Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 аз 1 декабри соли 2014 № 737

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" декабри соли 2014, № 737

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ РУШДИ ҚОЛИНБОФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2020

Муқаддима

1. Қолинбофӣ яке аз зерсоҳаҳои саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар заминаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, барои қонеъ гардонидани талаботи афзуншаванда ба маҳсулот дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, мусоидат менамояд.

2. Мақсади рушди соҳаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон на танҳо бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, балки барои эҳёи анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошад, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ қолинҳоро тавассути дастгоҳҳои махсус ба таври дастӣ бо риоя ва истифодаи нақшу нигорҳои миллӣ мебофтанд ва он қисми ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардид.

3. Маълум аст, ки солҳои 50-70 - уми асри гузашта корхонаҳои хурду миёнаи сӯзанию қолинбофӣ дар шакли артел амал мекарданд, аммо бо мурури замон бо талаботи афзуншавандаи аҳолӣ ба ин маҳсулот истеҳсоли саноатии қолинҳо ба миён омада, тадриҷан қолинбофии дастӣ аз байн рафт.

4. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи баамаломада, аз ҷониби давлат дар самти ҳавасмандгардонии рушди корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи саноати сабук дар тамоми ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамаи ин ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, имкон дод, ки ҳаҷми ашёи хоми маҳаллӣ, махсусан пӯст ва пашми чорво дар дохили мамлакат коркард шуда, ҳаҷми маҳсулоти нимтайёр ва тайёр зиёд гардад.

5. Бо мақсади таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи қолинбофӣ, ташкил ва ҷойгир намудани як қатор корхонаҳои хурд оид ба коркарди аввалияи пашми чорво ва истеҳсоли қолинҳои дастӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат пешбинӣ шудаанд.

6. Айни замон, саноати қолинбофии мамлакатро ҶСК "Қолинҳои Қайроққум", ки аз соли 1960 ба фаъолият шурӯъ намуда, истеҳсоли риштаҳои пашмин ва нимпашмин, матоъҳои техникӣ ва қолинҳоро ба роҳ мондааст ва ҶДММ "Қолинҳои Сомон", ки субъектҳои соҳибкории хусусӣ мебошанд, муаррифӣ менамоянд.

7. Бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, паст намудани арзиши аслӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулот дар бозор, соли 2012 корхона таҷҳизоти нави қолинбофии тамғаи "ALFA - 360" истеҳсоли Олмон, таҷҳизоти пардоздиҳии тамғаи "Анмак" истеҳсоли Туркия ва аз ширкати "Ван-де-Вил" (Белгия) таҷҳизоти бофандагиро ворид ва васл намуд.

8. Дар давоми солҳои охир, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар соҳа мушкилоти зерин ҳалли худро наёфтанд:

- пастравии ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати сабук, ихтисор гардидани ҷойҳои корӣ;

- набудани чораҳои ҳимояи молистеҳсолкунандаи ватанӣ, мавқеи афзалиятноки истеҳсолкунандагони хориҷӣ дар бозори дохилӣ;

- то 95 фоиз аз хориҷи кишвар ворид гардидани ашёи хоми коркардшаванда ва маводи ёрирасон;

- набудани ашёи хом дар дохили мамлакат.

9. Бояд қайд намуд, ки ашёи хом барои қолинбофӣ аз хориҷи мамлакат ворид гардида, сабаби болоравии арзиши аслии маҳсулоти корхона буда, дар навбати худ сабаби рақобатнопазир шудани маҳсулоти қолинии ватанӣ мебошад.

10. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2007, ки ба 1 миллиону 100 ҳазор м2 баробар мебошад, дар соли 2009 ба 590 ҳазор м2, дар соли 2011 бошад то 669 ҳазор м2 паст гардидааст.

11. Ҷараёни инкишофи истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2013 (ҳазор метри мураббаъ)

*** Диаграмма оварда намешавад

12. Аз нишондиҳандаи ҷадвал маълум мегардад, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2012 ба назар расида, соли 2013 аз рӯи 8 намуд ба андозаи 1 миллиону 353 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

13. Чӣ тавре, ки дар боло зикр гардид, мавқеи истеҳсолкунандаи ватаниро дар бозори дохилӣ истеҳсолкунандаи хориҷӣ ишғол намуда, дар натиҷа бозори дохилӣ бо маҳсулоти қолинӣ аз кишварҳои дуру наздик пур карда шудааст.

