ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 октябри соли 2018, № 1157
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 603
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 "Дар бораи хизмати дипломатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 12, мод. 827) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд - кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
2. Аз матни моддаи 2, сархатҳои якуми қисмҳои 1 ва 2 моддаи 20 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар сархатҳои дувоздаҳум, понздаҳум ва ҳаждаҳуми моддаи 5, қисми 3 моддаи 6, сархати дуюми қисми 5 ва қисми 6 моддаи 12, сархати чоруми қисми 3 моддаи 19, сархати сеюми қисми 2 моддаи 20 ва қисми 1 моддаи 26 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
4. Ба қисми 1 моддаи 8 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд;".
5. Аз сархати сеюми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои "(муовини Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ)" хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 10:
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш тибқи талаботи Қонуни мазкур таъин карда мешаванд.";
- қисмҳои 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
7. Дар қисми 4 моддаи 10, қисми 3 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 калимаҳои "муҷозоти" ва "Муҷозоти" мувофиқан ба калимаҳои "ҷазои" ва "Ҷазои" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои "Вазорати корҳои хориҷии" ба калимаи "Президенти" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1574
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ДИПЛОМАТИЧЕСКОЙ СЛУЖБЕ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 1 октября 2018 года, №1157
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 25 декабря 2018 года, №603
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 31 декабря 2014 года "О дипломатической службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №12, ст.827) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 1 дополнить абзацем третьим следующего содержания:
"- сотрудники соответствующих структурных подразделений Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, ведущие вопросы международных связей - сотрудники аппарата Помощника Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей, Управления зарубежных связей Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Службы протокола Президента Республики Таджикистан;".
2. Часть 1 статьи 8 дополнить абзацем вторым следующего содержания:
"- сотрудники соответствующих структурных подразделений Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, ведущие вопросы международных связей;".
3. Из абзаца четвертого части 1 статьи 9 слова "(заместитель Постоянного представителя при международной организации)" исключить.
4. В статье 10:
- дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. Сотрудники соответствующих структурных подразделений Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, ведущие вопросы международных связей, назначаются на дипломатическую службу в Министерство иностранных дел Республики Таджикистан и заграничные учреждения Республики Таджикистан в зарубежных странах в соответствии с требованиями настоящего Закона в порядке перевода на основании предложения Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и по согласованию с Президентом Республики Таджикистан.";
- части 4, 5 и 6 соответственно считать частями 5, 6 и 7.
5. В части 4 статьи 12 слова "Министерством иностранных дел" заменить словом "Президентом".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 января 2019 года, №1574