Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 2015, № 38
тасдиқ шудааст
Дастурамал дар бораи тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастурамали мазкур ҷиҳати иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 352 "Дар бораи ворид намудани тағийрот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 "Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизмати хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия карда шуда, тартиб ва мақсади татбиқи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматиро муайян менамояд.
1. Сафари корманд бо амри роҳбари мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот, иттиҳодия ва корхона ба мӯҳлати муайян ба ҷои дигар барои иҷрои супориши хизматӣ берун аз ҷои кори доимӣ сафари хизматӣ эътироф карда мешавад.
2. Дар ҳолатҳое, ки филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар ҷузъҳои ба таркиби мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот, иттиҳодия, корхона дохилшаванда дар ҷои дигар воқеъ гардидаанд, ҷои кори доимӣ ҳамон ҷузъи истеҳсолӣ ҳисобида мешавад, ки кор дар он бо шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ карда шудааст.
3. Сафарҳои хизматии кормандоне, ки кори доимии онҳо дар роҳ мегузарад ё хусусияти рафту омад ё сайёр дорад, сафари хизматӣ ҳисобида намешавад.
4. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба сафарҳои хизматӣ бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
5. Муовинони вазирон, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ ва раисон ва муовинони раисони кумитаҳо, агентиҳо, хадамот, роҳбарони идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ метавонанд бо иҷозати Сарвазири ҷумҳурӣ, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба хориҷи ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ раванд ва дар дохили ҷумҳурӣ бошад, бо иҷозати роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор амалӣ мегардад.
6. Судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба хориҷи ҷумҳурӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизматӣ раванд.
7. Роҳбарони муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва корхонаҳо, ки дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, бо иҷозати роҳбарони мақомоти болоӣ, ки мутобиқан бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мувофиқа шудааст, ба сафарҳои хизматӣ рафта метавонанд.
8. Кормандони муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, аз ҷониби роҳбарони ин муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо ва корхонаҳо дар асоси фармон (амр) ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд.
9. Сафарҳои хизматии кормандон ба мақомоти болоӣ бо тартиби тобеият бо даъвати роҳбари ин мақомот ё бо мувофиқаи ӯ сурат мегирад.
10. Корманд ба сафари хизматӣ ба мақомоти болоӣ бо тартиби тобеият аз ҷониби роҳбари ин мақомот ба таври хаттӣ даъват (мувофиқа) карда мешавад.
11. Сафари хизматӣ тибқи фармон (амр) бо нишон додани маҳалли таъиншуда, номи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодия ва корхона дар асоси фармон (амр) ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд, мӯҳлат ва мақсади сафари хизматӣ ба расмият дароварда мешавад.
12. Фармон (амр) дар бораи ба сафари хизматӣ фиристодани корманд дар ҳолатҳое, ки корманд дар худи ҳамон рӯзи аз сафари хизматӣ ба ҷои кори доими баргашта ояд шаҳодатномаи сафари хизматӣ ба ғайр аз сафари хизматии хориҷӣ дода намешавад.
13. Ба корманде, ки ба сафари хизматӣ меравад, шаҳодатномаи сафари хизматӣ дода мешавад, ки онро роҳбари мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот, иттиҳодия ва корхона имзо мегузоранд.
14. Мӯҳлати воқеии дар ҷои сафари хизматӣ будан аз рӯи қайдҳои дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ гузошташудаи рӯзи омадану рӯзи баргаштан аз сафари хизматӣ муайян карда мешавад. Агар корманд ба маҳалҳои гуногуни аҳолинишин ба сафари хизматӣ фиристода шуда бошад, қайд дар бораи рӯзи омадан ва рӯзи рафтан дар ҳар маҳал гузошта мешавад. Дар ҳолати сафари хизматӣ ба хориҷа дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ қайдҳои рӯзи рафтан ва омадан аз сафари хизматӣ гузошта нашуда бошад, дар ин сурат мӯҳлати сафари хизматӣ мувофиқи қайдҳои дар шиносномаи шахсии корманд бо дарназардошти санаи чиптаҳои роҳкиро қайди мақомоти сарҳадот оид ба рӯзи баромадан ва ворид гаштан муайян карда мешавад.
