Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" пас аз калимаҳои "муовини Раис" калимаҳои ", инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар" илова карда шаванд.
2. Ба Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- бандҳои 8 ва 9 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"8. Дар Кумита таҳти роҳбарии Раиси Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он муовини якум, муовини Раис (аз рӯи вазифа), инчунин дигар кормандони пешбари Кумита дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
9. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумитаро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо аксари овозҳои аъзои ҳайати мушовара қабул шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои Раиси Кумита дар амал татбиқ карда мешаванд.";
- бандҳои 8-11 мутаносибан бандҳои 10-13 ҳасобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2015 № 134
ш.Душанбе