14. Воридоти маҳсулоти қолинӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2013

+-----------------------+------------------------+-------------------ҷ
|Номгӯи маҳсулот        |         Ҳаҷм бо м2     |   Доллари ШМА     |
+-----------------------+------------------------+-------------------+
|                              Соли 2012                             |

|Маҳсулоти қолинӣ       |5 941 949               |9 260 813          |

|                              Соли 2013                             |

|Маҳсулоти қолинӣ       |7 062374                |14 501 607         |

15. Солҳои 2012-2013 ба ҷумҳурӣ аз Туркия ва Эрон мутаносибан ба андозаи 6 миллион м2 ва 7 миллиону 100 ҳазор м2 маҳсулоти қолинӣ ворид гардид.

16. Мутобиқи маълумоти мақомоти гумрук, ҳаҷми воридоти маҳсулоти қолинӣ аз Туркия 90 фоизро ташкил дода, соли 2013 ба ин мамлакат аз фурӯши маҳсулоти қолинӣ 12 миллиону 400 ҳазор доллари ШМА ворид шудааст.

17. Дар ҷумҳурӣ рушди соҳаи қолинбофӣ афзалиятҳои муайян дорад. Ин афзалиятҳо дар мавҷуд будани ашёи хом, баромад ба бозори ИДМ, кишварҳои хориҷии дуру наздик, мавҷуд будани инфрасохтори нақлиёт, энергетика, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва мутаносибан қувваи кории арзон инъикос меёбанд.

18. Арзёбии вазъи соҳа аз мавҷуд будани як қатор мушкилот, аз қабили сифати пасти пашми чорвои хурди дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, рақобатнокии сусти маҳсулот, маҳдудияти воридоти маблағҳо, арзиши паст ҳангоми содироти маҳсулоти қолинӣ, нарасидани мутахассисон, фарсудаю корношоям гардидани таҷҳизот ва фондҳои асосии истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.

19. Дар соҳа коргоҳҳо ба таъмири куллӣ ва таҷдиди дастгоҳу таҷҳизот эҳтиёҷ доранд. Инчунин, дар баробари афзоиши навъҳои гуногуни маҳсулот, зарурати харидорӣ ва насби таҷҳизоти бофандагии калонҳаҷму каммасраф пеш омадааст. Аммо имкониятҳои молиявии корхонаҳо, ки аз фурӯши маҳсулот ва фармоишҳо барои истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ вобастаанд, барои васеъ гардонидани истеҳсолот ғайрикофӣ мебошанд.

20. Вазъияти баамаломада дар истеҳсолоти қолинбофии кишвар имкон намедиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда пурра истифода гарданд.

21. Аз ин рӯ, ҳалли мусбии масъалаҳои дар боло зикршуда бо дастгирии бевоситаи давлат тавассути андешидани тадбирҳо оид ба ҳимояи молистеҳсолкунандаи ватанӣ, пешгирии воридоти маҳсулоти қочоқ аз хориҷи мамлакат, гирифтани қарзҳои бонкӣ ва фондҳои сармоягузорӣ, кӯмакҳои техникии лизингӣ ва дар ин асос ҳавасмандгардонии соҳибкорони хусусӣ имконпазир мебошад.

22. Барнома дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2011 с., дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 17-20 июни соли 2013 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин таҳия шудааст:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №422 "Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №663 "Дар бораи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015".

2. Мақсадҳои Барнома

23. Мақсадҳои асосии Барнома:

- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи қолинбофӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ (пашм), баланд бардоштани сифати маҳсулоти қолинӣ ва рақобатнокии он дар бозори дохилию хориҷӣ;

- қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти қолинӣ, ҷорӣ намудани навъҳои нави маҳсулоти қолинӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавассути ҷалби он ба истеҳсолоти соҳаи қолинбофӣ;

- андешидани тадбирҳо вобаста ба дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи қолинбофӣ, рушди қолинҳои дастӣ мебошанд.

3. Заминаи истеҳсолӣ ва ашёи хом барои рушди соҳа

24. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола тақрибан 900 тонна пашми маҳин истеҳсол гардида, боқимондаро пашми дағал ташкил медиҳад. Солҳои пеш, дар корхонаҳои ҶСК "Қолинҳои Қайроққум", ҶСШК "Шариф", ҶСШК "Нуртекс" ва ҶСШК "Муина" иқтидори истеҳсолии умумии коркарди пашм 7600 тонна дар як солро ташкил дода, беш аз 3000 тонна пашм аз сабаби набудани эҳтиёҷот ба ин намуди ашё ва мутобиқ набудан ба коркарди минбаъда ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Туркманистон содирот карда мешуд.

25. Аз сабаби фарсуда ва корношоям шудани таҷҳизот, корхонаҳои зикргардида, ба истиснои ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" самти фаъолияташонро тағйир доданд. Соли 2011 дар заминаи иқтидорҳои мавҷудаи ҶСК "Қолинҳои Қайроққум", ҶДММ "Ростои Суғд" бо иқтидори коркарди 700 тонна пашм дар як сол ташкил карда шуд. Соли 2009 дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Иттифоқи "Тоҷикматлубот" корхонаи коркарди пашм бо иқтидори 600 тонна дар як сол ба истифода дода шуд.

26. Аз ҷониби корхонаҳои мазкур соли 2011 ба миқдори 347,3 тонна пашм ба маблағи 1 млн. 469 ҳаз. сомонӣ коркард гардида, аз он 55 тонна ресмон истеҳсол шудааст (истеҳсоли ресмони (нахи) пашмин қатъ гардид).

27. Дар ноҳияи Данғара низ коргоҳи коркарди пашм то маҳсулоти тайёр (кампалҳои пашмин) бо иқтидори истеҳсолии 12 - 14 кампалҳои пашмин дар як рӯз ба роҳ монда шудааст.

28. Тибқи "Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015" дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Мӯъминобод, Мастчоҳ ва Панҷ то соли 2015 сохта ба истифода додани корхонаҳои хурди коркарди пашм ва пӯст (то маҳсулоти тайёр) ба нақша гирифта шудааст.

29. Вобаста ба ин, барои ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ 4 лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба коркарди ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

30. Бо мақсади иҷрои самараноки Барнома ҳалли масъалаҳои зерин зарур мебошад:

- андешидани чораҳо ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳо кушодани нуқтаҳои ҷамъоварии пашм;

- таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои сохтмони корхонаҳои коркарди пашм.

31. Айни замон, сатҳи истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба коркарди аввалияи пашм 47,2 фоизро ташкил медиҳад. Ашёи хоми дар ҷумҳурӣ коркардшуда бе маҳдудият ба хориҷи мамлакат бароварда мешавад. Ягон боҷ ва маҳдудият оид ба содироти ашёи хом пешбинӣ нашудааст. Агар ба инобат гирифта шавад, ки ҳангоми коркарди захираҳои ашёи хом то маҳсулоти тайёр, ҳаҷми истеҳсолот аз 3 то 8 баробар зиёд мегардад, метавон тахмин намуд, ки дар мамлакат ҳоло чӣ қадар иқтидорҳои истеҳсолӣ истифода нашудаанд.

32. Ҳангоми андешидани чораҳои техникию иқтисодӣ бо мақсади паст кардани ҳаҷми содироти пашм, ҳаҷми коркарди ашёи хоми зикршуда дар ҶДММ "Ростои Суғд", корхонаи коркарди пашми Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва дигар корхонаҳои соҳа зиёд мегардад. Дар ҷумҳурӣ талаботи ашёи хом ба иқтидорҳои мавҷуда то 1300 тонна дар намуди нашустани пашм ва 800 тонна ба намуди шустани пашм вуҷуд дорад.

33. Рушди қолинбофӣ бо соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад, зеро дар соҳаи чорводорӣ метавон зоти чорвои хурди навъҳои пашмии барои қолинбофӣ мувофиқро парвариш карда, корхонаҳоро бо ашёи хоми маҳаллии - пашми маҳиннах таъмин намояд.

34. Бинобар ин, вобаста ба ҳамкориҳо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили заминаи ашёи хом барои қолинбофӣ вобаста ба иқтидорҳо, талаботи корхонаҳо, ба роҳ мондани истеҳсоли пашми навъи гуногун чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

4. Вазифаҳои асосии Барнома

35. Тибқи мақсадҳои Барномаи мазкур ҳалли вазифаҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳа;

- ташаккули заминаи ашёи хом барои истеҳсолот;

- таъсиси системаи тадбирҳои афзалиятноки дастгирии истеҳсолкунандагон;

- таҷдиди техника ва технологияи корхонаҳои қолинбофӣ;

- чорабиниҳо оид ба тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисони муҳандисию техникӣ ва омӯзонидани онҳо.

5. Дурнамои натиҷаҳои иҷрои Барнома

36. Вобаста ба иҷрои амалии чорабиниҳои Барнома соҳаи қолинбофӣ ба натиҷаҳои зерин дар бахшҳои истеҳсолот ва иҷтимоию иқтисодӣ ноил мегардад:

37. Дар бахши иқтисодиёт:

- рақобатнокии маҳсулот аз ҳисоби беҳтар намудани сифат дар асоси такмили технология;

- зиёд намудани даромаднокии аҳолӣ, инчунин кормандони соҳа, даромади софи корхонаҳо аз ҳисоби ҳаҷми барориши маҳсулот ва фурӯши он;

- афзоиши даромади молиявӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳуриявӣ;

- паст намудани маблағи захираҳои молиявие, ки барои харид ва воридоти ашёи хом аз хориҷи ҷумҳурӣ хароҷот мешавад.

38. Дар бахши истеҳсолот:

- айни замон, иқтидори истеҳсолии ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" 2 млн. м2- ро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои дурнамои истеҳсолӣ маҳсулоти қолиние, ки дар ҷадвали зерин баён шудаанд, нишон медиҳад, ки аз ҷониби корхона масъалаи ҷалби маблағгузорӣ ҳал гардида, барои азнавсозӣ ва харидории технологияҳои нав тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

39. Дурнамои истеҳсоли қолинҳо дар ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" дар солҳои 2014-2020

+------------+------+------------------------------------------------+
|Номгӯи      |Воҳи  |                    СОЛҲО                       |
|маҳсулот    |ди    +------+------+------+------+------+------+------+
|            |ченак |2014  |2015  |2016  |2017  |2018  |2019  |2020  |
+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+
|Истеҳсоли   |      |      |      |      |      |      |      |      |
|маҳсулоти   |      |      |      |      |      |      |      |      |
|қолинӣ      |ҳ.м2  |2000  |2200  |2400  |2800  |3440  |4200  |5000  |

|Аз ҷумла:   |      |      |      |      |      |      |      |      |
|қолинҳо ва  |      |      |      |      |      |      |      |      |
|маснуоти    |      |      |      |      |      |      |      |      |
|қолинӣ      |ҳ.м2  |1200  |1400  |1500  |1800  |2240  |2400  |2800  |

|Қолинҳои    |      |      |      |      |      |      |      |      |
|тафтингӣ    | ҳ.м2 |800   |800   |900   |1000  |1200  |1800  |2200  |

40. Тибқи пешгӯии ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" то соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ ба 5 млн. м2 расонида мешавад. Бевосита ҳангоми зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот зарур аст, ки бозори дохилиро марҳила ба марҳила аз худ намуда, дар баробари ин иқтидори содиротии кишварро зиёд намуд.

41. Дурнамои истеҳсоли қолинҳо дар ҶДММ "Қолинҳои Сомон" дар солҳои 2014-2020

+------------+---------+-----+-----+-----+-----+-----+-----+---------+
|Номгӯи      |Воҳиди   |     |     |     |     |     |     |         |
|маҳсулот    |ченак    |2014 |2015 |2016 |2017 |2018 |2019 |2020     |

|қолинӣ      | ҳ.м2    |14,4 |16   |36   |41   |70,8 |84,2 |101,1    |

42. Тибқи нақшаҳои ҶДММ "Қолинҳои Сомон" барои солҳои 2014-2020 истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ дар ҳаҷми 101,1 ҳаз.м2 пешбинӣ шудааст.

