Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Регламенти техникии бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Регламенти техникии бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Регламенти техникии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Қарори мазкур баъд аз шаш моҳ аз рӯзи тасдиқи Регламенти техникии бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 811
ш.Душанбе