Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014 № 1161 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод. 459; с.2011, №6, мод. 429) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба сархати сеюми қисми якуми моддаи 3 пас аз калимаи "ҷамъиятӣ" калимаҳои ", иқтисодӣ ва сиёсии кишвар" илова карда шаванд.

2. Дар қисми якуми моддаи 4:

- дар сархати дуюм калимаи "мададгори" ба калимаҳои "дастгирии иҷтимоӣ ва" иваз карда шавад;

- сархати понздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ;";

- ба сархати шонздаҳум пас аз калимаи "ташкили" калимаҳои "фароғат ва" илова карда шаванд;

- сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ташаккули фаъолияти волонтерии ҷавонон, мусоидат ба фаъолнокии ҷавонон дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва дастгирии давлатии онҳо;".

3. Ба моддаи 9 сархати понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар амалӣ намудани фаъолияти волонтёрии ҷавонон ҳамоҳанг месозад;".

4. Ба қисми якуми моддаи 14 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;".

5. Ба қисми сеюми моддаи 21 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба соҳибкорӣ машғул будани ҷавонон;".

6. Қисми сеюми моддаи 28 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мақомоти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар амалӣ намудани вазифаҳои оинномавии онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.".

7. Дар моддаи 29:

- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода мешавад. Шӯрои миллии кор бо ҷавонон фаъолияти худро дар асоси низомномае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд.";

- қисми якум қисми дуюм ҳисобида, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ҷавонон дар назди мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон шӯроҳои кор бо ҷавонон таъсис дода мешаванд.";

- дар қисми дуюм калимаҳои "ҳуҷҷатҳои меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;

- ба қисми сеюм сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавононро баррасӣ карда, вобаста ба ҳалли онҳо қарорҳои дахлдор қабул менамоянд;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1161

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1594

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 752