ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 28 майи соли 2014 дар шаҳри Манома ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Шоҳигарии Баҳрайнро дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 29 октябри соли 2014, № 1624
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн,
бо хоҳиши ба имзо расонидани Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1 Ашхосе, ки нисбат ба онҳо Созишнома истифода бурда мешавад
Созишномаи мазкур нисбат ба он шахсоне истифода бурда мешавад, ки резидентони яке ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда мебошанд.
Моддаи 2 Андозҳое, ки нисбат ба онҳо Созишнома татбиқ мегардад
1. Созишномаи мазкур нисбат ба андозҳо аз даромад, ки аз номи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ёвоҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва ё сиёсӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он ситонида мешаванд, сарфи назар аз шакли ситонидани онҳо, татбиқ карда мешавад.
2. Андозҳо аз даромадҳамаи андозҳое ҳисобида мешаванд, ки аз маблағи умумии даромадё аз қисмҳои алоҳидаи даромад, аз ҷумла андозҳои даромад азбегона кардани амволи манқул ва ғайриманқул, андозҳое, ки корхонаҳо аз маблағи умумии музди меҳнат ё маош пардохт менамоянд, инчунин андозҳое, ки аз даромад аз афзоиши сармоя ситонида мешаванд.
3. Ба андозҳои амалкунандае, ки нисбат ба онҳо Созишнома татбиқ мегардад, аз ҷумла инҳо мансубанд:
а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
(i) андози даромад;
(ii) андоз аз фоида;
(iii)андоз аз амволи ғайриманқул; (ки минбаъд "андозҳои Тоҷикистон" номида мешаванд)
b) дар Шоҳигарии Баҳрайнандози даромад, ки мутобиқи Фармони Амир №22/1979 ҳамчун "Андози нафт" ситонида мешавад (минбаъд "андози Баҳрайн" номида мешавад).
4. Созишнома ҳамчунин нисбати ҳама гуна андозҳои ба ин монанд ва аз рӯи хислаташон якхелае, ки баъди санаи ба имзо расидани Созишномаи мазкур илова бар андозҳои мавҷуда ё ки бар ивази онҳо ситонида мешаванд, мавриди татбиқ қарор мегирад. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда якдигарро аз ҳар гуна тағйироти назаррасе, ки ба қонунгузории андози онҳо ворид карда мешаванд, огоҳмесозанд.
Моддаи 3 Мафҳумҳои умумӣ
1. Барои мақсадҳоиСозишномаи мазкур, агар матн маънои дигареро надиҳад:
(a)(i) истилоҳи "Тоҷикистон" маънои ҶумҳурииТоҷикистонро дорад ва ҳангоми истифодабарӣ ба маънои ҷуғрофӣ қаламрав, обҳои дохилӣ, фазои онро дар бар мегирад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он метавонад ҳуқуқҳои мустақил ва доираи ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ва захираҳои табииро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намояд ва дар он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад;
(ii) истилоҳи "Баҳрайн" маънои қаламрави Шоҳигарии Баҳрайн, инчунин ноҳияҳои наздибаҳрӣ, қаъри баҳр ва зери хокро дорад, ки Баҳрайндар он ҳуқуқҳои мустақил ва доираи ҳуқуқҳоро мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ менамояд;
b) истилоҳоти"Давлати Аҳдкунанда" ва "Давлати дигари "Аҳдкунанда"вобаста ба матн маънои Тоҷикистон ё Баҳрайнро доранд;
с) истилоҳи "андоз" маънои ҳар андозеро дорад, ки моддаи 2 ин Созишнома онҳоро дар бар гирифтааст;
d) истилоҳи"шахс" шахси воқеӣ, ширкат ва ҳар иттиҳодияи дигари шахсонро дар бар мегирад;
e) истилоҳи"ширкат" маънои ҳармуассисаи корпоративӣ ё ҳар иттиҳоди дигареро дорад, ки барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун муассисаи корпоративӣ баррасӣ мешавад; ё ҳар иттиҳоди дигаре, ки тибқи қонуни ин ё он Давлати Аҳдкунанда ҳамчун иттиҳодияи корпоративӣ таъсис ёфтааст ё эътироф гардидааст;
f) истилоҳи "корхона" нисбатиамалӣ гардонидани ҳамагуна фаъолияти соҳибкорӣ истифода мегардад;
g) мафҳумҳои"корхонаи Давлати Аҳдкунанда" ва "корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда" мутобиқан маънои корхонае, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда идора менамояд ва корхонаеро доранд, ки резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда идора мекунад;
h) истилоҳи "ҳамлу нақли байналхалқӣ" маънои ҳама гуна боркашониҳоро тавассути нақлиёти баҳрӣ, ҳавоӣ, автомобилӣ ё роҳи оҳан дорад, ки аз ҷониби корхонае истифода мешаванд, ки маҳалли воқеии идоракунии он дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунандавоқеъ аст, ба истиснои он ҳолатҳое, ки киштӣ ё тайёра, нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилӣ танҳо байни маҳалҳои дарқаламрави Давлати дигари Аҳдкунанда қарордошта истифода мегардад;
i) истилоҳи "мақомоти салоҳиятдор":
(i) дар мавриди Тоҷикистон - маънои Вазорати молия ва ё намояндаи ваколатдори онро дорад;
(ii) дар мавриди Баҳрайн - маънои Вазири молия ё намояндаи ваколатдори ӯро дорад;
j) истилоҳи"шахси миллӣ"маънои зерин дорад:
i) ҳар шахси воқеие, ки миллати Давлати Аҳдкунандаро дорад;
(ii) ҳар шахси ҳуқуқӣ, ширкат ё ассотсиятсияе, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Давлати Аҳдкунанда чунин мақомро гирифтааст.
2. Дар ҳар мавриди истифодаи Созишномаи мазкур аз ҷониби Давлати Аҳдкунанда, ҳар истилоҳе, ки дар он муайян нашудааст, агар дар ин матн мазмуни дигар нагирад, бояд ҳамон мазмунро дошта бошад, ки айни замон қонунгузории ҳамин Давлат нисбати андозҳое муқаррар намудааст, ки Созишномаи мазкур нисбати онҳо татбиқ мешавад.Ҳар маъно тибқи қонунгузории андози ҳамин Давлат нисбат ба маънои ҳамин истилоҳ дар дигар қонунгузории ҳамин Давлат бартарӣ дорад.
