Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №181
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 181 "Дар бораи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- сархатҳои ҳаштум ва нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Раёсати иҷрои ҳукмҳо ва қайди махсус
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ";
- сархати ёздаҳум хориҷ карда шавад.
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти Сохтори дастгоҳи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар доираи воҳидҳои кори мавҷуда амалӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2015 № 90
ш.Душанбе