Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" ва ҷиҳати такмили низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ карда шаванд.
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мӯҳлати шаш моҳ сохтор ва тартиби фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро тасдиқ намуда, ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда оид ба вазифаҳо, қувва ва воситаҳо пешниҳодот манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 833
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2014, № 833
тасдиқ шудааст
Сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Сохтор ва тартиби фаъолияти низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда (минбаъдСохтор) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби ташкил ва фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро муайян менамояд, ки минбаъд Низоми ягона номида мешавад.
2. Низоми ягона бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дар ҳолати ба амал омадаш онҳо - барои ташкили корҳо оид ба рафъи оқибатҳои онҳо, таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани зарар ба иқтисодиёт, пешбинӣ гардидааст.
3. Низоми ягона мақомоти идоракунӣ, қувваю воситаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳоеро, ки дар салоҳияти онҳо ҳалли масъалаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дохил мешавад, муттаҳид сохта, фаъолияти худро бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамояд.
2. СОХТОРИ НИЗОМИ ЯГОНА ВА ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ОН
4. Низоми ягона, ки аз зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудӣ иборат мебошад, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, маҳаллӣ ва иншоотӣ амал менамояд.
5. Зернизомҳои вазифавии Низоми ягона аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ваколатдор тибқи замимаи 1 барои ташкил намудани корҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дар доираи фаъолияти ин мақомот ва ташкилотҳои ваколатдор, ки зернизомҳои вазифавии Низоми ягона доранд, ташкил карда мешаванд.
6. Вазифаҳои марбут ба ҳар як вазорату идораҳои дахлдор аз рӯи салоҳиятнокии онҳо аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ карда мешаванд.
7. Сохтор, ҳайати қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ, инчунин, тартиби фаъолияти онҳо аз рӯи сохтор ва тартиби фаъолияти онҳо, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд.
8. Зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудудҳои онҳо таъсис дода шуда, мутобиқ ба тақсимоти маъмурию ҳудудии онҳо аз зинаҳо иборат мебошанд.
9. Сохтор, ҳайати қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудӣ, инчуннн тартиби фаъолияти онҳо, тибқи низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд.
10. Дар ҳар як сатҳи Низоми ягона мақомоти ҳамоҳангсоз, мақомоти идоракунии доимамалкунанда, мақомоти идоракунии ҳамарӯза, қувва ва воситаҳо, захираҳои манбаъҳои молиявӣ ва моддӣ, системаи алоқа, огоҳсозӣ ва таъминоти иттилоотонӣ таъсис дода мешаванд.
11. Мақомоти ҳамоҳангсози Низоми ягона мебошаид:
- дар сатхи ҷумҳуриявӣ - Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комиссияҳо оид ба холатҳои фавқулоддаи ташкилоти ваколатдор, ки зернизомҳои вазифавии Низоми ягона доранд;
- дар сатҳи минтақавӣ ва ҳудудӣ (дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо) - комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо);
- дар сатҳи маҳаллӣ - (дар ҳудуди ҷамоатҳо) - комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- дар сатҳи иншоот - комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ташкилот.
12. Таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, муайянсозии ваколатҳои онҳо, тасдиқ намудани роҳбарон ва ҳайати мушаххаси он мутаносибан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо амалӣ карда мешаванд.
13. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин, тартиби қабули қарорҳо дар низомномаҳои онҳо ё дар қарорҳо дар бораи таъсисдиҳии онҳо муайян карда мешаванд.
14. Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо мутаносибан аз ҷониби роҳбарони мақомоти мазкур ва ташкилотҳо ё муовинони онҳо роҳбарӣ карда мешаванд.
15. Дар асоси механизми мавҷудаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ташкил медиҳад, ки мақоми машваратӣ дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
16. Вазифаҳои асосии комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда тибқи салоҳияташон инҳо мебошанд:
а) таҳияи пешниҳодот оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода;
б) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона;
в) таъмини мутобиқати амалиёти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо ҳангоми ҳалли вазифаҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин, барқарорсозӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, соҳаи иҷтимоӣ, инфрасохтори истеҳсолӣ ва муҳандисӣ, ки бар асари офатҳои табиӣ вайрон шудаанд ё зарар дидаанд;
г) баррасии масъалаҳои вобаста ба ҷалб намудани қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
д) дигар вазифаҳо.