Моддаи 4 Резидент
1. Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳи "резиденти Давлати Аҳдкунанда" маънои зерин дорад:
(а) дар мавриди Баҳрайн - шахси воқеие, ки дар давоми давра ё давраҳои дар маҷмӯъ 183 рӯзро дар соли молиявӣ ташкилкунанда шахси миллии Баҳрайн мебошад ва дар Баҳрайн қарор дорад ва ширкат ё шахси ҳуқуқии дигар, ки дар Баҳрайн ба қайд гирифта шудааст ё дар он маҳалли идоракунӣ дорад;
(b) ҳар шахсе, ки мутобиқи қонунгузорииТоҷикистон дар он дар асоси маҳалли доимии истиқомат, маҳалли доимии буду бош, маҳалли идоракунӣ ё бақайдгирӣ ё дигар меъёрҳои ҳамин хусусиятро дошта бояд мавриди андозбандӣ қарор гирад, инчунин ин Давлат ва ҳар воҳиди маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимиятро дар бар мегирад.
2. Агар мутобиқи муқаррароти банди 1 Моддаи мазкур шахси воқеӣ резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, мақоми вай бояд ба тариқи зайл муайян карда шавад:
а) шахс резиденти маҳз ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки дар он манзили доимӣ дорад; агар вай дар ҳарду Давлат манзили доимӣ дошта бошад, пас вай резиденти танҳо ҳамон Давлате дониста мешавад, ки ӯ дар он ҷо робитаҳои наздиктари шахсӣ ва иқтисодӣ (маркази манфиати ҳаётӣ) дорад;
b) агар Давлатеро, ки шахс дар он маркази манфиати ҳаётӣ дорад, муайян кардан ғайриимкон бошад, ё ки ӯ дар ҳеҷ яке аз ин Давлатҳо манзили доимӣ надошта бошад, пас ӯ резиденти танҳо ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки одатан дар он истиқомат мекунад;
c) агаршахс маъмулан дар ҳарду Давлат истиқомат кунад, ё ки дар ҳеҷ яке аз онҳо истиқомат накунад, он гоҳ ӯ резиденти танҳо ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки шахси миллии он мебошад;
d) агар вай шахси миллии ҳарду Давлат бошад, ё шахси миллии ҳеҷ яке аз онҳо набошад, он гоҳ мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда ин масъаларо бо мувофиқаи мутақобила ҳал мекунанд.
Моддаи 5 Муассисаи доимӣ
1. Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳи "муассисаи доимӣ" маънои маҳалли доимии фаъолиятро дорад, ки тавассути он фаъолияти соҳибкории корхона пурра ё қисман ба амал бароварда мешавад.
2. Истилоҳи "муассисаи доимӣ" асосанинҳоро дар бар мегирад:
a) маҳалли идоракунӣ;
b) шӯъба;
c) идора;
d) фабрика;
e) устохона; ва
f) шахта, чоҳи нафт ё газ, карер ё ҳар маҳалли дигари истихроҷи захираҳои табиӣ;
g) полоишгоҳ;
h) бозори фурӯш; ва
i) анбори мол нисбати шахсе, ки барои дигарон хизматрасонии нигоҳдории молро анҷом медиҳад.
3. Истилоҳи "муассисаи доимӣ" ҳамчунин инҳоро дар бар мегирад:
а) майдончаи сохтмонӣ ва ёобъекти сохтмон, насб ёваслшаванда ё фаъолияти марбут ба назорати иҷрои ин корҳо, фақат агар чунин майдонча ё чунин фаъолият бештар аз 6 моҳ вуҷуд ё давом дошта бошад;
b) расонидани хизмат, аз ҷумла хизматҳои машваратӣ ва идоракунӣ аз ҷониби корхонаи Давлати Аҳдкунанда ё тавассути хизматчиён ва ё ҳайати кормандони дигаре, ки корхона барои чунин мақсадҳо киро кардааст, фақат агар чунин дар қаламрави Давлати дигари Аҳдкунанда фаъолият дар муддати бештар аз 6 моҳ вуҷуд ё давом кунад.
4. Сарфи назар аз муқаррароти банд, корхона ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷомдиҳандаи фаъолияти соҳибкорӣ тавассути намояндагии доимӣ баррасӣ мешавад, агар он ягон фаъолияти бевосита марбут ба таҳқиқот ё истихроҷи нафти хом ё дигар карбогидратҳои табиӣ дар он Давлат, ё ба фоидаи худ ё дар тасфияи нафти хоми ба вай ё дигарон тааллуқдошта дар ҷое, ки истихроҷ шудааст, бо шартҳои он Давлат анҷом медиҳад.
5. Сарфи назар аз муқаррароти қаблии ин модда истилоҳи "муассисаи доимӣ" ҳамчун инҳоро дарбарнамегирад:
(а) истифодабарии иншоот танҳо ба мақсади нигоҳдорӣ, намоиш ё таҳвили мол ё маснуоти ба корхона тааллуқдошта;
(b) нигоҳдории захираҳои мол ё маснуоти ба корхона тааллуқдошта танҳо ба мақсади дар анбор нигоҳ доштан, намоиш додан ё таҳвил кардан;
(c) нигоҳдории захираҳои мол ё маснуоти ба корхона тааллуқдошта танҳо бо мақсади коркарди онҳо аз тарафи корхонаидигар;
(d) нигоҳдории маҳалли фаъолияти доимӣ танҳо ба мақсади хариди мол ё маснуот ва ё ҷамъоварии иттилоот барои корхона;
(e) нигоҳдориимаҳалли фаъолияти доимӣ танҳо ба мақсади амалӣ сохтани ҳар фаъолияти хислати тадорукотӣ ё ёрирасон дошта барои корхона;
(f) нигоҳдориимаҳалли фаъолияти доимӣ танҳо барои амалӣ сохтани ҳар комбинатсияи намудҳои фаъолияти дар зербандҳои аз а) то е) номбаршуда, ба шарте ки намудҳои фаъолияти маҳалли доимии фаъолияти дар натиҷаи чунин комбинатсия иҷрошаванда хислати тадорукотӣ ё ёрирасон дошта бошад.
6. Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар шахс - на агенти ҳуқуқи мустақилонадошта, ки нисбати вай дар банди 6 ҳамин модда гуфта мешавад, аз номи корхона дигар амал карда, дар Давлати Аҳдкунандаи маъмулан аз ваколати бастани қарордодҳо аз номи корхона истифода намояд, пас корхонаи мазкур ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар ҳамин Давлат нисбати ҳамагуна фаъолияте, ки ин шахс барои корхона анҷом медиҳад, дониста мешавад, ба истиснои он ҳолате, ки фаъолияти чунин шахс бо фаъолияти дар банди 5 зикргардида маҳдуд нашуда, таввасути маҳалли фаъолияти доимӣ амалӣ гардида,мутобиқи муқаррароти ин банд ин маҳалли фаъолияти доимиро ба муассисаи доимӣ табдил насозад.
7. Корхона ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда танҳо ба он хотир баррасӣ намешавад, ки агар он фаъолияти соҳибкориро дар ҳамин Давлат таввассути брокер, агенти комиссионӣ ё агенти дигари мақоми мустақилдошта анҷом диҳад, ба шарте ки чунин ашхос дар доираи фаъолияти маъмулии соҳибкории худ амал кунанд.
