Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Банди 3 боби 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Ба мақоми иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ талаб кардан ё мустақилона муқаррар кардани намудҳои иловагии ҳуҷҷатҳое, ки ба фаъояият вобастаанд ва муқаррар кардани талабот ё шартҳои иловагии дар Низомномаи мазкур пешбининагардида манъ аст. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд.".
2. Дар сархати чоруми банди 4 боби 16 калимаи "акти" ба калимаи "санади" иваз ва баъд аз калимаи "бошад" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
3. Банди 3 боби 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Барои гирифтани иҷозатнома намунаи маҳсулоти матбаавӣ, ки минбаъд тайёр карда мешавад, ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад.".
4. Дар сархати дуюми банди 3 боби 18 баъд аз калимаи "муқарраргардида" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
5. Дар боби 23:
- сархати якуми банди 7 хориҷ карда шавад;
- дар банди 8:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм мутаносибан баъд аз калимаҳои "иҷозатдиҳӣ" ва "саноатӣ" калимаҳои ", ки онҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд;
- аз сархати чорум калимаи ", оташнишонӣ" хориҷ карда шавад.
6. Дар банди 3 боби 25:
- аз сархати дуюм калимаи ", оташнишонӣ" хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм баьд аз калимаи "саноатӣ" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум баъд аз калимаи "объектҳо" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
7. Дар боби 26:
- аз сархати якуми банди 1 калимаи ", ангишт" хориҷ карда шавад;
- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти сохтмон ва таъмири иншоот вобаста ба энергетика.";
- сархати дуюми банди 3 боби 26 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- хулосаи техникӣ барои гирифтани иҷозат ва шартҳои техникӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика;".
8. Дар сархати сеюми банди 3 боби 27 баъд аз калима ва аломати "фарҳангӣ)" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
9. Дар боби 31:
- банди 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.";
- дар сархати дуюм банди 4 баъд аз калимаи "оташнишонӣ", дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои "партовҳои хатарнок", дар сархати чорум баъд аз калимаи "фоиданок" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
10. Дар боби 32:
- аз сархати дуюми банди 3 калимаҳои"ва оташнишонӣ" хориҷ - карда шаванд;
- сархати сеюми банди 3 хориҷ карда шавад;
- дар сархати панҷуми банди 4 пас аз калимаи "метрологӣ", калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
11. Сархати дуюми банди 3 боби 33, банди 4 боби 34, сархати дуюми банди 3 боби 35 хориҷ карда шаванд.
12. Дар боби 36:
- дар сархати якуми, банди 3 баъд_ аз калимаи. "прекурсорҳо" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд;
- дар сархати чоруми банди 4 баъд аз калимаи "метрологӣ" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
13. Дар сархатҳои дуюм ва ҳаштуми банди 4 боби 37 мутаносибан баъд аз калимаҳои "оташнишонӣ" ва "дохилӣ" калимаҳои ", ки онҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд;
14. Дар банди 6 боби 38:
- сархати дуюми зербанди 5) хориҷ карда шавад;
- сархати сеюми зербанди 6) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-хулосаи санитарию эпидемиологӣ;";
- ба зербанди 6) сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.";
- сархатҳои панҷум ва шашуми зербанди 7) хориҷ карда шуда, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-хулосаи санитарию эпидемиологӣ;".
15. Сархатҳои дуюм ва чоруми банди 3 боби 40 хориҷ карда шаванд.
16. Дар бобҳои 43, 49 ва 57 калимаҳои "Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
17. Дар банди 4 боби 45:
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати чорум баъд аз калимаи "сигналдиҳӣ" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
18. Боби 46 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Боби 46. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку
1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку.
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани иҷозатнома заруранд:
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ.
4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:
- риояи технологияи истеҳсолот;
- риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш;
- дар моликияти довталаби иҷозатнома ё бо дигар асоси қонуни мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), иморатҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла озмоишгоҳи истеҳсолию технологӣ барои амалӣ намудани фаъолияти мазкур.
