Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 № 835 "Дар бораи ба номи профессор Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба номи профессор Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд"

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар бораи ба Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд" додани номи профессор Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ дастгирӣ карда шуда, минбаъд он Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ" номида шавад.

2. Сархати 58 Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2014 № 835

ш. Душанбе