15. Ба сафари хизматӣ рафтану аз сафари хизматӣ баргаштани корманд дар дафтарҳои махсусе, ки дар дастурамали мазкур замима гардидаанд, қайд карда мешавад.
16. Ба корманде, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешавад ҷои кор (вазифа) ва музди меҳнат бо ҳамаи иловапулиҳояш дар вақти дар сафари хизматӣ будани корманд аз рӯи басти вазифаҳо дар ҷои кори доимӣ муқарраргардида нигоҳ дошта мешавад.
17. Ҳангоми дар сафари хизматӣ будани шахсе, ки дар ду ҷой кор мекунад, музди меҳнат бо ҳамаи иловапулиҳояш дар ҳамон муассиса, ташкилот, иттиҳодия, корхонае нигоҳ дошта мешавад, ки ӯро ба сафари хизматӣ фиристодааст.
18. Музди меҳнат ба корманди ба сафари хизматӣ рафта бо хоҳиши ӯ аз ҳисоби мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот, иттиҳодия, корҳонае, ки ба сафари хизматӣ рафтааст, фиристода мешавад.
19. Дар сурати дар як вақт аз ҷои кори асосӣ ва кори дуюм ба сафари хизматӣ фиристодани корманд музди меҳнат бо ҳамаи иловапулиҳояш аз рӯи ҳар ду вазифа нигоҳ дошта шуда, хароҷоти сафари хизматӣ дар байни мақомоти ба сафари хизматӣ фиристонанда ва мақомоти дигар мувофиқи созиши байни онҳо тақсим карда мешавад.
20. Дар ҳолати корношоямии муваққатии корманди ба сафари хизматӣ фиристодашуда, ба ӯ дар асоси умумӣ маблағи хароҷоти шабонарӯзӣ (иловапулӣ ба музди меҳнат) пардохт гардида, инчунин хароҷоти кирояи манзили зист (ба ғайр аз ҳолатҳои дар табобати статсионарӣ ва амбулаторӣ будани корманди ба сафари хизматӣ фиристодашуда) дар давоми тамоми вақт пардохт карда мешавад, то он вақте, ки ӯ бинобар вазъи саломатӣ барои шурӯъ намудан ба иҷрои супориши хизматии ба ӯ гузошташуда ё ба маҳалли истиқоматии доимиаш баргаштан имкон надорад, аммо на бештар аз ду моҳ.
21. Корношоямии муваққатии корманди ба сафари хизматӣ рафта, инчунин бинобар аҳволи саломатӣ ба ҷои истиқоматии доимӣ баргашта натавонистани ӯ бояд бо тартиби муқарраргардида бо пешниҳоди варақаи беморӣ тасдиқ карда шавад.
22. Дар давраи корношоямии муваққатӣ ба корманди ба сафари хизматӣ рафта ба ҷои музди меҳнат дар асоси умумӣ кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ дода мешавад. Рӯзҳои корношоямии муваққатӣ ба мӯҳлати сафари хизматӣ дохил карда намешаванд.
23. Ба хизматчиёну коргароне, ки дар сафари хизматианд, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳати ҳамон мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳое, ки онҳо ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд, паҳн мегардад. Ба ивази рӯзҳои истироҳате, ки дар вақти сафари хизматӣ истифода набурдаанд, баъди бозгашт аз сафари хизматӣ дигар рӯзҳои истироҳат дода намешавад.
24. Агар корманд барои кор дар рӯзҳои истироҳат ё рӯзҳои ид махсус ба сафари хизматӣ фиристода шуда бошад, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар ин рӯзҳо, ҷуброн дода мешавад.
