Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 калимаи "соҳибкорӣ" ба калимаҳои "соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Низомнома, сохтор ва ҳайати Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3).";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
2. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 14 феврали соли 2015 № 62
ш. Душанбе