8. Далели он ки ширкате, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, ширкати резиденти Давлати дигари Аҳдкунандаро таҳти назорат мегирад ё таҳти назорати он қарор дорад ё ки фаъолияти соҳибкориро дар ҳамон Давлати дигар (таввасути муассисаи доимӣ ё ба тариқи дигар) амалӣ месозад, яке аз ин ширкатҳоро ба муассисаи доимии ширкати дигар табдил намедиҳад.
Моддаи 6 Даромад аз амволи ғайриманқул
1. Даромади аз амволи ғайриманқул бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунанда (аз ҷумла даромад аз корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал), ки дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дорад, метавонад дар ин Давлати дигармавриди андозбандӣ қарор гирад.
2. Истилоҳи "амволи ғайриманқул" ҳамон маъноеро дорад, ки мувофиқи қонунгузории Давлати Аҳдкунанда, ки амволи мазкур дар қаламрави он ҷойгир аст, дорад. Ин истилоҳи дар ҳар ҳолат амволи нисбати амволи ғайриманқул ёрирасон, ҳайвонот ва таҷҳизоти дар кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал истифодашаванда, ҳуқуқҳое, ки нисбати онҳо муқаррароти ҳуқуқи умумӣ дар мавриди моликияти замин истифода мешаванд, узуфрукти (ҳуқуқи истифода бурдани моликияти бегона бе расонидани зарар) амволи ғайриманқул ва ҳуқуқ ба пардохтҳои тағйирёбанда ё собит ҳамчун ҷуброн барои коркарди захираҳои табиӣ, манбаъҳо ва дигар захираҳои табииро дар бар мегирад. Киштиҳои баҳрӣ, тайёраҳо, нақлиёти автомобилӣва роҳи оҳан ба сифати амволи ғайриманқул баррасӣ намегарданд.
3. Муқаррароти банди 1 ҳамчунин нисбати даромади аз истифодаи мустақим, ба иҷора додан ё истифодаи амволи ғайриманқул дар ҳар шакли дигар бадастомада татбиқ карда мешавад.
4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 3 ҳамин модда инчунин нисбат ба даромад аз амволи ғайриманқули корхона татбиқ мегардад.
Моддаи 7 Фоида аз фаъолияти соҳибкорӣ
1. Фоидаи корхонаи Давлати Аҳдкунанда танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин корхона дар Давлати дигари Аҳдкунанда фаъолияти соҳибкориро аз тариқи муассисаи доимии дар он қарордошта амалӣ созад. Агар корхона фаъолияти соҳибкориро таври дар боло зикргардида амалӣ созад, фоидаи он метавонад дар Давлати дигар андозбандӣ шавад, лекин танҳо дар он қисмате, ки ба ин муассисаи доимӣ тааллуқ дорад.
2. Бо дарназардошти муқаррароти банди 3 ҳамин модда, дар ҳолате, ки агар корхонаи Давлати Аҳдкунанда фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунанда аз тариқи муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта амалӣ созад, пас дар ҳар Давлати Аҳдкунанда ба чунин муассисаи доимӣ фоидае мансуб мегардад, ки вай метавонист ба даст оварад, агар он корхонаи мустақил ё ҷудогона буда, бо айнан ҳамон фаолият ё фаъолияти шабеҳмашғул шуда, аз корхонае, ки муассисаи доимии он мебошад, комилан мустақилона амал мекард.
3. Ҳангоми муайян кардани фоидаи муассисаи доимӣ тарҳ кардани хароҷоти ба мақсади чунин муассисаи доимӣ сарфшуда, аз ҷумла хароҷоти идоравӣ ва умумии маъмурӣ, сарфи назар аз он, ки ин хароҷот дар Давлате, ки онҷо муассисаи доимӣ қарор дорад ё берун аз он сурат гирифтааст, иҷозат дода мешавад.
4. Агар дар Давлати Аҳдкунанда муайян намудани фоидаи мансуб ба муассисаи доимӣ дар асоси тақсимоти мутаносиби маблағи умумии фоидаи корхона байнивоҳидҳои гуногуни он таҷрибаи маъмулӣ бошад, пас ҳеҷ ҳолати дар банди 2 зикргардида ба Давлати Аҳдкунанда муайян намудани фоидаи андозбандишавандаро тавассути чунин тақсимоти маъмулӣ манъ намекунад; усули интихобгардидаи тақсимот бояд натиҷаҳои мувофиқ ба принсипҳои дар ин модда ҷойдоштаро диҳад.
5. Ҳеҷ фоида танҳо бо сабаби аз ҷониби ин муассисаи доимӣ барои корхона харидорӣ намудани мол ё маснуот ба муассисаи доимӣ мансуб дониста намешавад.
6. Барои мақсадҳои бандҳои пешина фоидаи ба муассисаи доимӣ тааллуқдошта ҳар сол бо як усул муқаррар карда мешавад, ба шарте ки барои тағйир додани ин тартиб ягон асоси эътимоднок ва кофӣ вуҷуд надошта бошад.
7. Агар фоида унсурҳои даромади дар моддаҳои дигари Созишномаи мазкур ба таври ҷудогона баррасишавандаро дар бар гирад, пас муқаррароти моддаҳои мазкур ба муқаррароти ин модда дахолат намекунад.
Моддаи 8 Ҳамлу нақли байналмилалӣ
1. Фоидаи бадастовардаи корхонаи як Давлати Аҳдкунанда аз истифодаи киштиҳои баҳрӣ, ҳавоӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан дар ҳамлу нақли байналмилалӣ танҳо дар ҳамон Давлат андозбандӣ мешавад.
2. Фоидаи бадастовардаи корхонаи Давлати Аҳдкунанда аз ба иҷора додани воситаҳои нақлиёт, инчунин контейнерҳо ва таҷҳизоти ба он тааллуқдошта барои истифода танҳо дар ин Давлат андозбандӣ мешавад.
3. Муқаррароти банди 1 ва 2 бафоидаи бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунанда аз иштирок дар пул (шакли махсуси картел), корхонаи муштарак ё ташкилоти байналмилалӣ оид ба истифодаи воситаҳои нақлиёт дахл дорад.
Моддаи 9 Корхонаҳои муттаҳидкардашуда
1. Агар:
а) корхонаи Давлати Аҳдкунанда ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ва ё сармояи корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда иштирок намояд; ё
b) худи ҳамин ашхос ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ё сармояи корхонаи Давлати Аҳдкунанда ва корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда иштирок намояд;
ва дар ҳар кадом ҳолат байни ду корхона дар муносибатҳои мутақобилаи тиҷоратӣ ва молиявии онҳо шароит муҳайё ё муқаррар карда шавад, ки аз муносибатҳое, ки дар байни ду корхонаи мустақил вуҷуддошта метавонистанд, фарқ кунад, пас ҳарфоидае, ки метавонист ба яке аз ин корхонаҳо ҳисоб карда шавад, вале бинобар мавҷуд будани чунин шароитҳисоб карда нашудааст, метавонад ба фоидаи корхонаи мазкур дохил карда шуда, мутобиқан мавриди андозбандӣ қарор дода шавад.
