Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" феврали соли 2015, № 105
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
1. Муқаррароти умумӣ
1. Китобхонаи миллии Тоҷикистон объекти дорои арзиши махсуси мероси миллӣ, илмӣ ва таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, осори хаттии гузаштаю имрӯз, ҳуҷҷатҳо, дастхатҳои нодир ва бойгонии матбуоти давриро ҳифз менамояд ва ба рушди минбаъда эҳтиёҷ дорад.
2. Бинобар сабаби ба итмом расидани "Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2005, №238 тасдиқ шуда буд, зарурати таҳияи "Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" (минбаъд - Барнома) ба миён омадааст.
3. Барномаи нави рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон (минбаъд - Китобхона) барои солҳои 2015-2020 бо мақсади таъмини дурнамои рушди Китобхона таҳия гардида, самти муҳимтарин ва афзалиятноки инкишофи онро ба инобат гирифтааст.
4. Дар Барнома татбиқи чорабиниҳо вобаста ба таъмини ҷараёни ҳифз, таъмир, барқарорсозӣ, рақамигардонии дастхатҳо, китобҳои нодир ва чопи сангӣ (литографӣ), китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда, рақамигардонии фонди фолклор ва мероси мусиқии халқи тоҷик ва дигар масъалаҳои пешрафти Китобхона пешбинӣ гардидаанд.
5. Татбиқи Барнома барои харидории таҷҳизоти иловагӣ ва серверҳои пуриқтидор, иҷозатномаи истифодабарандагони барномаи "Алеф " ("Aleph") ва дастгирии ҳамасолаи техникии он имкон фароҳам меоварад.
2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
6. Мақсади Барнома таъмини дурнамои рушди устувори Китобхона мебошад.
7. Барои ноил гардидан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин зарур мебошад:
- харидории иҷозатномаҳо барои таъминоти барномаҳо, таҷҳизот ва серверҳои аз нуқтаи назари техникӣ ва хотира пуриқтидор барои таъсиси Маркази ягонаи автоматишуда;
- автоматӣ кардани тамоми равандҳои фаъолият дар Китобхона;
- рушди китобхонаи электронӣ, идомаи ҷараёни феҳристнигории электронӣ ва рақамигардонии ҳуҷҷатҳои Китобхона;
- дар доираи воҳидҳои амалкунандаи корӣ таъсис додани озмоишгоҳи таъмиру барқарорсозии ҳуҷҷатҳо ва Маркази автоматишудаи захираҳои иттилоотии назди тифлокабинети Китобхона;
- коркарди кимиёвию биологии китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда;
- ғанӣ гардонидани фонди Китобхона тавассути харидории дастхатҳои шарқӣ ва китобҳои нодир аз аҳолии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ;
- ташаккули фонди (бойгонии) электронии (рақамии) фолклор ва мероси мусиқии халқи тоҷик;
- харидории таҷҳизоти техникӣ - дастгоҳҳои сабти овоз, наворбардорӣ, намоишдиҳӣ, беҳтар намудани сатҳи биноӣ, шунавоӣ ва ғайра;
- ҷалби мутахассисон ва коршиносони варзидаи хориҷӣ ба ҷараёни таълими кормандони Китобхона;
- такмили ҳамаҷонибаи сомонаи Китобхона;
- бунёди хазинаи электронии "Сабти видеоии консерт ва намоишномаҳои ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон";
- таъсиси сомонаи "Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон";
- таҳқиқи мушкилоти назариявӣ ва методологии китобхонашиносӣ, сарчашмашиносӣ, библиография ва таърихи китоби тоҷик;
- гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба тарғиби китоб, ҷалби аҳолӣ, бахусус насли наврас, ба хониш ва таъмини дастрасии озод ба иттилоот; - гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ бо мақсади такмили пайвастаи низоми автоматишудаи тамоми самтҳои фаъолияти Китобхона;