17. Мақомоти идоракунии доимамалкунандаи Низоми ягона инҳо мебошанд:
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ - Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои вазорату идораҳо ва ташкилоти ваколатдор, ки барои халли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ё мудофиаи гражданӣ зернизоми вазифавии Низоми ягона доранд;
- дар сатҳи минтақавӣ - мақомоти ҳудудии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмақоми ваколатдор барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ё мудофиаи граждании вилоятҳо;
- дар сатҳи ҳудудӣ - мақомоти ҳудудии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми ваколатдор барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ё мудофиаи граждании шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- дар сатҳи маҳаллӣ - шахси махсус ваколатдор барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ё мудофиаи гражданӣ дар назди мақомоти худидоракунӣ;
- дар сатҳи иншоот воҳидҳои сохтории ташкилотҳое, ки дар ҳалли масъалаҳои соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоранд.
18. Мақомоти идоракунии доимамалкунандаи Низоми ягона тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро амалӣ менамоянд.
19. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти идоракунии доимамалкунандаи Низоми ягона бо низомномаҳои дахлдор дар бораи онҳо ё оннномаҳои мақомоти идоракунии мазкур муайян карда мешаванд.
20. Мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи Низоми ягона инҳо мебошанд:
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ - Маркази идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои идоракунии беруназшаҳрии эҳтиётӣ, марказҳои иттилоотӣ, хадамоти навбатдорию муназзимии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ваколатдор, ки зернизоми вазифавии Низоми ягона доранд;
- дар сатҳи минтақавӣ - марказҳои идоракунии мақоми ваколатдор барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ё мудофиаи граждании вилоятҳо, нуқтаҳои идоракунии беруназшаҳрии эҳтиётӣ, марказҳои иттилоотӣ, хадамотҳои навбатдорию деспетчерии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва мақомоти ҳудудии вазорату идораҳо;
- дар сатҳи ҳудудӣ - марказҳои идоракунии мақоми ваколатдор барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ё мудофиаи граждании шаҳрҳо ва ноҳияҳо, нуқтаҳои идоракунии беруназшаҳрии эҳтиётӣ, марказҳои иттилоотӣ, хадамотҳои навбатдорию деспетчерии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва мақомоти ҳудудии вазорату идораҳо;
- дар сатҳи маҳаллӣ - хадамоти навбатдорию муназзимии ягонаи мақомоти худидоракунӣ;
- дар сатҳи иншоот - хадамоти навбатдорию муназзимии ташкилот (иншоот).
21. Мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи Низоми ягона тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро амалӣ менамоянд.
22. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи Низоми ягона бо низомномаҳои дахлдор дар бораи онҳо ё оинномаҳои мақомоти идоракунии мазкур муайян карда мешаванд.
23. Ҷойгиркунии мақомоти идоракунии Низоми ягона вобаста аз шароит дар нуқтаҳои идоракунии доимӣ ё сайёр, ки бо воситаҳои техникии идоракунӣ, воситаҳои алоқа, хабардорсозӣ ва таъминоти зист муҷаҳҳаз гардидаанд ва дар ҳолати омодабоши доимӣ барои истифода қарор доранд, амалӣ карда мешавад.
3. ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ НИЗОМИ ЯГОНА
24. Ба қувва ва воситаҳои Низоми ягона қувва ва воситаҳои махсус тайёркардашудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мансуб мебошанд, ки барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъин ва ҷудо (ҷалб) карда мешаванд.
25. Ҳайати қувва ва воситаҳо, вазифаҳои зернизомҳои Низоми ягонаро Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ менамояд.
26. Қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабнниҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо тартиби муқарраргардидаи низомномаи мазкур ҷалб карда мешаванд.
