ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТИИ МУДОФИАВӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №12, мод.337; с.2004, №7, мод.462; с. 2007, №5, мод.358) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба муқаддимаи Қонун пас аз калимаи "муносибатҳои" калимаи "ҷамъиятии" илова карда шавад.
2. Дар моддаи 2:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ";
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";
- дар сархати якум калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои "Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Матни моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
4. Дар банди 5 қисми якуми моддаи 4 ва сархати чоруми қисми якуми моддаи 5 калимаи "байналхалқие" ба калимаи "байналмилалие" иваз карда шавад.
5. Қисми сеюми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
27 ноябри соли 2014 № 1150
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ" қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев
ш.Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1650
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 741