолатҳои садамавии эҳтимолӣ;

- манъ кардани дахолати шахси бегона ба фаъолияти иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафту газ, ки ба эҳтимоли халалдоршавии бехатарии кори онҳо оварда мерасонад;

- гузаронидани экспертизаи давлатӣ оид ба арзёбии дараҷаи бехатарии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафту газ дар давраи лоиҳакашӣ ва ба истифода супоридани он;

- таъмини назорати истифодаи бехатарии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафту газ ва ҳолати техникии онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши малакаю дониши коргарони хизматрасон дар қитъаҳои хатарнокиашон баланд;

- гузаронидани экспертизаи экологии давлатии ҳуҷҷатҳо оид ба арзёбии дараҷаи таъсиррасонии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафту газ ба муҳити зист.

Моддаи 16. Ташкили корҳо доир ба бартарафсозии оқибатҳои садама

1. Иҷозатномадор барои истифодабарии қубурҳои магистралӣ ӯҳдадоранд барои бартараф намудани оқибатҳои садамае, ки сабаби вайроншавии иншооти мазкур мегардад, бояд чораҳои бетаъхиру самаранок андешида, оид ба ин ҳолат мақоми давлатии дахлдорро хабардор намоянд.

2. Иҷозатномадор барои истифодабарии қубурҳои магистралӣ хараҷоти зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд.

Моддаи 17. Тартиби истифодабарии қитъаи замин аз тарафи шахсони ҳуқуқии дорои қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ

1. Шахсони ҳуқуқии дорои қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар ҳудуди қитъаи замини ҷудошуда бо назардошти минтақаи муҳофизатӣ ҳуқуқ доранд, корҳои хизматрасонӣ ва таъмири асосии таҷҳизот, пешгирии садамаҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

2. Лоиҳаҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта барои ҷудо намудани қитъаи замин дорои ҳуқуқҳои афзалиятнок мебошанд. Қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.