27. Ба қувва ва воситаҳои ҳар як сатҳи Низоми ягона қувва ва воситаҳои омодабоши доимӣ, ки барои эътинои фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва гузаронидани корҳо оид ба рафъи онҳо таъин гардидаанд, дохил мешаванд (дар оянда - қувваҳои омодабоши доимӣ).
28. Асоси қувваҳои омодабоши доимиро хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, дигар хадамот ва сохторҳое, ки бо техникаи махсус, таҷҳизот, лавозимот, асбоб, мавод муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, бо дарназардошти таъмини гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда дар муддати на камтар аз 3 (се) шабонарӯз, ташкил медиҳанд.
29. Номгӯи қувваҳои омодабоши доимӣ сатҳи ҷумҳуриявидоштаро бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳо Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ менамояд.
30. Номгӯи қувваҳои омодабоши доимии зернизомҳои ҳудудидоштаро дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тасдиқ менамоянд.
31. Сохтор ва ҳайати қувваҳои омодабоши доимӣ аз тарафи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки онҳоро таъсис медиҳанд, мутобиқ ба вазифаҳои ба онҳо вогузоргардида оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда муайян менамоянд.
32. Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ иштирок менамоянд ва дар тамоми ҳудуд ё зиёдтар аз он амал менамоянд, инчунин, тамоми намудҳои муҳофизат аз сӯхтор, тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
33. Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳудуди вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти ҳудудии дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
34. Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳудуди мақомоти худидоракунӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти махсус ваколатдор дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ё мудофиаи граждании назди мақомоти худидоракунӣ амалӣ карда мешавад.
35. Ҷалб намудани хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар чунин асос амалӣ карда мешавад:
- мутобиқ бо нақшаҳои ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуд дар ҳолатҳои фавқулодда дар иншоотҳову ҳудудҳои хизматрасонишаванда аз ҷониби хадамотҳо ва сохторҳои номбаршуда;
- мутобиқ бо нақшаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар дигар ҳудудҳо ва иншоотҳо;
- бо қарори вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунанда, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки роҳбарии фаъолияти хадамотҳо ва сохторҳои номбаршударо амалӣ менамоянд.
36. Ҷалб кардани хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда берун аз миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
37. Сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи ҳолати фавқулодда метавонанд иштирок намоянд ва таҳти роҳбарии мақомоти идоракунии дахлдор амал менамоянд.
38. Қувва ва воситаҳои махсус тайёркардашудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, сохторҳо ва мақомоти ҳарбӣ, ки вазифаҳоро дар соҳаи мудофиа иҷро менамоянд, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо тартиби аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда ҷалб карда мешаванд.
39. Қувва ва воситаҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳудудӣ, ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда истифода карда мешаванд.
4. ТАЙЁРӢ, ОМӯЗИШИ КОРМАНДОНИ НИЗОМИ ЯГОНА ВА ОМОДАГИИ ХАДАМОТ ВА СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ
40. Тайёр намудан ва ба омӯзиш ҷалб кардани кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳое, ки махсус ваколатдоранд вазифаҳоро оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иҷро намоянд ва ба ҳайати мақомоти идоракунии Низоми ягона шомиланд, дар доираи Низоми ягонаи тайёрӣ бо тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
41. Роҳбарии методӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз рӯи тайёрии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва дигар чорабиниҳои марбут ба мудофиаи гражданиро дар давраи осоишта Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
42. Омодабошии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва гузаронидани корҳои рафъи онҳо дар рафти аттестатсия ва машқҳо, инчунин, дар рафти санҷишҳо, ки дар ҳудуди салоҳиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он, мақомоти назорати давлатӣ, инчунин, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунӣ ва ташкилотҳо, ки хадамотҳо ва сохторҳои номбаршударо ташкил менамоянд, санҷида мешаванд.
43. Тайёрӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ, кормандони хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар Маркази тайёр намудани наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.
5. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТОНИИ НИЗОМИ ЯГОНА
44. Идоракунии Низоми ягона бо истифода аз Системаи умумидавлатии маҷмуавии иттилоотонӣ ва хабардорсозӣ, ки шабакаи муттаҳидшудаи ташкилотию техникии қувва, воситаҳои алоқа ва хабардорсозӣ, шабакаҳои пахш, маҷроҳои шабакаҳои алоқаи истифодаи умумӣ ва идоравӣ, ки расонидани маълумот ва бонгҳои огоҳсозиро то мақомоти идоракунӣ, қувваҳои Низоми ягона ва аҳолӣ таъмин менамоянд, амалӣ карда мешавад. Тартиби таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онро Ҳукумати Ҷумҳуряи Тоҷикистон муайян менамояд.
45. Истифодабарии афзалиятноки ҳамагуна шабакаҳо ва воситаҳои алоқа, боздоштан ё маҳдудкунии шабакаҳои мазкур дар вақти ҳолатҳои фавқулодда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
46. Таъмини иттилоотонӣ дар Низоми ягона бо истифода аз Хадамоти ягонаи давлатии навбатдорию диспетчерӣ - низоми автоматикунонидашудаи иттилоотию идоракунӣ амалӣ карда мешавад, ки маҷмӯи низомҳои техникӣ, воситаҳои алоқа ва хабардорсозӣ, автоматизатсия ва воситаҳои иттилоотониро дарбар мегирад ва мубодилаи маълумот, тайёрӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, таҳлил ва расонидани маълумотро таъмин менамояд. Тартиби таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
47. Ба сифати рақами даъвати таъҷилии Хадамоти ягонаи давлатии навбатдорию диспетчерӣ оид ба пешгирӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва баромади ройгон ба он дар шабакаҳои телефонии нуқтаҳои аҳолинишин рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи "111"- и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
48. Ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумот дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худадоракунӣ ва ташкилотҳо тибқи тартиби муқарраргардидаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
49. Мӯҳлатҳо ва шаклҳои пешниҳоди маълумоти мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунӣ муқаррар карда мешавад.
50. Табодули маълумот бо давлатҳои хориҷӣ тибқи шартномаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
6. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА
51. Барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда чунин манбаъҳо истифода мешаванд:
- фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда мешавад;
- захираҳои воситаҳои моддӣ барои таъмини корҳои таъхирнопазир оиди рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ки дар таркиби захираҳои моддии давлатӣ мебошанд.
- захираҳои воситаҳои молиявию моддии вазорату идораҳо дар соли молиявӣ;
- захираҳои воситаҳои молиявию моддии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, аз ҷумла Фонди захиравии раисони вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунӣ ва ташкилотҳо, ки дар доираи буҷети давлатӣ пешниҳод гардидааст.
52. Тартиби пешбинӣ намудани манбаъҳои мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунӣ ва ташкилотҳо муайян карда мешавад.
53. Номгӯй ва ҳаҷми манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин назорат ҷиҳати ташкил, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва пуркунии манъбаҳои номбурда аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ин манъбаҳоро ташкил мекунанд, муқаррар карда мешаванд. Роҳбарии методиро оид ба ташкил, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва пуркунии манъбаҳои захираҳои моддӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
54. Гузаронидани чорабиниҳо оиди пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар доираи Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва дар асоси Нақшаи ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, нақшаи ҳамкории байниҳамдигарии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин, нақшаи амалиёти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунӣ ва ташкилотҳо амалӣ карда мешаванд.
55. Нақшаи ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ аз ҷониби Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ карда мешавад. Нақшаҳои дахлдори дар боло зикргардида аз тарафи раисони комиссияҳои дахлдор оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ карда мешаванд.
56. Роҳбарии ташкилию методии банақшагирии амалиёт дар доираи Низоми ягонаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
7. РЕҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ ЯГОНА
57. Фаъолияти Низоми ягона дар банақшагирӣ, омодагӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда хулосабарорӣ мешаванд. Вобаста аз вазъият се реҷаи фаъолияти системаи ягонаро фарқ менамоянд:
- реҷаи фаъолияти рӯзмарра - фаъолияти низоми ягона ҳангоми вазъияти муътадили истеҳсолию саноатӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ, сейсмикӣ ва гидрометеорологӣ, мавҷуд набудани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо;
- реҷаи омодагии баланд - фаъолияти низоми ягона ҳангоми бад шудани вазъияти истеҳсолию саноатӣ, радиатоионӣ, кимиёвӣ, биологӣ, сейсмикӣ ва гидрометеорологӣ, қабул намудани пешгуӣ дар бораи эҳтимолияти ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда;
- реҷаи ҳолатҳои фавқулодда - фаъолияти низоми ягона ҳангоми ба амал омадан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.