- беҳтар намудани робитаҳо дар доираи мубодилаи байналмилалии китоб, дастрасии электронии иттилоот ва ҳуҷҷатҳо;
- ташкили обуна ба махзанҳои машҳури иттилооти электронии хориҷӣ вобаста ба эҳтиёҷи воқеии истифодабарандагони Китобхона;
- ширкати фаъолона дар конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии соҳавӣ ва мубодилаи байналмилалии мутахассисони соҳаи китобдорию иттилоотӣ;
- харидории таҷҳизот барои типографияи хурд;
- таъсиси маҷаллаи соҳавӣ;
- мониторинги иҷрои Барномаи мазкур, вазъият ва самтҳои асосии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Самтҳои татбиқи Барнома
8. Ҷиҳати таъмини рушди устувори фаъолияти Китобхона то соли 2020 дар Барнома самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:
- таъсиси Маркази ягонаи автоматишудаи кории ҳамоҳангсоз;
- таъмини ҷараёни ҳифз, таъмир, барқарорсозӣ ва рақамигардонии фондҳои Китобхона; - автоматӣ гардонидани равандҳои фаъолияти Китобхона; - ташаккули фонди электронии фолклор ва мероси мусиқии халқи тоҷик;
- таъсиси Маркази автоматишудаи захираҳои иттилоотии назди тифлокабинети Китобхона;
- омода намудани кадрҳо, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
9. Сарчашмаҳои маблағгузории "Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" маблағҳои махсуси он, маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ, инчунин грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.
5. Муҳлати татбиқи Барнома
10. Барнома дар давоми солҳои 2015-2020 татбиқ мегардад. Ин Барнома марҳилаи аввали татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини рушди устувори Китобхонаро фаро гирифта, пас аз татбиқи пурраи мақсад ва вазифаҳои он барномаҳои нав таҳия мегарданд.
6. Натиҷаи ниҳоии татбиқи Барнома
11. Баъди татбиқи Барнома натиҷаҳои зерин ба даст меоянд:
- дар Китобхона Маркази ягонаи автоматишудаи кории ҳамоҳангсоз бо захираи муттаҳидшуда ташкил меёбад;
- тамоми равандҳои фаъолият дар Китобхона автоматӣ мешаванд;
- китобхонаи электронӣ рушд намуда, феҳристнигории электронӣ ва рақамигардонии ҳуҷҷатҳои Китобхона тибқи стандартҳои байналмилалӣ анҷом меёбад;
- мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мубодилаи байналмилалии иттилооти китобдорӣ устувор мегардад;
- дар ҷумҳурӣ озмоишгоҳи таъмиру барқарорсозии китобҳо таъсис меёбад;
- тавассути харидории дастхатҳои шарқӣ ва китобҳои нодир аз аҳолии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ фонди Китобхона ғанӣ мегардад;
- бо таъсиси Маркази автоматишудаи захираҳои иттилоотии назди тифлокабинети Китобхона барои ин табақаи истифодабарандагон дастрасии озод ва баробар ба сарчашмаҳои (захираҳои) иттилоотӣ таъмин мегардад;
- фонди (бойгонии) электронии (рақамии) фолклор ва мероси мусиқии халқи тоҷик ташаккул меёбад;
- мутахассисон ва коршиносони варзидаи хориҷӣ ба ҷараёни таълими кормандони Китобхона ҷалб гардида, сатҳи дониши назариявӣ ва малакаи касбии кормандони он баланд мегардад;
- сомонаҳои "Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон" бунёд мегарданд; - маводи чопию электронӣ ва хизматрасонии Китобхона дар бозори иттилоотӣ рақобатпазир гардида,шумораи истифодабарандагони он афзоиш меёбад;
- барои таҳқиқи илмии соҳа замина фароҳам меояд;
- мубодилаи байналмилалии китоб, дастрасии электронии иттилоот беҳтар гардида, ширкати китобдорони тоҷик дар конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои соҳавӣ фаъол мегардад.
Замимаи 1-2