ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 661; с. 2011, №6, мод.448) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми якуми моддаи 11 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намояд;
- нигоҳдории нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян кардани шахсият зарур аст, на камтар аз панҷ соли баъди анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ таъмин намояд;".
2. Ба моддаи 13 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Пешниҳод намудани маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ва ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
27 ноябри соли 2014 № 1162
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш.Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1606
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 753