58. Ҳангоми мавҷуд набудани таҳдиди хатари ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда дар иншоот, ҳудудҳо ё иншооти обӣ мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона дар реҷаи фаъолияти рӯзмарра амал мекунанд.
59. Бо қарорҳои роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди онҳо метавонад ҳолатҳои фавқулодда ба амал ояд ё ба амал омадааст, ё ин ки ба ваколати онҳо рафъи ҳолатҳои фавқулодда мансуб дониста шудааст, барои мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои дахлдори Низоми ягона метавонад яке аз реҷаҳои фаъолияти мазкур муқаррар карда шавад:
а) реҷаи омодагии баланд - ҳангоми таҳдиди хатари ҳолатҳои фавқулодда;
б) реҷаи ҳолатҳои фавқулодда - ҳангоми ба амал омадан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.
60. Бо қарорҳои роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо дар бораи ҷорӣ намудани реҷаи омодагии баланд ё реҷаи ҳолатҳои фавқулодда барои мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои дахлдори Низоми ягона муайян карда мешавад:
а) шароите, ки барои ҷорӣ намудани реҷаи омодагии баланд ё реҷаи ҳолатҳои фавқулодда, асос шудаанд;
б) марзи ҳудуде, ки дар он метавонад ҳолати фавқулодда ба амал ояд ё марзи минтақаи ҳолати фавқулодда;
в) қувва ва воситаҳое, ки ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда мешаванд;
г) номгӯи чораҳо оид ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ё ташкили корҳо оид ба рафъи он;
д) шахсони мансабдоре, ки барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ё роҳбарии корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда масъуланд.
61. Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо бояд аҳолиро тавассути воситаҳои ахбори омма ё дигар шабакаҳои алоқа дар бораи ҷорӣ намудани реҷаи дахлдори фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона, инчунин чораҳо оид ба таъмини амнияти аҳолӣ дар ҳудудҳои аниқ хабардор намоянд.
62. Ҳангоми бартараф намудани шароитҳое, ки барои ҷорӣ намудани реҷаи омодагии баланд ё реҷаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудудҳои дахлдор асос шудаанд, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунанда ва ташкилотҳо реҷаҳои муқарраршудаи фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягонаро қатъ менамоянд.
63. Ҳангоми таҳдиди ба амал омадан ё ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти минтақавӣ (ҳудудӣ) ва ҷумҳуриявӣ реҷаи фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои зерсистемаҳои дахлдори Низоми ягона метавонанд бо қарорҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда муқаррар карда шаванд.
