Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 № 790 "Дар бораи Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда

Мутобиқи моддаи 71 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиб ва меъёри ҷуброни товони зарари ба фонди ҷангал ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда тибқи замимаҳои 1-10 тасдиқ карда шавад.

2. Иловаҳои 1 ва 2 Низомнома дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1997, № 324 "Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кори хоҷагиҳои шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шаванд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996, № 410 "Дар бораи таксаҳо барои ҳисоб карда баровардани андозаи ҷарима барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба ҷангал" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2014 № 790

ш. Душанбе