Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 аз 1 декабри соли 2014 № 739

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 декабри соли 2014, № 739

тасдиқ шудааст

Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020

Сарсухан

Дар Аҳдномаи байналмилалӣ "Дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ" (соли 1966) ва Қоидаҳои стандартии ҳаддалимкони муносибат ба маҳкумшудагон, ки соли 1955 дар Конгресси якуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибат бо ҷинояткорон қабул шудаанд, чунин муайян гаштааст: "ҳамаи судшудагон ва маҳкумшудагон мувофиқи қобилияти ҷисмонӣ ва вазъи равонии худ бояд фаъолияти меҳнатӣ дошта бошанд".

Ҳуҷҷатҳои зикршуда меҳнати ҳатмии судшудагонро ҳамчун меҳнати иҷборӣ муайян накардаанд. Ҳамчунин, ин ӯҳдадориҳо дар меъёрҳои боби махсуси назарияи умумии таълиму тарбия - таълиму тарбияи ислоҳотӣ, ки меҳнати ҷамъиятиву манфиатбахшро ҳамчун воситаи асосии тарбияи инсон ва ташаккулёбии сифатҳои маънавию ахлоқии он муайян кардааст, инъикоси худро ёфтааст.

Маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагонро вобаста ба қобилияташон ва аз рӯи имконот мувофиқи тахассуси онҳо ба меҳнат ҷалб менамояд. Бо вуҷуди ин, ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнат аз рӯи тахассус барои муассисаҳои ислоҳӣ талаботи ҳатмӣ намебошад. Дар ҳолатҳое, ки таъмини маҳкумшудагон бо фаъолияти ҷавобгӯи ихтисоси онҳо бо сабаби набудани ин намуди истеҳсолот дар муассисаи ислоҳӣ имконот намедиҳад ё бо сабаби махсусиятнокии фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ, номувофиқ будани ихтисоси маҳкумшудагон ба мақсадҳои ислоҳӣ маъмурияти муассиса онҳоро аз рӯи тахассусҳои дигар ба кор ҷалб намуда, таъмини омӯзиши онҳоро мувофиқи тахассуси нав ба роҳ мемонад.

Дар як қатор ҳолатҳо қонунгузорӣ ҷалби маҳкумшудагонро ба меҳнат аз рӯи тахассуси касбии доштаашон манъ кардаст, масалан ҳангоми ба маҳкумшуда бо ҳукми суд ҷазои иловагӣ дар шакли маҳрум шудан аз ҳуқуқ ба ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро таъин карда шудааст (моддаи 33 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Мутобиқи ин талаботи санадҳои қонунгузориии танзимкунандаи қоидаҳои маҳрум кардан аз озодӣ (иҷрои ҷазо) ба ташаккул ва рушди фаъолияти истеҳсоли дар муассисаҳои ислоҳӣ нигаронида шудаанд. Бинобар ин онҳо ба ҳадафҳои тарбиявӣ ва талаботи таълиму тарбия мутобиқ мебошанд, чунки маҳкумшудагонро ба иштироки доимӣ дар раванди истеҳсолот ҷалб менамоянд ва дар муассисаи ислоҳӣ ташкили пойгоҳи истеҳсолии муосир ва тайёрии касбии сатҳи баландро тақозо мекунанд.

Бӯҳрони иқтисодаи солҳои гузашта ба вазъи иқтисодии муассисаҳои ислоҳии мамлакат ва ташкили меҳнати истеҳсолии маҳкумшудагон таъсири манфӣ расонид, вале ин вазъият барои дигар кардани принсипҳои раванди тарбиявии онҳо, ки асоси тарбияи меҳнатии онҳо мебошад, сабаб шуда наметавонад, Дар баробари ин меҳнати фоиданоку ҷамъиятии маҳкумшудагон ба беҳбудию солимии онҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои иқтисодии манфиатбахш нигаронида шудааст. Дар робита бо ин дар ширкат намудан дар меҳнати истеҳсолӣ, ҳам худи маҳкумшудагон ва ҳам кулли ҷомеа манфиатдор мебошанд.

1. АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ, ҲАДАФҲО ВА ЗАРУРАТИ ТАШКИЛИ МЕҲНАТИ МАҲКУМШУДАГОН БАҲРИ ИСЛОҲШАВӢ ВА ТАРБИЯИ ОНҲО

1. Раванди корҳои тарбиявии маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, ки ҳар як шахси алоҳидаи аз озодӣ маҳкумшударо барои иштирок дар меҳнат ӯҳдадор месозад, ба танзим дароварда мешавад.

2. Мувофиқи моддаи 107 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахси ба ҷазои маҳрумшавӣ аз озодӣ маҳкумшуда ӯҳдадор аст дар он ҷой ва дар он коре, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян намудааст, меҳнат кунад. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагонро ба меҳнат дар корхонаҳои муассисаи ислоҳӣ, корхонаҳои давлатӣ ва дигар корхонаҳои шакли гуногуни моликият бо шарти таъмини муҳофизати қатъӣ ва ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон, бо дарназардошти ҷинс, синну сол, қобилияти меҳнатӣ, вазъи саломатӣ ва аз рӯи имкон ихтисоси онҳо ҷалб менамояд.

3. Фаъолияти меҳнатии маҳкумшудагон ҳамчун воситаи муҳими тарбия ҷиҳати нигаҳдошти тартибу интизом дар ҷойҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Меҳнати маҳкумшудагон ба фаъолияти мӯътадили муассисаи ислоҳӣ дар шароити муосир, қонеъ гардонидани талаботи худи маҳкумшудагон, кӯмак расонидан ба оилаашон ва ҷамъоварии пасандози зарурӣ барои ҷобаҷошавии онҳо баъди адои ҷазо имконият медиҳад.

4. Зарурати асосии ҷалби маҳкумшудагон ба истеҳсолот пеш аз ҳама ҳалли масъалаҳои тарбиявии онҳо маҳсуб меёбад, Бо вуҷуди ин нишондодҳои иқтисодии фаъолияти истеҳсолию хоҷагии муассисаи ислоҳӣ низ зери таваҷҷӯҳ бояд қарор ва вазифагузорӣ шаванд. Меҳнати маҳкумшудагон, бахусус дар шароити имрӯза бояд ҳамчун воситаи асосӣ барои ҷуброни хароҷоти маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдошти системаи иҷрои ҷазо ҷудо мегарданд, истифода гардад.

5. Ба меҳнати музднок ҷалб намудани маҳкумшудагон, инчунин барои ҷуброни товони зарари ба давлат ва шахсони воқеӣ расонидашуда манбаи асосӣ мебошад. Чунин амал метавонад ба ҳалли масъалаҳои вусъатбахш, навсозӣ ва азнавмуҷаҳазгардонии техникии корхонаю муассисаҳо, мӯътадилёбии вазъи молиявии онҳо ва болоравии сатҳи шуғли маҳкумшудагон таъсири мусбат расонад.

2. ХУСУСИЯТҲО ВА ВАЗЪИ ВОҚЕИИ ТАШКИЛИ ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6. Дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ, дар корхонаҳои давлатӣ ва ё корхонаҳои шакли дигари моликият маҳкумшудагон ба меҳнат бо шартҳои таъмини муҳофизати қатъӣ ва ҷудо нигоҳ доштани онҳо ҷалб карда мешаванд. Маҳкумшудагон инчунин ҳуқуқ доранд ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғул шаванд.

7. Меҳнати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҷазояшон дар ҳабсхона мегузарад, танҳо дар ҳудуди ҳабсхона ташкил меёбад.

8. Дар қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ номгӯи кор ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодабарии маҳкумшудагон манъ аст, муайян шудаанд. Фаъолияти истеҳсолию хоҷагидории маҳкумшудагон бояд ба мақсади асосӣ - ислоҳшавии маҳкумшудагон вобастагӣ дошта ва барои татбиқшавии он мухолифат накунад.

9. Ба системаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шомил буда, аз ин 10 муассиса дорои корхонаҳои истеҳсолианд ва бо истеҳсолоти саноатии маҳсулоти зерин машғул мебошанд: коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, коркарди металл, маҳсулоти дӯзандагӣ, истеҳсоли хишти пухта, дигар маводи сохтмонӣ, истеҳсоли маводи талаботи ҳамарӯзаи аҳолӣ ва ғайра.

10. Гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар якҷоягӣ бо таназзули умумии истеҳсолот дар ҷумҳурӣ, ки ба гусаста шудани робитаҳои баамаломадаи хоҷагидорӣ, афзоиши эҳтиёҷот ба маҳсулоти кишоварзӣ, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ вобастагӣ дорад, ба раванди бо шуғл таъмин кардани маҳкумшудагон шароити номусоид фароҳам овард.

11. Пас аз соли 1990 таҷҳизоти технологии дар аксарияти корхонаҳо, ки солҳои 60 ва 80-уми асри гузашта ба истифода шудаанд, корношоям гашта, қобилияти истеҳсол кардани маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи имрӯзаро гум кардааст. Ин омилҳо сабаби асосии зиёд шудани хароҷоти истеҳсолӣ, масрафи аз меъёр зиёди захираҳои энергетикӣ, бахусус нерӯи барқ, болоравии арзиши аслии маҳсулот ва коҳишёбии рақобатпазирии молу маҳсулот шуданд.

12. Аз ин ҷиҳат корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ мавқеи худро чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ дар хориҷи кишвар аз даст доданд. Дар баробари ин сатҳи пасти фондҳои гардишӣ, ба рушди истеҳсолот равона нагардидани сармояи хориҷию дохилӣ барои барқарорсозии фондҳои асосӣ, дар маҷмӯъ сабаби асосии суръати сусти истеҳсолот гардида, ба амалисозии тадбирҳо оид ба татбиқи таҷҳизоти технологии муосир кӯмак намерасонад.

13. Ҳамин гуна вазъият дар навбати худ ба иҷрои вазифаҳои муассисаҳои ислоҳӣ дар самти таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъсири манфӣ расонид.

14. Тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар ҳоле, ки зиёда аз 88%-и маҳкумшудагон қобили меҳнат мебошанд, сатҳи бо меҳнат фарогирии онҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ 18-20 %-ро ташкил медиҳад. 80 %-и маҳкумшудагон бошанд бинобар мавҷуд набудани кори доимӣ ба кор номуттасилона ҷалб карда мешаванд. Умуман, ҳар панҷум маҳкумшуда бо фаъолияти доимӣ фаро гирифта нашудааст. Дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ яке аз нишондодҳои ба меҳнат фарогирии маҳкумшудагон ба корҳои музднок баровардани онҳо мебошад. Вале солҳои охир тамоюли коҳишёбии нишондиҳандаҳои ба корҳои музднок баровардани маҳкумшудагон ба назар мерасад. Агар ин нишондиҳандаҳо аввали солҳои 1990-ум 75-80 %-ро ташкил дода бошад, пас дар соли 2012 то 18-20 % поён рафт. Дар байни шаклҳои гуногуни ташкили меҳнати маҳкумшудагон татбиқи ташкили фаъолияти меҳнатӣ дар корхонаҳои истеҳсолии худи муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар онҳо зиёда аз %-% маҳкумшудагон ба кор фаро гирифта шудаанд, бештар вусъат ёфтааст.

15. Ин нишондиҳанда дар корхонаҳои шакли дигари ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зиёда аз 3%, берун аз ин муассисаҳо 2,9%, дар хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва изоляторҳои тафтишотӣ то 6% ва бо шаклҳои фаъолияти соҳибкории дохили система то 0,1%-ро ташкил медиҳад. Аз ҳама фоизи баланди қиёсии маҳкумшудагони ба кор ҷалбнашуда то 80%-ро ташкил медиҳад.

Сохтори шуғли меҳнати маҳкумшудагон вобаста ба фарогирии онҳо бо намудҳои гуногуни меҳнат дар ҷадвали зерин инъикос ёфтааст:

ДИАГРАММА БА БАРНОМАИ № 739 АЗ 1.12.2014 (1)

16. Тибқи талаботи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" барои рушди соҳаи иҷтимоии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнат, мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ метавонад корхонаҳоро бо шакли гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ таъсис диҳад:

- муассисаҳои истеҳсолоти худии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

- объектҳои корхонаҳои шакли гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва берун аз онҳо ҷойгир шудаанд;

