Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2014, № 790
Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда
1. Қоидаҳои умумӣ
1. Тартиб ва меъёри ҷуброни мазкур дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.
2. Амали қарори мазкур дар фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвоноти дар шароити табиӣ дар заминҳои дорои аҳамияти ҳифзи табиат, заминҳои кишоварзӣ ва заминҳои захираи давлатӣ қарордошта амалӣ карда мешавад.
3. Меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсоии ҳуқуқӣ ва воқеӣ расонидашуда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ҳиооб карда мешавад.
4. Ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ расонидашуда онҳоро аз ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод наменамояд.
2. Ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот дигар объектҳои олами набототу ҳайвонотро вайрон мекунанд ва айбдор дониста мешаванд, товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашударо тибқи Тартиби мазкур ҷуброн менамоянд.
6. Зараре, ки дар натиҷаи сӯхтор ва ё муносибати беэҳтиётона бо оташ ба фонди ҷангал расонида шудааст, инчунин маблағи тамоми хароҷот барои хомӯш кардани сӯхтор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
3. Тартиби барасмиятдарорӣ ва ирсоли санадҳои расмӣ оид ба вайронкунии талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот
7. Оид ба ҳар як вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби кормандони ҳифзи давлатии ҷангал санади расмӣ тартиб дода мешавад.
8. Шаклу тартиби барасмиятдарорӣ ва ирсоли санадҳои расмӣ оид ба вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонотро мақоми ваколатдори хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот муайян менамояд.
4. Тартиби муайян кардани меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда
9. Меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда вобаста ба намуди вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот тибқи меъёрҳои ҳисоб кардани андозаи ҷуброни зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда, ки дар замимаҳои 2-10 оварда шудаанд, муайян карда мешавад.
10. Меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ду баробар зиёд ҳисоб карда мешавад.
11. Меъёри ҷуброни товони зарар, барои маъюбкунии олами ҳайвонот, ки ба марги он наовардааст, дар ҳаҷми 50 фоизи меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.
12. Ҳайвоноти ваҳшӣ, паррандагон ва хазандагони ғайриқонунӣ шикоршуда, дар ҳолати зинда будан мусодира карда шуда, аз рӯи имконият ба табиат баргардонида дода мешаванд ва ё ба парваришгоҳҳои махсус супорида мешаванд. Дар ҳолати ғайриимкон гардидани ин амал, меъёри ҷуброни товони зарари ба дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда аз нархи пардохти ҳатмӣ барои ин намуди олами ҳайвонот панҷ баробар зиёд ҳисоб карда мешавад.
5. Тартиби истифодабарии маблағҳое, ки барои ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда ворид мешаванд
13. Маблағҳое, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ворид карда мешаванд, барои ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот расонидашуда, инчунин маблағҳои аз ҳисоби фурӯши маҳсулот ва олоти мусодирагашта ба суратҳисоби мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот воридшуда аз рӯи таъиноти мақсаднок барои маблағгузории чорабиниҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- барқароркунӣ ва бунёди ҷангалзорҳо;
- ҳифзи ҷангалзорҳо аз сӯхтор, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;
- гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ;
- гузаронидани тадбирҳо оид ба ташкил ва танзими хоҷагии ҷангал;
- гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва таблиғотӣ дар байни аҳолӣ;
- гузаронидани мониторинг, баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон;
- ҳавасмандгардонни кормандони соҳа дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон;
- чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист.
14. Назорати иҷрои чорабиниҳои Тартиби мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал амалӣ мегардад.
Замимаҳои 2-10