Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 64 "Дар бораи ҳамроҳкунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоотию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҳамроҳкунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоотию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таҷдиди сохторию маъмурии муассисаҳои нақлиёти автомобилии фаъолияташон такроршаванда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоотию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" бо роҳи ҳамроҳ кардан ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" аз нав ташкил дода шавад.

2. Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" вориси ҳуқуқии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази иттилоитию таҳлилии нақлиёти Хуҷанд" дониста шавад.

3. Идоракунии оперативии корхонаи муттаҳидшуда дар асоси оинномаи он, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. амалӣ карда шавад.

4. Банди 26 замимаи 1 "Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва муассисаҳо тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 26 феврали соли 2015 № 64

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О присоединении Открытого акционерного общества "Худжандский транспортный информационно-аналитический центр" к Государственному унитарному предприятию "Автомобильный транспорт и логистическое обслуживание"

В соответствии со статьями 58 и 59 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью административно-структурного преобразования автотранспортных учреждений, деятельность которых дублируется, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Преобразовать Открытое акционерное общество "Худжандский транспортный информационно-аналитический центр" путём его присоединения к Государственному унитарному предприятию "Автомобильный транспорт и логистическое обслуживание".

2. Признать Государственное унитарное предприятие "Автомобильный транспорт и логистическое обслуживание" правопреемником Открытого акционерного общества "Худжандский транспортный информационно-аналитический центр".

3. Оперативное управление преобразованного учреждения осуществить на основании его устава, утвержденного Министерством транспорта Республики Таджикистан.

4. Пункт 26 приложения 1 "Программы приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан на 2014-2016 годы", утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557, исключить.

5. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в Реестр акционерных обществ и учреждений.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 26 февраля 2015 года, № 64