Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014 № 641

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 356 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "14" октябри соли 2014, № 641

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ КОРБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ (минбаъд-Феҳрист), ки дорои маълумот дар бораи мероси мазкур мебошад, ҷорӣ карда мешавад.

2. Феҳрист системаи давлатии иттилоотиест, ки дар худ махзани маълумотро ҷой додан ин иттилоот умумият ва қиёспазирии аз ҳисоби принсипҳои умумии ташаккули феҳрист, усулҳо ва шаклҳои истифодаи он таъмин карда мешавад.

3. Маълумоти дар Феҳрист овардашуда манбаи асосии иттилоот дар бораи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳудуди онҳо, инчунин оид ба минтақаҳои ҳифзи объектҳои мероси фарҳанги ҳангоми ташкил ва пешбурди системаи иттилоотии таъмини фаъолияти шаҳрсозӣ, дигар системаҳои иттилоотӣ ё бонкҳои маълумотӣ, ки ин маълумотро истифода мебаранд (ба инобат мегиранд), ба шумор меравад.

4. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" Феҳрист тавассути ба он ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин ба воситаи аз Феҳрист хориҷ кардани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, аз рӯйи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни дар боло зикршуда ташкил карда мешавад.

5. Барои қабули карор дар бораи ба Феҳрист ворид намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ мақоми ваколатдор оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) ҳуҷҷатҳои зеринро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

а) ариза дар бораи ворид намудани объекти ошкоршудаи мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист;

б) хулосаи экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ;

в) маълумот оид ба номгӯи объектҳои меъроси таърихию фарҳангӣ;

г) маълумот дар бораи вақти пайдоиш ё санаи сохтмони объект, санаи тағйироти асосии (азнавсозии) объекти мазкур ва ё санаи марбут ба ҳодисаҳои таърихии он;

д) маълумот дар бораи мавқеи ҷойгиршавии объект;

е) маълумот дар бораи дараҷаи аҳамияти таърихию фарҳангии объект;

ё) маълумот дар бораи намуди объект;

ж) тавсифи хусусиятҳои хоси объект, ки барои асоснокии ворид намуданаш ба Феҳрист ва зарурати нигоҳдории (ҳифзи) ҳатмии он (минбаъд маводи муҳофизат) хизмат мекунад;

з) тавсифи сарҳади ҷойгиршавии объект;

и) акси объект;

к) маълумот дар бораи молики объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодабарандаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ;

л) маълумот дар бораи истифодабарандаи китъаи замин, ҳамчунин дар хусуси вазъи хуқуқии истифодаи замине, ки дар ҳудуди он объекти мероси археологӣ воқеъ аст.

6. Мақоми ваколатдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои марбут ба ошкор ва баҳисобгирии объектҳои дорои арзишҳои таърихӣ, археологӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ, санъат, илм, техника, эстетикӣ, этнологӣ ё антропологӣ, фарҳанги иҷтимоӣ (минбаъд- объекти дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ) ва объектҳои барои ворид намудан ба Феҳрист тавсияшавандаро анҷом медиҳанд.

7. Объектҳое, ки дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ буда, нисбат ба онҳо хулосаи Экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ дар бораи ворид намуданашон ба Феҳрист ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ бароварда шудааст, ба обьектҳои ошкоршудаи мероси таърихию фарҳангӣ аз рӯзи ба мақоми ваколатдор ворид шудани хуҷҷатҳои зарурии дар банди 6 ҳамин Феҳрист зикрёфта мансубанд.

8. Маълумот дар бораи объекти дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳуҷҷатҳои махсус сабт карда мешавад. Чунин санадҳо варақаи бақисобгирӣ ва шиносномаи объект, ҳамчунин харитаи мавзеи ҷойгиршавии объект, таҳқиқоти дар объект анҷомдодашуда, маводҳо ояд ба корҳои таъмиру таҷдид ва барқарорсозӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳуҷҷатҳои номбурда як ҷузъи Феҳрист ба шумор рафта, ба мӯҳлати бемаҳдуд нигоҳ дошта мешаванд.

