Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2015 № 149 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб" дар заминаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунандаи он таъсис дода шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии мазкурро бо стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии дахлдор таъмин намояд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнро ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб барои соли таҳсили 2015-2016 ва солҳои минбаъда муқаррар намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул ва супоридани бино ва амволи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб комиссия таъсис дода, қабул ва супоридани бино ва амволи филиали мазкурро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин карда, ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

5. Сархати понздаҳуми Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб" дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон".

6. Дар Номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 147 "Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Исфара, гимназияи "Кӯлоб"-и назди филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб" ба калимаҳои "филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, гимназияи "Кӯлоб"-и назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб" иваз карда шавад.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, № 471 "Дар бораи таъсиси филиали Донишгоҳи технологаи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 13 марти соли 2015 № 149

ш.Душанбе