64. Чорабиниҳои асосие, ки аз ҷониби мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона гузаронида мешаванд, инҳо мебошанд:
а) дар реҷаи фаъолияти рӯзмарра:
- омӯзиши ҳолати муҳити атроф ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда;
- ҷамъоварӣ, коркард ва мубодилаи иттилоот тибқи тартиби муқарраргардида дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии оташнишонӣ;
- коркард ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ ва чораҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии оташнишонӣ;
- банақшагирии амалиёти мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона, ташкили тайёрӣ ва таъмини фаъолияти онҳо;
- тайёрии аҳолӣ ба амалиёт дар ҳолатҳои фавқулодда;
- ташвиқи дониш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии оташнишонӣ;
- роҳбарӣ намудан оид ба ташкил, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва пуррагардонии захираҳои манбаъҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани экспертизаи давлатӣ, назорат дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии оташнишонӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани намудҳои зарурии суғуртакунонӣ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба тайёрӣ ба эвакуатсияи аҳолӣ, манбаъҳои моддӣ ва фарҳангӣ дар минтақаҳои бехатар, ҷойгиркунонӣ ва баргардонидани онҳо мутаносибан ба ҷойҳои зисти доимӣ ё ин, ки нигоҳдории онҳо, инчунин таъминоти зисти аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда;
- пешбурди ҳисоботдиҳии оморӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, иштирок дар тафтишоти сабабҳои садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин, коркарди чораҳо оид ба бартараф намудани сабабҳои чунин садамаҳо ва фалокатҳо;
б) дар реҷаи омодагии баланд:
- таҳким назорат аз рӯи ҳолати муҳити атроф, пешгӯии ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва оқибати онҳо;
- ҷорӣ намудани навбатдории шабонарузии роҳбарон ва ашхоси вазифадори мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона дар нуқтаи идоракунии доимӣ;
- ҷамъоварии пайваста, коркард ва додан ба мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи пешгӯишаванда, иттилоотонии аҳолӣ дар бораи тарзҳо ва усулҳои ҳифз аз онҳо;
- қабул намудани чораҳои фаврӣ оид ба пешгирии ба амал омадан ва вусъатёбии ҳолатҳои фавқулодда, паст кардани андозаи хисорот ва талафот дар ҳолати ба амал омадани онҳо, инчунин баланд бардоштани устуворӣ ва бехатарии фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда;
- аниқ намудани нақшаҳои амалиёт (ҳамкорӣ) оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ҳуҷҷатҳо;
- ҳангоми зарурат омода намудани қувва ва воситаҳои Низоми ягона ба эътинонамоӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, таъсис намудани гурӯҳҳои оперативӣ ва ташкил намудании баромади онҳо ба минтақаҳои амалиёти пешбинишаванда;
- ҳангоми зарурат пуррагардонии манбаъҳои захираҳои моддӣ, ки барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шудаанд;
- ҳангоми зарурат гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ;
в) дар реҷаи ҳолати фавқулодда:
- назорати беист аз рӯи ҳолати муҳити атроф, пешгӯии инкишофи ҳолатҳои фавқулоддаи ба амал омада ва оқибатҳои онҳо;
- огоҳонидани роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо, инчунин аҳолӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи баамаломада;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;
- ташкили корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини ҳамаҷонибаи амалиёти қувва ва воситаҳои Низоми ягона, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар рафти гузаронидани онҳо, инчунин ҳангоми зарурат тибқи тартиби муқарраргардида ҷалб намудани ташкилотҳо ва аҳолӣ ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи баамаломада;
- ҷамъоварии пайваста, таҳлил ва табодули иттилоот оид ба вазъият дар минтақаи ҳолати фавқулодда ва дар рафти гузаронидани корҳо оид ба рафъи он;
- ташкил ва нигоҳдории ҳамкории пайвастаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини зисти аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда.
65. Ҳангоми ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда дар мавридҳои тибқи бандҳои 2, 3, 4, 5 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда" пешбинигардида, барои мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои зернизомҳои дахлдори Низоми ягона реҷаи омодагии баланд муқаррар гардида, ҳангоми ҷорӣ намудани реҷаи вазъияти фавқулодда дар мавридҳои банди 1 моддаи мазкур пешбинигардидаи реҷаи ҳолати фавқулодда муқаррар мегардад.
66. Дар реҷаи вазъияти фавқулодда мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои Низоми ягона бо дарназардошти реҷаи махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо амал менамоянд.
8. ТАРТИБИ РАФЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА РОҲБАРИИ КОРҲО БАРОИ ОН
67. Рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи:
- дорои хусусияти маҳдуд аз ҷониби қувва ва воситаҳои ташкилотҳо амалӣ карда мешавад;
- дорои хусусияти маҳаллӣ аз ҷониби қувва ва воситаҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ амалӣ карда мешавад;
- дорои хусусияти ҳудудӣ ва минтақавӣ аз ҷониби қувва ва воситаҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ҷойгир шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
- дорои хусусияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз ҷониби қувва ва воситаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ҷойгир шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
68. Ҳангоми нарасидани қувва ва воситаҳои номбаршуда тибқи тартиби муқарраргардида қувва ва воситаҳои вазорату идораҳо ҷалб карда мешаванд.
