Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014 № 766 "Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Кишоварз"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Кишоварз"

Мутобиқи моддаҳои 62-65 ва 68 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Кишоварз"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Кишоварз" тадбирҳо андешад.

3. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, № 191 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Кишоварз" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 декабри соли 2014 № 766

 ш. Душанбе