2. Агар як Давлати Аҳдкунанда ба фоидаи ин Давлат фоидаеро, ки нисбати он корхонаи Давлати Аҳдкунандаи дигар барои он дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ шудааст,ба фоидаи корхонаи ҳамин Давлат дохил карда, мутобиқан андозбандӣ кунад ва фоидаи бо ҳамин тариқ дохил кардашуда фоидае бошад, ки ба корхонаи Давлати аввал зикршуда ҳисоб шуда метавонист, агар шароити байни ин ду корхона муқарраршудаҳамон тавре мебуданд, ки байни ду корхонаи мустақил вуҷуд доранд, пас ин Давлати дигар ба маблағи андози дар он аз фоида гирифташуда тасҳеҳоти дахлдор ворид менамояд, агар дар он Давлати дигар чунин тасҳеҳот асоснок дониста шавад. Ҳангоми муайян кардани чунин тасҳеҳот дигар муқаррароти Созишномаи мазкурба таври бояду шояд ба инобат гирифта мешавад ва мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд бо ҳамдигар машварат гузаронанд.
Моддаи 10 Дивидендҳо
1. Дивидендҳое, ки ширкати резиденти яке аз Давлати Аҳдкунанда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мепардозад, мумкин аст дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ шаванд.
2. Вале чунин дивидендҳо метавонанд инчунин дар он Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ шаванд, ки резиденти он ширкате мебошад, ки дивидендҳоро мутобиқи қонунгузории ҳамин Давлат мепардозад, аммо агар қабулкунанда соҳиби воқеии дивидендҳо бошад, пас андози бо ҳамин тариқ ситонидашаванда набояд аз8 фоизи маблағи умумии дивидендҳо зиёд бошад. Ин банд ба андозбандии ширкат нисбат ба фоидае, ки аз он дивидендҳо пардохта мешавад, дахолат надорад. 3. Истилоҳи "дивидендҳо" ҳангоми истифода дар ҳамин модда маънои даромад аз саҳмияҳо, саҳмияҳои "жуиссанс" ё ҳуқуқи "жуиссанс", саҳмияҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саҳмияҳои муассисон ё дигар ҳуқуқҳо, ки уҳдадории қарзии барои иштирок дар тақсимоти фоида ҳуқуқдиҳанда нестанд, инчунин даромад аз ҳуқуқҳои дигари корпоративиро дорад, ки ба монанди даромад аз саҳмияҳо тибқи қонунгузории ҳамон Давлате, ки ширкати тақсимкунандаи фоида резиденти он мебошад, бояд андозбандӣ гардад.
4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 дар мавридҳое истифода намешавад, ки агар соҳиби воқеии дивидендҳо резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунандае анҷом диҳад, ки дар он ширкате, ки дивиденд месупорад, ба воситаи муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта резидент мебошад ва холдинге, ки нисбати он дивиденд пардохта мешавад, воқеан ҳам бо муассисаи доимӣ алоқаманд бошад. Дар ин ҳолат муқаррароти моддаи 7 татбиқ карда мешавад.
5. Агар ширкате, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда мебошад, дар Давлати дигари Аҳдкунанда фоида ё даромад ба даст оварад, ин Давлати дигари Аҳдкунанда наметавонад аз дивидендҳои пардохтшавандаи ин ширкат андоз ситонад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки чунин дивидендҳо ба резиденти ин Давлати дигари Аҳдкунанда падохта шаванд, ё ки агар холдинге, ки ба он дивидендҳо пардохта мешаванд, воқеан ҳам ба муассисаи доимии дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда қарордошта мансуб бошад, инчунин аз даромади тақсимнашудаи ширкат андози фоидаи тақсимнашуда ситонида намешавад, ҳатто агар дивидендҳои пардохташаванда ё фоидаи тақсимнашуда пурра ё қисман аз фоида ё даромади дар ҳамин Давлати дигар ҳосилшуда иборат бошанд.
6. Сарфи назар аз муқаррароти банди 2, дивидендҳое, ки дар як Давлати Аҳдкунанда ҳосил шуда, ба Ҳукумати Давлати дигари Аҳдкунанда ё мақомоти маҳалли ҳокимият ё мақоми дахлдор ва ё ин агентӣ ё Бонки миллӣ ё ҳар ширкати дигаре пардохта шуда бошанд, ки дар моликияти пурраи ин Давлати дигар қарор дорад, аз пардохти андоз дар Давлати Аҳдкунандаи якум зикргардида озод карда мешаванд.
Моддаи 11 Даромад аз талабномаи қарз
1. Даромад аз талабномаи қарз, ки дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба амал омада, ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда пардохта мешавад, мумкин аст дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ карда шавад.
2. Аммо чунин даромадметавонад инчунин дар он Давлате, ки дар он ҳосил шудааст, мутобиқи қонунгузории ҳамин Давлат андозбандӣ шаванд, вале агар соҳиби воқеии даромад резиденти Давлати дигариАҳдкунанда бошад, пас андози дар чунин ҳолат ситондашаванда набояд аз8 фоизи маблағи умумии даромад зиёдтар бошад. Мақомоти салоҳиятдори Давлати Аҳдкунанда бо мувофиқаи мутақобила бояд усули арз кардани ин маҳдудиятро ҳал намоянд.
3. Истилоҳоти "даромад аз талабномаи қарз" ва "даромад" ҳангоми истифода дар моддаи мазкур маънои даромад аз ҳар намуди талабномаи қарз, қатъи назар аз таъмин будан бо ипотека ва сарфи назар аз доштани ҳуқуқи иштирок дар фоидаи қарзрдор ва аз ҷумла даромад аз коғазҳои қиматноки ҳукуматӣ ва даромад аз вомбаргҳо ё уҳдадориҳои қарзӣ, бо шумули подошпулӣ ва бурдҳо аз рӯи чунин коғазҳои қиматноки ҳукуматӣ ва даромад аз вомбаргҳо ё уҳдадориҳои қарзиро дорад.
4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда дар ҳолате истифода бурда намешавад, ки агар соҳиби воқеии даромад резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунандае анҷом диҳад, ки дар он фоизҳо тавассути муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта ташкил меёбанд ва талабномаи қарз, ки дар асоси он даромад пардохта мешавад, ҳақиқатан ҳам бачунин намояндагии доимӣ тааллуқ дошта бошад. Дар чунин маврид вобаста ба ҳолат муқаррароти моддаи 7 мавриди истифода қарор мегиранд.
5. Даромад аз талабномаи қарз дар Давлати Аҳдкунанда ҳамон вақт ҳосил мешавад, ки агар пардохткунанда резиденти ҳамин Давлат бошад. Вале агар шахси пардозандаи даромад, сарфи назар аз он ки вай резиденти Давлати Аҳдкунанда ҳаст ё не, дар Давлати Аҳдкунанда муассисаи доимӣ дошта бошад ва вобаста ба ин қарзе пайдо шуда бошад, ки аз рӯи ондаромад пардохта шавад ва хароҷоти марбут ба пардохти ин даромадро муассисаи доимӣ бар дӯш дошта бошад, пас чунин шуморида мешавад, ки чунин даромад дар ҳамон Давлатеҳосил шудааст, ки он ҷо муассисаи доимӣ қарор дорад.
6. Агар бо сабаби мавҷуд будани муносибатҳои махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеӣ, ё ки байни ҳардуи онҳо ваягон шахси дигар, маблағи даромади ба талабномаиқарз тааллуқдошта, ки дар асоси он пардохта мешавад, аз маблағе, ки бояд миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеӣ дар мавриди мавҷуд набудани ин муносибатҳо мумкин буд мувофиқ кунонида шавад, зиёд бошад, пас муқаррароти ҳамин модда танҳо дар мавриди маблағи дар охир қайдкардашуда истифода бурда мешавад. Дар чунин ҳолат қисми зиёдатии пардохт мутобиқи қонунгузории ҳар Давлати Аҳдкунанда бо дарназардошти дигар муқаррароти Созишномаи мазкур мавриди андозбандӣ қарор мегирад.
Моддаи 12 Роялти
1. Роялтии дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ташаккулёфта ва ба соҳиби воқеие, ки резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мебошад, пардохташаванда метавонад дар ҳамин Давлати дигар мавриди андозбандӣ қарор гирад.
2. Аммо чунин роялти ҳамчунин метавонад дар Давлати Аҳдкунанда, ки он ташаккул меёбад, тибқи қонунгузории ҳамин Давлат таҳти андозбандӣ қарор гирад, вале агар гиранда ва соҳиби воқеии роялти резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда бошад, пас андози бо чунин тариқ ситонидашаванда набояд аз 8 фоизи маблағи умумии роялти зиёдтар бошад. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда услуби истифодаи ин маҳдудиятро бо мувофиқаи мутақобиламуқаррар менамоянд.
3. Истилоҳи "роялти"ҳангоми истифода дар ин модда маънои ҳар намуди пардохтеро дорад, ки ба сифати подошпулӣ барои истифода ё пешниҳоди ҳуқуқи истифода аз ҳуқуқи муаллифӣ барои ҳар осори адабиёт, санъат ё илм, аз ҷумла кинофилму филмҳо ё сабтҳо барои телевизион ва радиошунавонӣ, таъминоти барномавӣ, ҳар патент, аломати тиҷоратӣ, дизайн ё модел, нақша, формула ё раванди махфӣ, ё иттилоотимарбутба таҷрибаи саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмӣ гирифта шудааст.
4. Муқаррароти банди 1 мавриди истифода қарор намегирад, агар соҳиби воқеии роялти резиденти як Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти иқтисодиро (соҳибкориро) дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом диҳад, ки он ҷо роялти тавассути муассисаи доимии дар он қарордошта ташаккул меёбад ва ҳуқуқ ё амволе, ки дар асоси онҳо роялти супорида мешавад, амалан бо муассисаи доимӣ алоқаманд бошанд. Дар ин ҳолат муқаррароти моддаи 7 мавриди истифода қарор мегирад.
5. Чунин ба ҳисоб меравад, ки роялти дар Давлати Аҳдкунанда ба миён меояд, агар пардохткунанда резиденти худи ҳамин Давлати Ахдкунанда бошад. Вале, агар шахси пардохткунандаи роялти, новобаста аз он, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда ҳаст ё не, дар Давлати Аҳдкунанда муассисаи доимӣ дошта бошад, ки вобаста ба он зарурати пардохт кардани роялти пайдо шудааст ва чунин роялти аз ҷониби чунин муассисаи доимӣ пардохта шавад, он гоҳ ҳисоб карда мешавад, ки чунин роялти дар ҳамон Давлате ба вуҷуд меояд, ки дар он ҷо муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ воқеъ аст.
6. Агар бо сабаби муносибатҳои мутақобилаи махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии роялти, ё ки байни ҳардуи онҳо ва ягон шахси дигармаблағи роялтии мансуб ба истифода, ҳуқуқ ё иттилоот, кион дар асоси онҳо пардохта мешавад, аз маблағе, ки миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии роялти ҳангоми набудани чунин муносибатҳо мувофиқа шуда метавонист, зиёдтар бошад, он гоҳ муқаррароти ин модда метавонад танҳо нисбати маблағи охир зикргардида мавриди истифода қарор дода шавад. Дар ин ҳолат қисми барзиёди пардохт ё ҳисобшуда бояд тибқи қонунгузории андози ҳар кадом Давлати Аҳдкунанда бо дарназардошти ҳатмии муқаррароти дигари Созишномаи мазкур мавриди андозбандӣ қарор гирад.
Моддаи 13 Даромад аз бегона кардани моликият
1. Даромади бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунандааз бегона кардани амволи ғайриманқуле, ки дар банди 2 моддаи 6 зикргардида,дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигарандозбандӣ карда шавад.
2. Даромадаз бегона кардани амволи манқуле, ки қисми амволи тиҷоратии муассисаи доимиро ташкил медиҳад, ки корхонаи як Давлати Аҳдкунанда дар Давлати Аҳдкунандаи дигар дорад, аз ҷумла даромад аз бегона кардани чунин муассисаи доимӣ (дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо ҳамаи корхона) метавонад дар ҳамин Давлати дигар таҳти андозбандӣ қарор гирад.
3. Даромади бадастомадааз бегона кардани киштиҳои баҳрӣ ё ҳавоӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан, ки дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифода мешаванд, ё амволи манқули мансуб ба истифодаи чунин киштиҳои баҳрӣ ё ҳавоӣ танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешавад, ки дар он маҳалли идоракунии воқеии ин корхона қарор дорад.
4. Даромад аз бегона кардани ҳар гуна амволи дигаре, ки дар бандҳои 1, 2 ва 3 зикр наёфтаанд, танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ карда мешавад, ки резиденти он шахси бегонакунандаи амвол мебошад.
Моддаи 14 Даромад аз кироякорӣ
1. Бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 15, 17 ва 18, музди меҳнат, моҳона ва дигар подошҳои шабеҳ, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ ба даст меорад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин кироякорӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом дода нашавад. Агар кироякорӣ ба ҳамин тариқ амалӣ гардад, подоши вобаста ба ин ба даст овардашуда метавонад дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ гардад.
2. Сарфи назар аз муқаррароти банди 1, подоше, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда ба даст овардааст, танҳо дар Давлати аввал зикршуда андозбандӣ мегардад, агар:
а) подошгиранда дар Давлати дигари Аҳдкунанда дар муддати як давра ё давраҳо, ки дар маҷмӯъ дар ҳар давраи 12-моҳаи дар ҳамин соли молиявӣ оғоз ё анҷомёбанда на бештар аз 183 шабонарӯз аст, қарор дошта бошад ва
b) подош аз тарафи кирокунанда ё аз номи кирокунандае, ки резиденти Давлати дигар намебошад, пардохта шавадва
c) хароҷоти марбут ба пардохти подошро намояндагии доимие, ки кироякунанда дар Давлати дигар дорад, ба зимма надошта бошад.
3. Сарфи назар аз муқаррароти қаблии ҳамин модда, подоши вобаста ба кироякорӣ дар киштии баҳрӣ ё ҳавоие, ки корхонаи Давлати Аҳдкунанда дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифода мекунад, метавонад танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ гардад, ки дар он маҳалли идоракунии воқеии ин корхона воқеъ аст.
Моддаи 15 Подоши директорон
Ҳаққи қалами директоронва дигар пардохтҳои шабеҳ, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда ба сифати узви Шӯрои директорони ширкат, ки резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар мебошад, мегирад, метавонад дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ карда шавад.
Моддаи 16 Ҳунармандон ва варзишгарон
1. Сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 7 ва 14, даромаде, ки резиденти яке аз Давлати Аҳдкунанда ба сифати корманди санъат, ба монанди ҳунарманди театр, кино, радио ё телевизион ва ё мусиқинавоз ё ба сифати варзишгар аз фаъолияти шахсӣ дар дигар Давлати Аҳдкунанда ба даст меоварад, метавонад дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ карда шавад.
2. Агар даромад аз фаъолияти шахсии корманди санъат ё варзишгар ба ин сифат на ба худи корманди санъат ё варзишгар, балки ба шахси дигар ҳисоб карда шавад, пас ин даромад метавонад, сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 7 ва 14, дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ гардад, ки дар он ҷо корманди санъат ва варзишгар фаъолият мекунад.
3. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда набояд нисбати даромади дар Давлати Аҳдкунанда бадастовардаи ҳунармандон ё варзишгаронтатбиқ гарданд,агар сафар ба ин Давлат пурра ё ба таври афзалиятнок аз фондҳои ҷамъиятии як ё ҳарду Давлати дигари Аҳдкунанда, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти онҳо маблағгузорӣ шавад. Дар ин ҳолат даромад танҳо дар Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ мешавад, ки корманди санъат ё варзишгар резиденти он мебошад.
Моддаи 17 Нафақа
Бо дарназардошти муқаррароти банди 2 моддаи 18, нафақа ва дигар подошҳои шабеҳ, ки ба резиденти Давлати Аҳдкунанда барои кироякорӣ дар гузашта пардохта мешаванд, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мегарданд.
Моддаи 18 Хизмати давлатӣ
1. (а) Моҳона, музди меҳнат ва подошҳои дигари ба ин монанд, ки Давлати Аҳдкунанда ё мақоми маъмурию ҳудудӣ ё сиёсӣ ва ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он ба шахси воқеӣ барои хизмат ба ҳамин Давлат ё воҳиди маъмурию ҳудудӣва ё барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти он мепардозад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мегардад.
b) Вале, чунин моҳона,музди меҳнат ва подошҳои дигари ба ин монанд танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мешаванд, агар ин хизмат дар ҳамин Давлати дигар анҷом дода шуда, шахси воқеӣ резиденти ҳамин Давлат бошад ва ӯ:
(i) шахси миллии ҳамин Давлат бошад, ё
(ii) танҳо бо мақсади чунин хизмат резиденти ҳамин Давлат нашуда бошад. 2. а) Сарфи назар аз муқаррароти банди 1нафақа ва подошҳои дигари ба ин монанде, ки Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллии он ё аз фондҳои таъсисдодаи онҳо ба шахси воқеӣ барои хизмат ба ҳамин Давлат,воҳид ё мақомот мепардозад, танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мегарданд.
b) Вале чунин нафақа танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мегардад, агар шахси воқеӣ резидент ё шахси миллии ҳамин Давлат бошад.
3. Муқаррароти моддаҳои 14, 15, 16 ва 17 нисбати моҳона, музди меҳнат, нафақава подошҳои дигари ба ин монанд ва нафақа барои хизмат, ки барои иҷрои фаъолияти соҳибкории Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди маъмурию ҳудудӣ ё сиёсӣ ва ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он анҷом медиҳад, татбиқ мегардад.
Моддаи 19 Донишҷӯён
Пардохтҳои мегирифтаи донишҷӯ ё таҷрибаомӯзе, ки бевосита қабл аз омадан ба яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мебошанд ё буданд ва дар Давлати аввал зикршуда танҳо ба мақсади гирифтани таҳсилот ё гузаштани таҷрибаомузӣ қарор доранд ва ин пардохтҳо барои зист, таҳсилот ё гирифтани маълумот пешбинӣ шудаанд, дар ҳамин Давлат мавриди андозбандӣ намегарданд, ба шарте ки агар манбаъҳои ин пардохтҳо берун аз ҳудуди ин Давлат ҷойгир бошанд.
Моддаи 20 Профессорон ва кормандони илмӣ
1. Агар шахси воқеие, ки бевосита қабл аз ташриф овардан ба Давлати дигари Аҳдкунанда резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, дар Давлати дигари Аҳдкунанда бо даъвати ҳар донишгоҳ, коллеҷ ва дигар муассисаи таълимии шабеҳи эътирофнамудаи Ҳукумати Давлати дигари Аҳдкунанда дар давоми давраи на зиёда аз 2 сол аз рӯзи ба Давлати дигари Аҳдкунанда танҳо бо мақсади таҳқиқот, омӯзиш ё таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ қарор дошта бошад, дар Давлати дигари Аҳдкунанда аз пардохти андози даромад нисбати подошҳои марбут ба таҳсил ё таҳқиқоташ озод карда мешавад.
2. Муқаррароти банди1набояд нисбати даромади аз фаъолияти илмию тадқиқотӣ бадастомада татбиқ гардад, агар чунин фаъолияти илмию тадқиқотӣ на ба манфиати давлат, балки барои фоидаи шахсии ягон шахс ё ашхоси муайян анҷом ёбад.
Моддаи 21 Даромадҳои дигар
1. Намудҳои даромади резиденти Давлати Аҳдкунанда, сарфи назар аз манбаи пайдоиши онҳо, ки дар моддаҳои қаблии Конвенсияи мазкур зикр нагардидаанд, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешаванд.
2. Муқаррароти банди 1 нисбати даромадҳо, ба истиснои даромад аз амволи ғайриманқули дар банди 2 моддаи 6 муайянгардида татбиқ намегардад, агар гирандаи чунин даромадҳо резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунанда тавассути муассисаи доимии дар он ҷойгиршуда анҷом диҳад ва ҳуқуқ ё моликият, ки дар робита ба онҳо даромад гирифтааст, ҳақиқатан ҳам ба чунин муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ алоқаманд бошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 мавриди истифода қарор мегирад.
Моддаи 22 Усули бартараф кардани андозситонии дукарата
1. Агар резиденти як Давлати Аҳдкунанда даромаде ба даст орад ё сармояро соҳибӣ кунад, ки мутобиқи муқаррароти Созишномаи мазкур метавонад дар Давлати дигари Аҳдкунандатаҳти андозбандӣ қарор гирад,Давлати якум зикргардида иҷозат медиҳад, киаз андози даромади ин резидент маблағи баробар ба андози даромади дар ин Давлати дигар пардохташуда тарҳ карда шавад.
Ин тарҳкунӣ ба ҳар ҳол набояд аз қисми андози даромаде, ки то тарҳкунии марбут ба даромад ҳисоб карда, метавонад дар ин Давлати дигар андозбандӣ шавад, зиёдтар бошад.
2. Агар мутобиқи ҳар муқаррароти Созишнома даромади бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунанда дар ин Давлат аз андоз озод бошад, ин Давлат ба ҳар ҳол метавонад ҳангоми ҳисоб кардани маблағи андози қисми боқимондаи даромади ин резидент даромади аз андоз озодгардидаро ба инобат гирад.
Моддаи 23 Маҳдуд накардани ҳуқуқҳо
1. Шахсони миллии як Давлати Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда нисбат ба андозбандӣ ё уҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои шахсони миллии ин Давлати дигар дар ҳамон шароити якхела, аз ҷумла нисбати қароргоҳ фароҳам шудааст ё шуда метавонад, таҳти андозбандии дигар ё вазнинтар ё уҳдадориҳои вобаста ба он қарор намегиранд. Ин муқаррарот, сарфи назар аз муқаррароти моддаи 1, ҳамчунин нисбати шахсоне истифода мешавад, ки резидентони як ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда намебошанд.
2. Шахсони бешаҳрвандие, ки резидентони Давлати Аҳдкунанда мебошанд, дар ҳеҷ яке аз Давлатҳои Аҳдкунанданисбат ба андозбандӣ ё уҳдадориҳои вобаста ба он ки барои шахсони миллии ин Давлат дар ҳамон шароити якхела, аз ҷумла нисбати қароргоҳ фароҳам шудааст ё шуда метавонад, таҳти андозбандии дигар ё вазнинтар ё уҳдадориҳои вобаста ба он қарор намегиранд.
3. Андозбандии муассисаи доимӣ, ки корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда дорад, набояд дар Давлати дигари Аҳдкунанда нисбати андозбандии корхонаи ҳамин Давлати дигар, ки дар ин Давлати дигар ба чунин навъи фаъолият машғул аст, номусоидтар бошад. Ин муқаррарот набояд ҳамчун уҳдадоркунандаи як Давлати Аҳдкунанда барои ба резидентони Давлати дигари Аҳдкунанда додани ҳар имтиёзҳои шахсӣ, тарҳкунӣ ё тахфифҳо барои мақсадҳои андозбандӣ дар асоси мақоми шаҳрвандӣ ё уҳдадориҳои оилавии онҳо, ки Давлат ба резидентони худ пешкаш менамояд, шарҳ дода шавад.
4. Ба истиснои ҳолатҳое, ки муқаррароти банди 1 Моддаи 9, банди 6 Моддаи 11 ё банди 4 Моддаи 12 истифода мешавад, даромад аз уҳдадории қарз, роялти ва пардохтҳои дигаре, ки корхонаи як Давлати Аҳдкунанда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом медиҳад, бояд бо мақсади муайян намудани фоидаи андозбандишавандаи чунин корхона ба тариқе мавриди тарҳкунӣ қарор гиранд, ки агар онҳо ба резиденти Давлати аввал зикршуда пардохта мешуданд. Бо ҳамин тартиб, ҳар гуна қарзҳои корхонаи як Давлати Аҳдкунанда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда бояд бо мақсади муайян намудани сармояи андозбандишавандаи чунин корхона ба ҳамон шартҳое мавриди тарҳкунӣ қарор гиранд, ки нисбати қарзи резиденти Давлати аввал зикргардида пешниҳод мешаванд.
5. Корхонаи як Давлати Аҳдкунанда, ки сармояи он пурра ё қисман ба як ё якчанд резидент тааллуқ дорад, ё аз тарафи як ё якчанд резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мустақим ё ғайримустақим назорат карда мешавад, дар Давлати аввал зикргардида нисбат ба андозбандӣ ё уҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои чунин корхонаҳои Давлати аввал зикргардида фароҳам шудааст, таҳти андозбандии дигар ё вазнинтар ё уҳдадориҳои вобаста ба он қарор гирад.
6. Сарфи назар аз муқаррароти Моддаи 2, муқаррароти Моддаи мазкур нисбатиҳар навъ ва намуди андозҳо истифода мешавад.
Моддаи 24 Расмиёти мувофиқаи тарафайн
1. Агар шахс чунин шуморад, ки амалҳои як ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда боиси андозбандии он хилофи муқаррароти ҳамин Созишномашудаанд ё шуда метавонанд, ин шахс, сарфи назар аз воситаҳои ҳимоявии пешбининамудаи қонунгузории миллии ин Давлатҳо, метавонад парвандаи худро ба мақомоти салоҳиятдори ҳамон Давлати Аҳдкунандае, ки вай резиденти он мебошад, пешкаш намояд, агар ҳолати ӯ таҳти амали банди 1 моддаи 24 ҳамон Давлате қарор гирад, ки вай шахси миллии он мебошад. Ариза бояд дар муҳлати се сол аз лаҳзаи огоҳиномаи аввал дар хусуси амалҳое, ки боиси андозбандии хилофи муқаррароти Созишнома мегарданд, пешниҳод карда шавад.
2. Мақоми салоҳиятдор, агар аризаро асоснок ҳисобад ва агар худаш мустақилона ба қарори қаноатбахш омада натавонад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки масъаларо дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори Давлати дигари Аҳдкунанда бо мақсади роҳ надодан ба андозсупории хилофи Созишномаи мазкур ҳал кунад. Ҳама гуна мувофиқаи бадастомада, сарфи назар аз ҳар гуна маҳдудиятҳои муваққатии дар қонунгузории миллии Давлатҳои Аҳдкунанда ҷойдошта, иҷро карда мешавад.
3. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки ҳама гуна мушкилот ё шубҳаҳоро, ки зимни шарҳ ё истифодаи муқаррароти Созишномаи мазкур ба миён меоянд, бо мувофиқаи мутақобила ҳал намоянд. Инчунин онҳо метавонанд дар ҳолатҳое, ки Созишномаи мазкур пешбинӣ накардааст, бо мақсади бартараф намудани андозситонии дукарата бо ҳамдигар машварат намоянд.
4. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мақсади ба даст овардани мувофиқа оид ба моҳияти бандҳои қаблӣ метавонанд бо ҳам робитаи мустақим дошта бошанд, аз ҷумла комиссияи муштарак таъсис диҳанд, аъзои он метавонанд худи онҳо ё намояндагонашон бошанд.
Моддаи 25 Табодули иттилоот
1. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда иттилоотеро, ки барои иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур ё маъмурикунонӣ ё татбиқи қонунгузории дохилии Давлатҳои Аҳдкунанда марбут ба ҳар намуди андозҳои аз ҷониби Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди маъмурию ҳудудӣ, сиёсӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти онзарур буда, Созишномаи мазкур ба ҳамон андозае, ки андозбандӣ тибқи ин қонунгузорӣ хилофи ҳамин Созишнома нест, ба он дахл дорад, мубодила хоҳанд кард. Мубодилаи иттилоот бо моддаҳои 1 ва 2 маҳдуд намегардад.
2. Ҳар гуна иттилооте, ки Давлати Аҳдкунанда мутобиқи банди 1 ба даст меорад, ба монанди иттилооти дар доираи қонунгузории миллии ҳамин Давлат бадастомада махфӣ ҳисобида мешавад ва танҳо метавонад ба ҳамон ашхос ва мақомот (аз ҷумла судҳо ва мақомоти маъмурӣ), ки ба муайянкунӣ ё ҷамъоварӣ, ситонидани иҷборӣ ё таъқиби судӣ, ё баррасии аризаҳо оид ба андозҳои дар банди 1 ё назорати ҳамаи амалҳои дар боло зикргардида машғуланд, ошкор карда шавад. Чунин ашхосё мақомот ин иттилоотро танҳо барои ҳамин мақсадҳо истифода менамоянд. Онҳо ин иттилоотро метавонанд дар ҷараёни мурофиаи судӣ ё ҳангоми қабули қарорҳои судӣ фош намоянд.
3. Ба ҳеҷ ваҷҳ муқаррароти банди 1 ва 2 набояд ҳамчун уҳдадоркунандаиҳар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба инҳошарҳ дода шавад:
а) чорабиниҳои маъмурие гузаронад, ки хилофи қонунгузорӣ ё таҷрибаи маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда мебошанд;
b) иттилоотеро пешниҳод намояд, ки онро мувофиқи қонунгузорӣ ё дар ҷараёни амалияи маъмулии маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда гирифтан мумкин нест;
c) иттилоотеро пешниҳод намояд, ки метавонад ягон сирри савдо, соҳибкорӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва касбӣ, ё раванди тиҷоратиро фош намояд ё иттилооте диҳад, ки ошкор сохтани он хилофи сиёсати давлатмебошад.
4. Агар иттилоот мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби як Давлати Аҳдкунанда талаб гардад, Давлати дигари Аҳдкунанда, ҳатто агар барои ин Давлати дигар ба даст овардани чунин иттилоот барои мақсадҳои андозбандии худ зарур набошад ҳам, бояд ҷиҳати ҷамъоварии иттилооти талабшуда чораҷӯӣ намояд. Уҳдадории дар ҷумлаи қаблӣ овардашуда бо муқаррароти банди 3 маҳдуд гардидааст, вале чунин маҳдудиятҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳамчун иҷозатдиҳанда ба Давлати Аҳдкунанда барои саркашӣ аз пешкаш намудани иттилоот танҳо бо сабабе, ки ба ин иттилоот манфиати дохилӣ надорад, баррасӣ карда шавад.
5. Ба ҳеҷ ваҷҳ муқаррароти банди 3 ҳамчун иҷозатдиҳанда ба Давлати Аҳдкунанда барои пешкаш накардани иттилоот танҳо барои он, ки соҳиби иттилоот бонк, муассисаи дигари молиявӣ, дорандаи номиналӣ ё шахси ба сифати агент ё вакил амалкунанда мебошад ё бинобар он, ки мансуб ба ҳуқуқҳои амволии шахс аст, баррасӣ карда намешавад.
Моддаи 26 Кормандони намояндагиҳои дипломатӣ вамуассисаҳои консулӣ
Ҳеҷ яке аз муқаррароти Созишномаи мазкур ба имтиёзҳои андозии кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ё хадамоти консулгарӣ, ки ба онҳо тибқи меъёрҳои умумии ҳуқуқҳои байналмилалӣ ё дар асоси созишномаҳои махсус дода шудаанд, дахолат намекунад.
Моддаи 27 Эътибор пайдо кардан
1. Ҳукуматҳои ДавлатҳоиАҳдкунанда ҳамдигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи ба анҷом расонидани расмиёте, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур зарураст, огоҳ менамоянд.
2. Созишнома аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини дар банди 1 ҳамин модда зикргардида эътибор пайдо карда, муқаррароти он дар ҳарду Давлати Аҳдкунанда нисбати андозҳое, ки аз манбаи даромадҳои аз санаи якум ё баъди якуми январи соли тақвимии баъди санаи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур бадастомада ситонида мешаванд.
Моддаи 28 Қатъи амал
Созишномаи мазкур то замоне эътибор дорад, ки яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда амали онро қатъ насозад. Ҳар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда метавонад амали Созишномаи мазкурро бо гузашти панҷ сол бо усули тавассути роҳҳои дипломатӣ ирсол намудани огоҳинома дар бобати бекор кардани амали он на дертар аз шаш моҳито ба охир расидани ҳар соли тақвимӣ қатъ намояд. Дар чунин ҳолат амали Созишнома дар ҳарду Давлати Аҳдкунанда нисбати андозҳое, ки аз манбаи даромадҳои аз санаи якум ё баъди якуми январи соли тақвимии пас аз соли супоридани огоҳинома бадастомада ситонида мешаванд, қатъ мегардад.
Барои тасдиқи ҳамин,намояндагони ҳарду Давлати Аҳдкунанда, ки чунин ваколат доранд, Созишномаи мазкурро ба имзо расониданд.
Созишнома дар шаҳри Манома"28" майи соли 2014 дар ду нусхаҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расидааст. Зимнан ҳамаи матнҳо эътибори яксон доранд. Дар сурати ихтилофи назар ҳангоми тавзеҳи Созишнома, ба матни англисӣ афзалият дода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби Ҳукумати
Шоҳигарии Баҳрайн |