9. Мақоми ваколатдор дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз қабул шудани қарор ба соҳибмулке, ки объекти мероси таърихию фарҳангиро ошкор намудааст ва ё ба истифодабарандаи он дар бораи санаи ба мақоми ваколатдор ворид шуданн ҳуҷҷатҳои дар банди 6 Феҳристи мазкур зикршуда огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.

10. Мақоми ваколатдор ба соҳибмулке, ки объекти мероси таърихию фарҳангиро ошкор намудааст ва ё ба истифодабарандаи он аз натиҷаи қарори Экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ дар бораи ба Феҳрист ворид намудани объекти мазкур ва ё рад намудани воридсозии ин объект ба Феҳрист дар мӯҳлати сӣ рӯзи баъди қабул гардидани қарори дахлдор хабар медиҳад.

11. Объекти мероси археологӣ аз рӯзи ёфт шудани он объекти ошкоршудаи мероси таърихию фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Мақоми ваколатдор доир ба ҳифзи объектхои мероси таърихию фарҳангӣ ба истифодабарандаи қитъаи замин, ки дар ҳудуди он объекти мероси археологӣ ошкор гардидааст ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудудаш объекти мазкури меросию археологӣ ёфт шудааст дар муддати си рӯзи баъди аз шахсони ваколатдор гирифтани иттилои расмӣ оид ба пайдо кардани ин объект хабар медиҳанд.

12. Ба Феҳрист мумкин аст объектҳои мероси таърихию фарҳангии ошкоршуда, ки аз лаҳзаи бунёди он ё аз лаҳзаи ҳодисаи таърихии марбута на камтар аз панҷоҳ сол гузаштааст, ба истиснои ҳуҷра ва хонаи истиқоматии ёдгорие, ки бо ҳаёт ва фаъолияти шахсони маъруфи дорои хизматҳои махсус барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст ва бевосита баъди вафоти шахсони зикршуда мероси фарҳангии ошкоршуда ба ҳисоб мераванд, ворид карда шаванд. Ба Феҳрист он объектҳои мероси археологӣ ворид карда мещаванд, ки аз лаҳзаи ошкор шудани онҳо на камтар аз сесад сол гузашта бошад.

13. Объектҳои ошкоршудаи мероси таърихию фарҳангӣ то қабули қарор дар бораи ба Феҳрист ворид намудани онҳо ва ё рад кардани воридсозиашон тибқи Қонуни Ҷумқурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" бояд таҳти ҳифзи давлатӣ қарор гиранд.

14. Объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба Феҳрист тавассути мақоми ваколатдор бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ворид карда мешаванд.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти маҳаллӣ ба Феҳрист бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо пешниҳоди шахсони ваколатдори маҳаллӣ ва комиссияи маҳаллӣ оид ба масъалаҳои ҳифзу истифодабарии мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда хоҳанд шуд.

15. Қарор дар бораи воридсозии объекти мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба Феҳрист ва ё рад намудани воридсозии ин объект ба Феҳрист аз ҷониби Комиссияи Экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ дар мӯҳлати на бештар аз як сол, аз рӯзи ба мақоми ваколатдор ворид шудани ҳуҷҷатҳои зарурии дар банди 6 Феҳристи мазкур зикрёфта, қабул карда мешавад.

16. Корбурди Феҳрист додани рақами бақайдгирифтаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ дар Феҳрист, мониторинги маълумот дар бораи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки ба Феҳрист ворид шудаанд ба қайди объектҳо дар он таъмини ҳуҷҷатгузории Феҳристро дар бар гирифта, ба зиммаи мақоми ваколатдор гузошта мешавад.

Ба Феҳрист маълумоти дар зербандҳои в) - и) банди 6 Феҳристи мазкур овардашуда, ҳамчунин маълумоти зерин ворид карда мешаванд:

- маълумот дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки қарорро оид ба воридсозии объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист қабул кардааст;

- рақам ва санаи қабули қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бораи воридсозии объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист.