- оид ба хизматрасонии муассисаҳои хоҷагидории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

17. Тавре, ки ба назар мерасад, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ташкили меҳнати маҳкумшудагон баъд аз солҳои 1990 тағйироти ҷиддӣ ворид гардиданд, ки иштироки маҳкумшудагонро дар фаъолияти меҳнатӣ на танҳо дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ, балки дар корхонаҳои давлатӣ ва инчунин дар объектҳои корхонаҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ бо шартҳои таъмини муҳофизати қатъӣ ва нигоҳдошти ҷудогонаи онҳо пешбинӣ намудаанд. Ин имкон медиҳад, ки дар худи муассисаҳои ислоҳӣ шаклҳои самарабахши ташкили меҳнатро тавассути бастани шартнома бо соҳибкорони истеҳсолоти беруна, бо роҳи ба щора додани майдону сехҳои истеҳсолӣ ба онҳо, ҷалб намудани маҳкумшудагон ба истеҳсолоти онҳо ва дигар шаклҳои фаъолият, ки ба низоми нигоҳдошти маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷавобгуанд, ҳаматарафа истифода баранд.

3. ШУҒЛИ МАҲКУМШУДАГОН ВОБАСТА БА МАНСУБИЯТИ СОҲАВИИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТӢ

18. Қабл аз гузариши иқтисодиёти мамлакат ба муносибатҳои бозорӣ корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо истеҳсоли маҳсулот дар асоси фармоишоти ягонаи давлатӣ, ки барои ба меҳнат пурра ҷалб кардани маҳкумшудагон мусоидат мекард, машғул буданд. Солҳои 70-80- уми асри гузашта аз ҷониби давлат маблағгузорӣ барои нигоҳдошти муассисаҳои ислоҳӣ амалӣ намешуд, Бо вуҷуди ин 50 %-и музди меҳнати маҳкумшудагон ва 70 %-и даромади соф аз фаъолияти истеҳсолии корхонаҳо ба буҷети давлат равона мегардид. Истеҳсолоти саноатӣ аз соҳаҳои мошинсозӣ (истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт ва техникаи кишоварзӣ), коркарди металл (конструксияҳои гуногуни металлӣ), коркарди чӯб, масолеҳи оҳану бетон, саноати дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти маишӣ, молҳои ниёзи ҳаррӯзаи мардум, хизматрасонии нақлиёт ва маҳсулоти кишоварзӣ иборат буданд. Муассисаҳои ислоҳӣ бобати ташкили истеҳсолоти саноатӣ ва иқтидорҳои истеҳсолӣ бо вазоратҳои соҳавӣ ҳамқадам буданд.

19. Пас аз ба охир расидани ислоҳоти иқтисодӣ баъди соли 1990, дар натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои нақшавии рушди иқтисодиёт, ба охир расидани мӯҳлати истифодабарии дастгоҳу таҷҳизоти саноати мошинсозӣ, коркарди металл, коркарди чӯб, таҷҳизоти дӯзандагӣ ва норасогии ашёи хому маҳсулоти ёрирасони истеҳсолот сехҳо ва бахшҳои истеҳсолӣ аз кор бозмонда, ҳаҷми истеҳсолот маҳдуд ва теъдоди фарогирии маҳкумшудагон ба корҳои истеҳсолӣ то 20 % поён рафт.

20. Айни замон соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ, ба монанди дастгоҳсозӣ барои корхонаҳои саноатӣ, металлгудозӣ ва дар ин асос сохтани конструксияҳои металлӣ, инчунин истеҳсоли олот ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ мавҷуд надорад, вале фаъолияти соҳаҳои коркарди чӯб, дӯзандагӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва оҳану бетон, хишти пухта ва ғайра иқтидори ҳамагӣ то 10-15 %-ро ташкил мекунанд.

21. Масалан, дар муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/1 ва ЯС 3/4, ки бо мошинсозӣ ва коркарди металл, аз қабили сохтани дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ барои корхонаҳои саноатӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои мошинсозии собиқ ҷумҳуриҳои иттиҳод, қисмҳои эҳтиёти барои редукторҳои таҷҳизоти борбардори СУ-2-100 ва механизми ММТ1-6, дигар таҷҳизот, конструксияву профилҳои металлӣ ва маҳсулоти коркарди чӯб бинобар аз кор баромадани дастгоҳҳои ҳарротӣ, металлбурӣ, суфтакунӣ, пармакунӣ, норасогии ашёи хом ва мавҷуд набудани эҳтиёҷот ба маҳсулоти истеҳсолшудаи истеҳсолоти саноатӣ пурра қатъ гардид. Чунин вазъият дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2, ки 900- 950 нафар маҳкумшуда дар истеҳсолоти хишти пухтаи навъи 75 - 100, чӯянгудозӣ (сарпӯши чоҳҳои обу корез) фаъолият мекунанд, бинобар фарсуда шудани оташдонҳо, нарасидани вагончаҳо, таъмирталаб будани қолабҳо ва асбобҳои тазйикдиҳӣ низ ба вучуд омад. Корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/3 ва ЯС 3/8 (истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ), ЯС 3/5 ва ЯС 3/6 (истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти КамАЗ ва ЗИЛ, баллонҳои газии 10-20 кг, конструксияҳои оҳану бетонӣ, маҳсулоти гаҷу оҳак), муассисаи ислоҳии ЯС 3/7 (коркарди чӯб), муассисаи ислоҳии ЯС 3/10 (истеҳсоли втулка барои муҳаррикҳо, асбоби полоиш ва радиаторҳо барои корхонаи трансформаторбарории шаҳри Қӯрғонтеппа) низ бинобар сабабҳои дар боло зикршуда истеҳсолотро қатъ намуда, маҷбур шуданд самти истеҳсолотро, ки аз нав таҷҳизонидани коргоҳҳо ва минтақаҳои истеҳсолиро тақозо мекунад, тағйир диҳанд.

Таҳлили сохтори шуғли маҳкумшудагон дар соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот дар диаграмма инъикос ёфтааст

ДИАГРАММА БА БАРНОМАИ № 739 АЗ 1.12.2014 (2)

22. Тавре, ки аз диаграмма ба назар мерасад фарогирии маҳкумшудагон дар соҳаҳои коркарди металл ва мошинсозӣ то 2 %, коркарди чӯб ва истеҳсоли мебел 3 %, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ 1 %, сохтмон 2%, истеҳсолоти кишоварзӣ 1 %, ҷалб намудан ба корҳои дигар 5 %, сафарбар намудан ба хизматрасонии хоҷагӣ дар дохили муассисаҳои ислоҳӣ то 6 % ва шумораи бекороне, ки ба корҳои мунтазам ҷалб карда намешаванд то 80 %-ро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии маҳкумшудагон 14 % - ро маҷрӯҳон, беморон, занони ҳомила ва кӯдакдор, пирону барҷомондагон буда, қобилияти иштирок кардан дар раванди истеҳсолотро надоранд. Дар ҳоле, ки истеҳсолоти саноатӣ ва дигар намудҳои ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон дар сатҳи паст қарор дорад, чунин вазъият ба вазъи молиявӣ ва иҷтимоии ашхоси адокунандагони ҷазои ҷиноятӣ таъсири манфӣ мерасонад.

23. Барои ноил шудан ба вазифаҳои гузошташудаи Барнома ва натиҷаи дилхоҳ дар самти ба меҳнат фарогирии маҳкумшудагон татбиқи маҷмӯи тадбирҳои мусоидаткунанда ба тағйири тамоили иқтидорҳои истеҳсолии мавҷудаи муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятй барои тайёр кардани маҳсулоти рақобатпазири дорои харидори зиёд дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар тавассути таъсиси истеҳсолоти нав барои бештар ҷиҳати ба кор фаро гирифтани маҳкумшудагон иборат мебошад.

4. САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ

24. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар онҳо бештар аз 7200 маҳкумшудагон нигоҳ дошта мешаванд фаъолият менамоянд.

25. Маҷмӯи саноатии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз 10 корхонаи истеҳсолӣ, ки дар навбати худ онҳо 50 сеху минтақаҳои истеҳсолӣ, 4 маркази таълимию истеҳсолӣ, устохона ва бахшҳои таҷрибавию истеҳсолиро дар бар мегиранд, иборат мебошад. Ҳаҷми умумии солонаи истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ 2 417 400 сомониро ташкил медиҳад.

