Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҳамроҳкунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоотию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таҷдиди сохторию маъмурии муассисаҳои нақлиёти автомобилии фаъолияташон такроршаванда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоотию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" бо роҳи ҳамроҳ кардан ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" аз нав ташкил дода шавад.
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" вориси ҳуқуқии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоитию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" дониста шавад.
3. Идоракунии оперативии корхонаи муттаҳидшуда дар асоси оинномаи он, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. амалӣ карда шавад.
4. Банди 26 замимаи 1 "Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва муассисаҳо тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 феврали соли 2015 № 64
ш. Душанбе