17. Ба Феҳрист маълумот дар бораи мавҷудияти мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда мешавад.

18. Маълумоти дар банди 17 Феҳристи мазкур зикрёфта, ба истиснои аксҳои (суратҳои) объектҳои мероси археологӣ, манзара ва мавзеъҳои ҷолиб мавриди интишори ҳатмӣ қарор меёбанд.

19. Мониторинги маълумот дар бораи объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳрист воридкардашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор гузаронида мешавад.

20. Барои объекти мероси таърихию фарҳангии ба Феҳрист воридгардида ба соҳибмулки объекти мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор доир ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ дода мешавад. Дар ин шиноснома маълумот оид ба зарурати вориднамоии объекти мазкури мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист ва дигар маълумоти дар Феҳрист нишондодашуда сабт меёбад.

Шакли шиносномаи объекти мероси таърихию фарҳангиро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунанд.

21. Шиносномаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ яке аз ҳуҷҷатҳои ҳатмии ба мақоми амаликунандаи бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул ва муомилот бо он маҳсуб ёфта, иҷрои расмиётро бо объекти мероси таърихию фарҳангӣ ё қитъаи замине, ки дар ҳудуди он объекти мероси археологӣ вокеъ гардидааст, таъмин менамояд.

22. Тағйир додани дараҷаи аҳамияти таърихию фарҳангии объекти мероси таърихию аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдор дар асоси хулосаи Экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ амалӣ мегардад.

Объекти мероси таърихию фарҳангие, ки аз ҷониби Экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ бо сабабҳои ҷавобгӯ набудан аз ҷиҳати аҳамияти илмию таърихӣ ба талаботи ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳодшуда мутобиқ эътироф нашудааст, дар Феҳрист ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти маҳаллӣ сабт карда мешавад.

23. Аз Феҳрист хориҷ кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи зерин амалӣ мегардад:

- нисбат ба объекти мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ - бо пешниҳоди мақоми ваколатдор дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ ва муроҷиати мақоми ваколатдор.

- нисбат ба иншооти мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти маҳаллӣ - дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

24. Аз Феҳрист хориҷ намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ дар мавриди комилан қобили истифода набудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ё аҳамияти таърихию фарҳангиашро гум кардани он амалӣ мегардад.

25. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар хусуси ҳамчун объекти махсусан арзишманди мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани объекти мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявии дар Феҳрист воридшуда қарор қабул намояд.

26. Объекти мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур ва Феҳристи мероси умумиҷахонӣ воридгардида ҳамчун объекти махсусан арзишманди мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал эътироф карда мешавад.

27. Объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки арзиши умумии таърихӣ, археологӣ, меъморӣ, бадеӣ, илмӣ, эстетикӣ, этнологӣ ё антропологӣ доранд, ба объектҳои мероси умумиҷаҳонии таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ба тартибе, ки Конвенсия оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ муқаррар намудааст, ворид карда мешаванд.

28. Дар асоси хулосаи Экспертизаи давлатии таърихию фарҳангӣ пешниҳодҳо оид ба ворид намудани мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор ба Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО фиристода мешавад.

29. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд иттилооти зарурии дар ҳуҷҷатҳо мавҷудбударо дар хусуси ба Феҳрист ворид намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз мақоми ваколатдор дастрас намоянд.

30. Хизматрасониҳои иттилоотии музднок ё ройгон ва дигар хизматрасониҳои вобаста ба истифодаи Феҳрист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

31. Дар объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳрист воридгардида бояд навиштаҷот ва нишонаҳои дорои маълумот дар бораи объекти мероси таърихию фарҳангӣ (минбаъд - навиштаҷот ва нишонаҳои маълумот) муайян карда шаванд. Навиштаҷот ба забони тоҷикӣ - забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда мешавад.

Тартиби муайян кардани навиштаҷот ва нишонаҳои маълумот барои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад.

32. Гузоштани навиштаҷот ва нишонаҳои маълумот ба объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба ӯҳдаи моликони объект вогузор карда мешавад.