26. Самти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ гуногунсоҳа буда, асосан аз соҳаҳои коркарди металл, мошинсозӣ, дӯзандагӣ ва дигар маҳсулоти саноати сабук, коркарди чӯб, маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сохтмон, кишоварзӣ ва дигар молу маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи аҳолӣ иборат мебошад.

Номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти дар онҳо истеҳсолшаванда ва нишондоди хизматрасониҳо дар ҷадвали зер сабт гардидааст:

Ниг. Ҷадвал

27. Аз маълумоти ҷадвали боло ба назар мерасад, ки номгӯй ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ниҳоят маҳдуд буда, ба ҳар нафар маҳкумшудае, ки дар муассисаҳои ислоҳии мамлакат имрӯз маскун аст дар ҳаҷми 335 сомонӣ маҳсулоти истеҳсолшуда рост меояд. Ин далел бори дигар ба истеҳсолот фарогир набудани то 80 % маҳкумшудагонро амалан собит менамояд.

28. Бинобар ин дар назди муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ вазифаа аввалиндараҷа аз барқарорсозии ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои мавҷуда, бо дарназардошти баланд бардоштани сатҳи фарогирии маҳкумшудагон дар истеҳсолот тавассути таъмиру навсозии фондҳои асосӣ дар сеху қитъаҳои истеҳсолӣ, аз нав таҷҳизонидани истеҳсолот бо дастгоҳ ва таҷҳизоти технологӣ, таъмини самарадиҳии фондҳо, беҳбудии сифат ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқсозии хусусиятҳои истеъмолию техникии маҳсулот ба миён гузошта мешавад.

29. Ҷиҳати иҷрои бомуваффақияти ин вазифаҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ омилҳои зерин аз қабили майдонҳо ва қитъаҳои зиёди барои ташкили корхонаҳо ва сехҳои истеҳсолӣ мувофиқ, биноҳои барҳаво барои анборҳо, роҳҳои автомобилгард ва қисман шохаҳои роҳи оҳан, зери муҳофизат қарор доштани корхонаҳои истеҳсолӣ ва аз ҳама муҳимаш миқдори зарурии қувваи корӣ метавонанд мусоидат намоянд. Вобаста ба ин таъсиси истеҳсолоти нав, барқарорсозӣ ва аз нав таҷҳизонидани техникию технологии коргоҳ ва қитъаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ дар асоси шароиту имкониятҳои дохилии онҳо тавассути татбиқи нақшаҳои зерин дар назар дошта мешавад.

Ниг. Ҷадвал

30. Дар сохтори истеҳсолоти муассисаҳои ислоҳӣ гузаронидани ислоҳоти куллӣ, аз ҷумла тағйир додани самти фаъолияти саноатӣ, ки ба мутобиқгардонии он ба талаботи зуд-зуд тағйирёбандаи иқтисодиёти бозоргонӣ, суръатбахшии навсозии фоидҳои асосӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо бо таҷдиди таҷҳизоти технологӣ дар алоқамандии зич бо азнавтаҷҳизонии техникии коргоҳу қитъаҳои истеҳсолӣ қарор доранд барои расидан ба ин мақсадҳо таьмнни маблағгузории мақсаднок тавассути дастгирии давлат аз ҳисоби ҳиссагузории буҷети ҷумҳурӣ ва манбаҳои дигари сармоявӣ вобастагии зич дорад. Аз ин ҷиҳат бо дарназардошти пешбинии миқдори коргоҳу қитъаҳои истеҳсолии барқароршаванда вобаста ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти саноатӣ муайян намудани номгӯи таҷҳизот, дастгоҳҳо ва дигар воситаҳои истеҳсолии барои навсозии техникӣ зарур, дар асоси лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо нишондоди эҳтиёҷот ба маблағгузорӣ шарти асосӣ мебошад.

31. Бо ин мақсад нақшаи зерини талаботи корханаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ба дастгоҳу таҷҳизот ва дигар воситаҳои асосии истеҳсолот бо дарназардошти эҳтиёҷот ба маблағгузорӣ муайян гардидааст.