5. Мавҷуд будани иҷозатнома барои истеҳсоли маҳсулоти тамоку, ҳуқуқи фаъолияти фурӯши яклухти маҳсулоти тамокуро" бе гирифтани иҷозатнома медиҳад.
6. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку, маҳсулоти худро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иҷозатномаи фурӯши яклухт ва ё чаканаи маҳсулоти тамоку мебошанд, мефурӯшанд ё тавассути мағозаҳои фирмавии худ фурӯши онро ба роҳ мемонанд.
7. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку.
8. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ:
- мавҷуд будани анбор;
- манъи фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку дар ҳудуди ташкилотҳои тиббӣ, маориф, варзишӣ ва илмию фарҳангӣ.
10. Ҳуқуқи фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку бо суроғае, ки дар иҷозатнома қайд гардидааст, дар муддати амали иҷозатнома дода мешавад.
11. Фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома дар ҳолате амалӣ гардида мешавад, ки довталаби иҷозатнома дорои сертификати мутобиқат ва маҷмӯи тамғаҳои аксизӣ бошад.
12. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку.
13. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
14. Ба фурӯш баровардани маҳсулоти тамоку дар шакли чакана танҳо дар биноҳои статсионарӣ, майдони савдо, павилёнҳо, мағоза ва тарабхона, ки ба талаботи санитарию беҳдоштӣ мувофиқат мекунанд, иҷозат дода мешавад.
15. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:
- мавҷуд будани нуқтаи савдо, ки ба талаботи фурӯши чакана ҷавобгӯ мебошад;
- манъи фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар ҳудуди ташкилотҳои тиббӣ, маориф, варзишӣ ва илмию фарҳангӣ.
16. Иҷозатномаи ҳуқуқи фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ба суроғае, ки дар иҷозатнома қайд гардидааст, дар муддати амали иҷозатнома дода мешавад.
17. Фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома дар ҳолате амалӣ гардонида мешавад, ки маҳсулот дорои сертификати мутобиқат ва тамғаҳои аксизии дахлдор бошад.
18. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти истеҳсол ва фурӯши яклухти тамокуро анҷом медиҳад, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба андозаи бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар карда мешавад. Ба шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти фурӯши чаканаи маҳсулоти тамокуро анҷом медиҳанд, ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар соли амали иҷозатнома андозаи ҳаққи додани иҷозатнома муқаррар карда мешавад.".
19. Дар банди 10 боби 48:
- аз сархати шашум калимаҳои "ва оташнишонй" хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шаванд.
20. Сархати якуми зербанди 1) банди 3 боби 49, сархати сеюми зербанди 1) банди 4 боби 57 ва сархати шашуми банди 24 боби 58 хориҷ " карда шаванд.
21. Дар боби 59:
- сархати сеюми банди 2 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"- истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда;";
- дар эзоҳи банди 2 баъд аз калимаҳои "махсуси об" калимаҳои "ва фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда" илова карда шаванд;

"3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда - Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҷамъоварии коллексияҳои минералӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ; Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт ва газ; Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зеризаминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани куҳӣ ва коркарди он);
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда; Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул.";
- дар сархати якуми банди 4 баъд аз калимаи "давлатӣ" калимаҳои "ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд;
- аз сархатҳои дуюм ва панҷуми банди 4 калимаҳои "ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати сеюми банди 4 калимаҳои "ва заршуёни худфаъол ва худбиёр" хориҷ карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- маълумотнома оид ба мавзеи истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул, ки хуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи захираҳои об бо дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад;";
- дар сархати якуми банди 7 калимаи "Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз ва дар сархати дуюми ҳамин банд пас аз калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 10 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:
"10. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтани иҷозатнома зарур нест ва он дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда амалӣ карда мешавад.".
22. Сархати панҷуми банди 5 боби 61 хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 830
ш.Душанбе