25. Дар сурати дар рӯзи истироҳат бо амри маъмурият ба сафари хизматӣ фиристодани корманд баъди бозгашт аз сафари хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рӯзи дигари истироҳат дода мешавад. Ҳангоми ба ҷои кори доимӣ то ба охир расидани рӯзи кори баргаштани корманд масъалаи вақти ба кор ҳозир шудани ӯ дар ҳамон рӯз тибқи созиш бо маъмурият ҳал карда мешавад.
26. Ба корманди ба сафари хизматӣ раванда пеш аз рафтан ба сафари хизматӣ дар доираи ҳаҷми маблағе, ки барои хароҷоти роҳкиро, хароҷоти шабонарӯзӣ ва кирояи манзили зист дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешмузд дода мешавад. Корманд дар давоми 3 рӯзи баъди баргаштан аз сафари хизматӣ бояд дар бораи натиҷаҳои сафари хизматӣ гузориши хаттӣ ва дар бораи маблағи харҷшудаи вобаста ба сафари хизматӣ ҳисоботи пешмуздӣ пешниҳод намояд. Ба ҳисоботи пешмуздӣ шаҳодатномаи сафари хизматӣ бо қайдҳои оид ба вақти рафтан ба сафари хизматӣ, расидан ба маҳалли таъиншуда, рафтан аз он ҷо ва омадан ба ҷои кори доимӣ, ҳуҷҷатҳои кирояи манзили зист ва хароҷоти воқеии роҳкиро ҳамроҳ карда мешавад.
27. Роҳбарияти мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот, иттиҳодия, корхона вазифадор аст,на дертар аз 5 рӯз оид ба гузориш ва ҳисоботи корманди ба сафари хизматӣ фиристодашуда, қарор қабул намояд.
28. Рӯзи ба роҳ баромадани қатора, автобус ё дигар воситаи нақлиёт аз ҷои кори доимии шахси ба сафари хизматӣ рафта рӯзи ба сафари хизматиравӣ, рӯзи ба ҷои кори доимӣ омадани нақлиёти мазкур, рӯзи омадан ҳисобида мешавад. Дар сурати то соати 24 ба роҳ даромадани нақлиёт якҷоя бо рӯзи рафтан шабонарӯзҳои ҷорӣ ва аз соати 00 ва дертар шабонарӯзҳои баъдина шуморида мешавад.
29. Агар истгоҳи ба роҳ баромадани қатора, бандар ё фурудгоҳ берун аз ҳудуди маҳалли аҳолинишин воқеъшуда бошанд, вақти зарурӣ барои то истгоҳ, бандар, фурудгоҳ расидан ба ҳисоб гирифта мешавад.
30. Мӯҳлати сафари хизматии кормандонро роҳбарияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо ва корхонаҳо муайян мекунанд, аммо он аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад, бидуни ҳисоби вақти роҳ.
31. Сафари хизматӣ ба хориҷа аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад.
32. Барои пардохти хароҷоти сафари хизматии хориҷӣ пеш аз сафари хизматии корманд аз ҷониби мақомоти идораи давлатии дахлдор пешниҳод оид ба ҳисоботи пешмузд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда на дертар аз 3 то 5 рӯз ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
33. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида маблағҳои сафари хизматиро ҳисобӣ намуда ба воситаи мақомоти идораи давлатии дахлдор маблағгузорӣ менамоянд.
34. Ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафари хизматӣ ба хориҷа даъватномаи расмӣ замима карда мешавад, ки дар он шартҳои мушаххаси буду бош дар кишварҳои даъваткунанда зикр карда мешавад.
35. Маблағҳои истифода нашудаи боқимондаи сафари хизматӣ мутобиқи ҳисоботи пешмузди пешниҳодшуда ба хазинаи мақомоти идораи давлатии дахлдор (ҷои кори асосӣ) баргардонида мешавад.
36. Ҳисоботи хароҷоти сафари хизматӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 сурат мегирад.
37. Дар вақти дар сафари хизматии хориҷӣ будан маблағи хароҷоти шабонарӯзӣ, ҷуброни хароҷоти роҳкиро фармони пешакии ҳуҷҷатҳои роҳ, хароҷоти вобаста ба истифодаи хизмати толорҳои ҳайатҳои вакилони расмӣ (VIP) барои шахсони дар банди 1 зербанди "а" ва "б" қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 зикр гардидаанд, хароҷоти хизматрасонии пулакӣ дар фурудгоҳ, раводиди рафту омад, хароҷоти кирояи манзили зист, хароҷоти вобаста ба хизмати алоқа, хароҷоти нақлиёти дохили мамлакат, хароҷоти намояндагӣ пардохт карда мешавад.
38. Ҳангоми сафари хизматии хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ ва кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба кишварҳои хориҷӣ, хароҷоти кирояи манзили зист (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ба шахси ба сафари хизматӣ рафта манзили зист бепул таъмин карда мешавад) дар ҳаҷмҳои зерин пардохт карда мешавад:
а) раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз рӯи хароҷоти воқеӣ;
б) аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дасттоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатаи молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумҳуриии Тоҷикистон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳисгони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи хароҷотҳои воқеӣ, вале на зиёда аз меъёри пардохти дар замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 пешбинишуда дар як шабонарӯз;
в) дигар хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар корхонаҳо аз рӯи хароҷоти воқеъӣ, вале на зиёда аз меъёри пардохти дар замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №531 пешбинишуда дар як шабонарӯз.
39. Ҳисоб барои кирояи манзили зист бояд бо квитансияҳои пардохти он ё қайдҳои дахлдор, ки пардохти онро тасдиқ менамоянд, асоснок карда шуда бошад.
40. Дигар хизматҳое, ки ба ҳисоби кирояи манзили зист дохил карда шудаанд (ба истиснои наҳорӣ), пардохт карда намешаванд.
41. Хароҷоти кирояи манзили зист дар сурати набудани хуҷҷатҳои тасдиқкунанда бинобар гум шудани онҳо дар ҳаҷми 50 фоизи меъёри мукарраргардида ҷуброн карда мешавад.
42. Хароҷоти шабонарӯзӣ барои ҳар рӯзи дар сафари хизматӣ будан дар кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми зерин пардохт мешавад:
- ба шахсони ба сафари хизматӣ рафта, ки дар банди 38 зербанди "а" ва "б" дастурамали мазкур зикр ёфтаанд, дар ҳаҷми 65 доллари ШМА ва барои хароҷоти ғайричашмдошт 20 фоизи меъёри харчи шабонарӯзӣ, зербанди "в" -55 доллари ШМА сурат мегирад;
- дар мавридҳои ҷудогонаи вобаста ба сафарҳои ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд меъёрҳои дигари пардохти хароҷот муқаррар карда шаванд;
- пардохти хизмати алоқа (телефон, факс, почта), ки бевосита бо кор вобаста аст, аз рӯи ҳуҷҷатҳои воқеии пешниҳодшуда сурат мегирад.
43. Хароҷоти роҳкиро дар кишварҳои хориҷӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои воқеии пешниҳодшудаи роҳкиро бо назардошти супориши пешакӣ барои шахсони ба сафари хизматӣ рафта, ки дар банди 38 зербанди "а" дастурамали мазкур зикр ёфтаанд, бо класси якум ё бизнес-класс, зербанди "б" бо бизнес-класс ва зербанди "в" бо класси иқтисодӣ пардохт карда мешаванд. Хизмати толорҳои ҳайатҳои вакилони расмӣ (71Р) - хароҷоти хизматрасонии пулакӣ дар фурудгоҳ барои категорияҳои шахсони ба сафари хизматӣ рафта, ки дар банди 38 зербандҳои "а" ва "б" зикр ёфтаанд, пардохт карда мешавад.
44. Хароҷоти нақлиёт дар дохили кишвари буду бош барои ҳайатҳои расмии ҳукуматӣ ва парлумонӣ ва гурӯҳи кори оид ба тайёр кардани сафарҳои расмии шахсони якуми Ҷумҳурии Точдкистон аз рӯи хуҷҷатҳои воқеии пешниҳодшуда пардохт карда мешавад.
45. Давомнокии сафари хизматӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ бо мӯҳлате, ки дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, муайян карда мешавад. Дар мавриди аз мӯҳлати муқарраргардида зиёдтар давом кардани сафари хизматӣ, хароҷоти иловагӣ бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
46. Пардохти хароҷоти сафари хизматӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳо чунин муқаррар карда шудааст:
- барои шахсони дар зербандҳои "а" ва "б" банди 38 дастурамали мазкур зикрёфта дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми то 200 сомонӣ, дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои Чкаловск, Исфара, Истаравшан, Панҷакенти вилояти Суғд, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода то 150 сомонӣ, дар маркази дигар шаҳру ноҳияҳо то 100 сомонӣ дар як шабонарӯз;
- барои шахсони дар зербанди "в" зикргардида дар шаҳри Душанбе то 120 сомонӣ, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то 80 сомонӣ дар як шабонарӯз;
- дар дигар маҳалҳои аҳолинишин барои ҳамаи шахсони дар сафари хизматӣ буда то 40 сомонӣ дар як шабонарӯз;
- ҳамчунин хароҷот барои истифодаи рахти хоб дар қатораҳо бо чиптаҳои (квитансияҳои) пешниҳодшуда ҷуброн карда мешавад.
- дар сурати набудани ҳуҷҷати пардохт хароҷоти кирояи манзилгоҳ 50 фоизи меъёри муқарраргардида пардохт карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба кормандон манзилгоҳи бепул дода мешавад.
47. Барои харҷи шабонарӯзӣ ҳангоми сафари хизматӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба шахсони дар зербандҳои "а" ва "б" банди 38 дастурамали мазкур зикргардида дар ҳаҷми 50 сомонӣ, зербанди "в" 40 сомонӣ, дигар маҳалҳои аҳолинишин 30 сомонӣ пардохт карда мешавад.
48. Ба шахсони ба сафари хизматӣ рафта маблағи хароҷоти шабонарӯзӣ ва кирояи манзилгоҳ дар сурате пардохта мешавад, агар ҷои сафари хизматӣ аз ҷои кори доимӣ дар масофаи бештар аз 30 километр воқеъ шуда бошад. Пардохти роҳпулӣ аз рӯи варақаи сайр бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз рӯи варақаи сафари хизматӣ сурат мегирад.
49. Ба шунавандагони шаҳрҳои дигар, ки берун аз кор барои таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд, маблағи харҷи шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 55 доллари ИМА ва дар дохили ҷумҳурӣ дар давоми то як моҳ барои ҳар рӯз 30 сомонӣ пардохт карда мешавад.
50. Пардохти роҳкиро дар кишварҳои хориҷӣ ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи тасдиқкунанда сурат мегирад. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, хароҷоти роҳкиро ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраргардида пардохт карда мешавад. Ба ҷуброни хароҷот арзиши фармоиши пешакии чиптаҳои роҳ ва ҷой дар меҳмонхона дохил мешавад. Ба корманди ба сафари хизматӣ рафта хароҷоти роҳкиро дар нақлиёти автомобилӣ (ғайр аз таксӣ) то истгоҳи роҳи оҳан, бандар ва фурудгоҳ пардохта мешавад, агар онҳо берун аз ҳудуди маҳаллӣ аҳолишин воқеъ гардида, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мавҷуд бошанд.
51. Ба роҳбарон, мутахассисон ва коргароне, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, ҳангоми иштирок дар корҳои истеҳсолӣ ба ҷои хароҷоти шабонарӯзӣ илова ба музди меҳнаташон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо на бештар аз 40 сомонӣ ва дар дигар нуқтаҳои
аҳолинишин 30 сомонӣ барои ҳар як рӯзи дар сафари хизмати буданашон пардохт карда мешавад, инчунин:
- андозаи изофапулӣ, ки барои иҷрои корҳои характери сайёрӣ, вахтавӣ шароити саҳроӣ дошта дода мешавад, дар ҳамаи ҳолатҳо дар як рӯз аз 30 сомонӣ камтар буда наметавонад;
- мӯҳлати сафари хизматии роҳбарон, мутахассисон ва коргарон, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ фиристода шудаанд, набояд аз як сол зиёд бошад;
- агар корманд барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ ба мӯҳлати бештар аз ду моҳ ба сафари хизматӣ фиристода шуда, аммо бо фармони маъмурият ба ҷои кори доимӣ барвақтар аз ду моҳ баргашта омада бошад, ба ӯ барои вақти дар ҷои сафари хизматӣ буданаш дар асоси умумӣ маблағи сафари хизматӣ пардохт карда мешавад.
52. Агар баъда ба охир расидани мӯҳлати сафари хизматӣ корфармо зарур шуморад, ки корманд бо розигии худаш нигоҳ дошта, ба ҷои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ ба кори доимӣ гузаронидани ӯ бо тартиби муқаррарӣ ба расмият дароварда шавад, ба вай ҷубронпулӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда имтиёзҳо дода мешаванд.
53. Иловапулӣ ба ивази хароҷоти шабонарӯзӣ барои ҳар рӯзи тақвимии дар кори насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ будани корманд пардохт карда мешавад.
54. Иловапулӣ ба ивази хароҷоти шабонарӯзӣ дар вақти иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ ба инҳо пардохт карда намешавад:
- ба кормандоне, ки дар ҷойҳои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ қабул шудаанд;
- ба кормандоне, ки ба корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ бо тартиби гузарондан ба ҷои дигар тибқи шартҳои пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда фиристода шудаанд;
- ба кормандон ҳангоми дар рухсатӣ будан, инчунин барои рӯзҳои набаромадан ба кор бе сабабҳои узрнок;
- ба кормандон дар вақти иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ берун аз ҷои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ;
- ба кормандоне, ки барои назорат ба иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд.
55. Ба заноне, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд, дар рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак мебошанд, барои вақте, ки ба онҳо варақаи беморӣ дода шудааст, бо тартиби муқарраршуда иловапулӣ дода мешавад.
56. Дар ҳолатҳое, ки коргари бемор ё зани коргари дар рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак буда берун аз ҷои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ зиндагӣ мекунад, ба онҳо иловапулӣ дода намешавад.
57. Иловапулӣ ба ивази хароҷоти шабонарӯзӣ ба кормандони зерин пардохт карда мешавад:
- ба онҳое, ки корро бо усули вахтагӣ иҷро менамоянд, барои ҳар рӯзи дар ҷойҳои иҷрои кор будан дар давраи вахта, инчунин барои рӯзҳои воқеии дар роҳ будан аз ҷои воқеъшудаи корхона (маҳалли ҷамъомад) то ҷои кор ва баръакс;
- ба шахсоне, ки барои иҷрои корҳои насбу васлкунӣ, танзимгарӣ ва сохтмонӣ, инҷунин иҷрои корҳои дорои хусусиятҳои рафту омад ё сайёр ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд барои рӯзҳои тақвимии дар роҳ, сафари хизматӣ, объектҳои алоҳида будан.
58. Иловапулӣ барои иҷрои корҳои характери сайёр дошта дар ҳолатҳое, ки рафту омади сафар дар вақти ғайрикорӣ аз ҷои воқеъшудаи корхона ва ташкилот ё маҳалли ҷамъомад то ҷои кор дар объект ва баръакс дар як рӯз на камтар аз се соатро ташкил медиҳад, дар ҳаҷми 20 фоиз, на камтар аз 2 соат - 15 фоизи маблағи харҷи шабонарӯзӣ, ки барои пардохти сафарҳои хизматӣ муқаррар гардидааст, пардохт карда мешавад.
Шаҳодатномаи сафарӣ
Дафтар