Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 № 700 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 12 Тартиб сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Арзиши нархгузории воситаи нақлиёти мӯҳлати истифодабариаш зиёда аз 12 сол, ки фарсудашавии он 100%-ро ташкил медиҳад, ба андозаи 5% аз арзиши барқароркунӣ муайян карда мешавад";

- дар сархати дуюми банди 42 Тартиб калимаҳои "ҳамчун саҳми давлат ба сармояи оинномавии ҷамъияти хоҷагидори муштарак ворид карда мешавад" ба калимаҳои "ба гарав гузошта мешавад" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2014 № 700

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2012 года, №387

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Порядок определения стоимости приватизируемых объектов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2012 года, №387, следующие изменения и дополнения:

- пункт 12 Порядка дополнить третьим абзацем следующего содержания:

"Оценочная стоимость транспортного средства со 100-процентным износом, срок использования которого превышает 12 лет, определяется в размере 5% от восстановительной стоимости";

- во втором абзаце пункта 42 Порядка слова "в уставном фонде хозяйственных товариществ, как государственная акция" заменить словами ", передаваемого в залог,".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 октября 2014 года, № 700