43. Ҳамин тавр, то соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ дар ҷумҳурӣ умуман ба 5 миллиону 101яҳазор м2 расонида мешавад, ки ин ба яҳтаъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.

44. Дар бахши иҷтимоӣ:

- баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити меҳнат;

- ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши сатҳи шуғли аҳолӣ;

- таъмини қобилияти аҳолии кишвар ҷиҳати харидории маҳсулоти қолинии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бо нархҳои дастрас;

- бинобар афзудани ҳаҷми истеҳсолот, паст гардидани арзиш, беҳтар шудани сифати маҳсулот, талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти қолинӣ, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешавад, кам мегардад.

6. Ҳаҷм ва сарчашмаҳои маблағгузории Барнома

45. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва маблағҳои корхонаҳои соҳаи мазкур пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои барои татбиқи Барнома пешбинишаванда 35 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин грантҳо дар назар дошта мешаванд.

7. Таъмини рақобатнокии соҳа, бозори фурӯши маҳсулот

46. Банақшагирии минбаъдаи рушди соҳаи қолинбофӣ мавқеи макроиқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои навро, ки аз онҳо рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ вобаста мебошад, таъмин менамояд.

47. Бояд захираҳои сармоягузорӣ дарёфт карда шуда, онҳо дар доираи татбиқи Барнома барои соҳаи қолинбофӣ ҷиҳати таҷдиди фондҳои асосӣ, ки барои он 35 миллиону 500 ҳазор сомонӣ то соли 2020 зарур мебошад, истифода карда шаванд.

48. Барои ин, корхонаҳо бояд маҳсулоти баландсифат истеҳсол намоянд, ки ба талаботи бозор ҷавобгӯ бошанд, инчунин онҳо метавонанд усулҳои маъмулро истифода баранд, ба монанди робитаҳои мустақим бо ташкилотҳо, намоиши маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳо, мубодилаи иттилоот тавассути воситаҳои электронӣ бо муштариён, ки ба маҳсулоти қолинии Тоҷикистон талаботи истеъмолӣ доранд ва тавсеаи талабот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ.

49. Дар ин маврид бояд ба омилҳои зерини ташкили муомилоти савдо диққати асосӣ дода шаванд:

- нархи маҳсулот дар низоми муносибатҳои амалкунандаи бозор муайян карда шуда, сатҳи даромади соф набояд аз 25 фоиз зиёд бошад;

- маҳсулоти ба фурӯш баровардашаванда бояд аз моли истеҳсолкунандагони дигар аз ҷиҳати сифат ва арзиши аслӣ фарқ кунад;

- барои муаррифии (рекламаи) маҳсулот воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла телевизион, радио ва воситаҳои электронии иттилоот истифода гарданд;

- корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҳқиқоти маркетинг ва мониторинги рақибони худ дар бозор ва тарғиби самтҳои нави рушди истеҳсолот маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд;

- пешбинӣ намудани ташкили як қатор нуқтаҳои савдои корхона дар минтақаҳои кишвар ва дар хориҷи он, инчунин таъсиси гурӯҳҳои махсуси хизматрасонӣ барои муштариёне, ки маҳсулотро ба миқдори зиёд харидорӣ менамоянд.

8. Мониторинги ҷараёни иҷрои Барнома

50. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани Барномаи мазкурро ба танзим медарорад.

51. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои қолинбофӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии чорабиниҳои Барномаи мазкур масъул мебошанд.

52. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иҷрокунандагони дигарро дар мӯҳлати муайяншуда ҳамоҳанг месозад, яъне дар давраи иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкур дар ҷамъбасти ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

53. Инчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба охир расидани мӯҳлати амали Барномаи мазкур дар бораи натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва самарабахшии иҷтимоию иқтисодии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Замимаи 1-2