69. Роҳбарии қувва ва воситаҳои барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалбкардашуда ва ташкили ҳамкории байниҳамдигарии онҳоро роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда амалӣ менамоянд. Роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ки ба минтақаи ҳолати фавқулодда аввалин шуда ҳозир шудаанд, салоҳияти роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолати фавқулоддаро қабул менамоянд. То омада расидани роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст ва бо қарорҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, нақшаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ё мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, роҳбарони ташкилотҳои таъингардида, ки ба салоҳияти онҳо рафъи ҳолатҳои фавқулодда дохил шудааст, онро иҷро менамоянд.
70. Роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолати фавқулодда дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо дар ҳудуди онҳо, ки ҳолати фавқулодда ба амал омадааст, марзҳои минтақаҳои ҳолати фавқулодда, тартиб ва хусусиятҳои амалиётро оид ба маҳдудсозии он муқаррар менамоянд, инчунин, қарор оид ба гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро қабул менамоянд.
71.Қарори роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои ҳама шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки дар минтақаи холати фавқулодда ҷойгиранд, ҳатмӣ мебошад, агар ҳолатҳои дигар бо қонунгузорӣ пешбинӣ нашуда бошад.
72. Дар ҳолати будани зарурати зиёд роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолати фавқулодда ҳуқуқи мустақилона қабул намудани қарорро оид ба масъалаҳои зерин доранд:
- гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ;
- қать намудани фаъолияти мақомотҳое, ки дар минтақаи ҳолати фавқулодда ҷойгир мебошанд;
- гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар иншоотҳо ва ҳудуди ташкилотҳое, ки дар минтақаи ҳолати фавқулодда ҷойгир шудаанд;
- маҳдудияти воридшавии шаҳрвандон ба минтақаи ҳолати фавқулодда;
- бо тартиби муқарраршуда истифодаи мақсадноки манбаҳои захираҳои моддии ташкилотҳо, ки дар минтақаи ҳолати фавқулодда ҷойгир шудаанд, ба ғайр аз манбаъҳои моддии захираҳои давлатии моддӣ;
- бо тартиби муқарраргардида истифодабарии воситаҳои алоқа ва огоҳонидан, воситаҳои нақлиётӣ ва дигар молу мулки ташкилотҳо, ки дар минтақаи ҳолати фавқулодда ҷойгир шудаанд;
- ба гузаронидани корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб намудани сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ғайриштатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин, наҷотдиҳандагоне, ки ба ҳайати сохторҳои номбаршуда, дохил нашудаанд, ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аттестатсия барои гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар онҳо;
- ҷалб намудани аҳолӣ барои гузаронидани корҳои таъхирнопазир, инчунин, шаҳрвандони алоҳида, ки наҷотдиҳанда намебошанд, барои гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба таври ихтиёрӣ;
- қабул намудани дигар чораҳои зарурӣ, ки бо вусъатёбии ҳолатҳои фавқулодда ва рафти корҳо оид ба рафъи онҳо вобастаанд.
73. Роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи қарорҳои қабулшуда дар ҳолати зарурати фавқулодда мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ ва ташкилотҳоро таъҷилан хабардор менамоянд.
74. Тартиби ташкил ва амалӣ намудани корҳо оид ба пешгирии сӯхторҳо ва бевосита хомӯш кардани онҳо, инчунин гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ки ба хадамоти сӯхторхомушкунӣ вогузор гардидаст, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии оташнишонӣ, аз ҷумла низомномаҳои техникӣ муайян карда мешавад. Хомӯш кардани сухторҳо дар ҷангалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ НИЗОМИ ЯГОНА
75. Таъминоти молиявии фаъолияти Низоми ягона ва чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор ва моликони (истифодабарандагони) амвол тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ташкилотҳои тамоми намуди шаклҳои моликият дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби вооитаҳои худӣ иштирок менамоянд.
76. Маблағгузории барномаҳои мақсаднок оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини фаъолияти устувори ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.
