Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 118 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзими пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали замимагардида дар бораи тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 январи соли 2015 № 38
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об Инструкции о порядке оплаты расходов служебных командировок государственных служащих, работников государственных организаций и учреждений в зарубежные страны, а также в пределах Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 118 Трудового кодекса Республики Таджикистан и в целях упорядочения возмещения командировочных расходов государственным служащим, работникам государственных организаций и учреждений, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Инструкцию о порядке оплаты расходов служебных командировок государственных служащих, работников государственных организаций и учреждений в зарубежные страны, а также в пределах Республики Таджикистан.
2. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2015 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 января 2015 года, № 38