Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳам додани Мудирият оид ба назорати техникии Нерӯгоҳи обии барқии сохташудаистодаи "Сангтӯда-1"
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мудирият оид ба назорати техникии Нерӯгоҳи обии барқии сохташудаистодаи "Сангтӯда-1" барҳам дода шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузории амалкунанда оид ба барҳам додани Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи обии барқии сохташудаистодаи "Сангтӯда-1" чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 149 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Мудирият оид ба назорати техникии сохтмони Нерӯгоҳи обии барқии сохташудаистодаи "Сангтӯда-1" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 октябри соли 2014 № 665
ш. Душанбе