Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ" бо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ"-ро ҳал намояд.
3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 феврали соли 2015 № 128
ш. Душанбе