Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2017 № 439)
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи туризм, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи онро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.
3. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он ҳисобот пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 декабри соли 2014 № 738
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи туризм, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи онро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.
3. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он ҳисобот пешниҳод намояд.