77. Ҷудо намудани воситаҳо барои маблағгузории чорабиниҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои офатҳои табиӣ дар асоси фармоишҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
78. Бо мақсади рафъи фаврии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо тартиби муқарраргардида захираҳои мақсадноки молиявиро оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда истифода намояд.
79. Барориши манбаъҳои моддӣ аз захираҳои моддии давлатӣ, ки барои таъмини корҳои таъхирнопазир ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидаанд, мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираҳои моддии давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад,
80. Ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ба давлатҳое, ки дар ҳудудашон ҳолатҳои фавқулодда рух додаанд дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.
81. Тақсимоти ёрии башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Замимаи 1
ба сохтор ва тартиби
фаъолияти Низоми ягонаи
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба пешгирӣ ва рафъи
ҳолатқои фавқулодда
Номгӯи зернизомҳои вазифавии сатҳи ҷумҳуриявии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар вазорату идораҳо ташкил карда мешаванд
1. ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
2. Зернизоми пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Огоҳкунӣ ва хомӯшкунии сӯхтор"
2. ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
4. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифзи муҳандисии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
3. ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифзи ҳайвонот ва растаниҳои кишоварзӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
4. ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи кӯмаки башардӯстона"
5. ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
7. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифзи тиббию биологии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
8. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
9. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Шабакаи дидбонӣ ва назорати лабораторӣ аз рӯи ҳолати эпидемиологӣ"
6. ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда"
7. ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Эвакуатсия ва муҳоҷирати экологии аҳолӣ"
8. ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
12. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Чорабиниҳои зидди обхезиҳо ва бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
13. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти энергетикӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
9. ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
14. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти саноатӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
10. ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
15. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти нақлиётӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда"
16. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти нақлиёти барои эвакуатсияи аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда
17. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳии парвоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
18. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон"
11. ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
19. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти молиявӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
12. КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
20. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти аҳолӣ бо замин дар минтақаҳои бехавф ва харитакунонии минтақаҳои осебпазир дар ҳолатҳои фавқулодда"
13. КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
21. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Мониторинг, назорати лабораторӣ ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда"
22. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Назорати иншоотҳои хатарноки радиатсионӣ ва кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
23. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти ҷустуҷуӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
24. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Қабул ва тақсими кӯмаки башардӯстона барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда"
14. КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
25. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Дидбонӣ ва назорат аз рӯи ҳолати муҳити зист ва иншооти (ноҳияҳои) эҳтимолан хатарнок"
26. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Дидбонӣ, баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳодисаҳои хатарноки гидрометеорологӣ ва олудагии муҳити зист"
15. КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифзи муҳандисӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
28. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Барқароркунии иншоотҳои махсус дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда"
16. КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Иттилоотонии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
17. АГЕНТИИ ЗАХИРАҲОИ МОДДИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Захираҳои давлатии моддӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда"
31. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Савдо ва хӯрока дар ҳолатҳои фавқулодда"
18. АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
32. Зернизоми вазифавии пешгири ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Мухофизаи ҷангал аз сӯхтор ва ҳифзи он аз зараррасонҳо ва бемориҳои ҷангал"
19. АГЕНТИИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
33. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Ҳифз аз селҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ"
20. ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
34. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Хабардоркунӣ, алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ"
21. АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
35. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Мониторинги сейсмикӣ ва таҳқиқи оқибатҳои заминҷунбиҳои шадид"
36. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Амнияти радиатсионӣ ва радиоэкология"
37. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти илмӣ-тадқиқотии Низоми ягона"
22. ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӯҲКОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
38. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Назорат ва экспертизаи техникӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
23. САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
39. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Мониторинги ҳолати қаъри замин: мониторинги обҳои зеризаминӣ ва мониторинги равандҳои экзогении хавфноки геологӣ"
24. КВД "ТОҶИКСУҒУРТА"
40. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти суғуртавӣ дар ҳолатҳои фавқулодда"
25. КВД "ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"
41. Зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда "Таъминоти коммуналию техникӣ дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда"