Оинномаи Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" аз 16 январи соли 2015 № 4

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "16" январи соли 2015, № 4

тасдиқ шудааст

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2024 № 372) 

Оинномаи Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» (минбаъд - Муассиса) ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз мустақиман ё тавассути Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (агентии иҷроия) идоракунӣ ва иҷрои лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳавиро, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш гузошта мешаванд, амалӣ менамояд.

2. Муассиса фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, расмиёти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ, шарикони дигари рушд ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Муассиса шахси ҳуқуқии мустақил ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби молу мулки алоҳида ва тавозуни мустақил мебошад, инчунин дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисобҳо бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, муҳр, штамп ва бланкҳоро бо номи худ дорад.

2. НОМИ РАСМӢ ВА МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВИИ МУАССИСА

4. Номи расмии Муассиса бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ:

- пурра бо забони давлатӣ: Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»;

- пурра бо забони русӣ: Государственное учреждение «Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве»;

- пурра бо забони англисӣ: State Establishment «Agriculture Entrepreneurship Development»;

- мухтасар бо забони давлатӣ: МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»;

- мухтасар бо забони русӣ: ГУ «Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве»;

- мухтасар бо забони англисӣ: SE «Agriculture Entrepreneurship Development».

5. Суроғаи Муассиса: шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар, 17.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА

6. Мақсадҳои Муассиса:

- таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва фароҳам овардани шароити дахлдор барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳавӣ;

- амалисозии лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд.

7. Вазифаҳои Муассиса:

- ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ ва идораи самараноки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд;

- таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои амалисозии лоиҳаҳо ҷалбшаванда;

- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кории кормандон, коршиносон ва мушовирон оид ба татбиқи лоиҳаҳо;

- гузаронидани мониторинг ва таъмини арзёбии ҷараёни иҷрои корҳо;

- амалисозии дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатие, ки иҷрои онҳо минбаъд ба зиммаи Муассиса вогузор мегарданд.

4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МУАССИСА

8. Ҳуқуқҳои Муассиса:

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ ва истифодабарии молу мулки таҳти ҳуқуқи идораи оперативии ба он тааллуқдошта;

- аз номи худ ба имзо расонидани шартномаҳо (қарордодҳо), амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом додан, ба даст овардани ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкию амалӣ намудани онҳо, гирифтани уҳдадорӣ ба худ дар суд намояндагӣ намудани манфиатҳои Муассиса;

- мустақилона ба роҳ мондани фаъолияти ҷорӣ ва дурнамо;

- дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ кушодани суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани намудҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ ба кормандон;

- анҷом додани дигар амалҳое, ки ба мақсаду вазифаҳои Муассиса ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

9. Уҳдадориҳои Муассиса:

- анҷом додани фаъолияти худ мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва таъмини иҷрои талаботи Оинномаи мазкур;

- дар ҳамоҳангӣ бо агентии иҷроия таъмини амалигардонии лоиҳаҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида ва шартҳои созишномаҳои баимзорасида;

- таъмини шароити бехатари меҳнат ба кормандони худ;

- таҳия ва анҷом додани баҳисобгирии оперативӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ҳуҷҷатҳои оморӣ ва муҳосибавӣ;

- татбиқи воситаҳои молиявӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида ва шартҳои созишномаҳои баимзорасида;

- пешниҳоди маълумот ва ҳисобот оид ба фаъолияти худ вобаста ба ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушди маблағгузор;

- иҷрои дигар уҳдадориҳое, ки аз қонунгузорӣ бармеоянд.

5. МАНБАЪҲОИ ТАШАККУЛИ МАБЛАҒ ВА МОЛУ МУЛК

10. Муассиса дорои бино, иншоот, таҷҳизот ва молу мулки дигар мебошад, ки барои таъмини фаъолияти дар Оинномаи мазкур пешбинишуда заруранд.

11. Маблағҳои Муассиса аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбанд:

- грантҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд, ки барои амалисозии лоиҳаҳо пешниҳод мегарданд;

- қарзу грантҳои иловагие, ки шарикони рушд барои амалисозии лоиҳаҳо ҷудо менамоянд;

- дигар манбаъҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд.

12. Воситаҳои молиявии Муассиса бояд мутобиқи шартҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида ва созишномаҳои баимзорасида пешбинӣ шудаанд, истифода гарданд.

6. ИДОРАКУНИИ МУАССИСА

13. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси Муассиса ба ҳисоб рафта, дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- Оинномаи Муассисаро тасдиқ мекунад ва ҳамчун Муассиси он баромад менамояд;

- директори Муассисаро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- иҷрои супоришҳои давлатиро назорат менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб донистаанд, ҳал менамояд.

14.Роҳбари Муассиса директор мебошад.

15.Ваколатҳои директори Муассиса:

- ташкили роҳбарии умумии фаъолияти Муассиса;

- намояндагии манфиатҳои Муассиса дар ташкилотҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намудани сохтор, шакл, низом, басти вазифаҳо ва музди меҳнати кормандон, сметаи даромад ва хароҷоти Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои созишномаҳои баимзорасида;

- ба имзо расонидани шартнома ва аз номи Муассиса додани ваколатнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад;

- имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод намудани кормандони Муассиса;

- дар доираи ваколати худ қабули фармоиш ва додани супоришҳо;

- анҷом додани фаъолияти дигар мутобиқи Оинномаи мазкур.

16. Директори Муассиса фаъолияти худро дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд ҳисоботдиҳанда мебошад.

17. Директори Муассиса барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Муассиса гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

7. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТИ МУҲОСИБАВӢ

18. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибавии Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи шарикони рушд анҷом дода мешавад.

19. Аудити техникию молиявии Муассиса аз тарафи аудиторҳои мустақил, ки мутобиқ ба расмиёти муқаррарнамудаи шарикони рушд дар асоси озмун интихоб шудаанд, ба амал бароварда мешаванд.

8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСА

20.Азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2024 № 372).