Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014 № 640

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "14" октябри соли 2014, № 640

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "14" октябри соли 2014, № 640

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратӣ буда, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии рушди низоми таҳсилоти касбӣ, тамоюли он ба талаботи бозори меҳнат, инчунин ҳамкории самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи таҳсилоти касбӣ таъмин намуда, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

2. Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди муассисаи олии таълимӣ", Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

2. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ШӯРО

3. Шӯро ҳуқуқ дорад:

- иттилооти заруриро аз вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳое, ки бо масъалаҳои таҳсилоти касбӣ машғуланд, дархост намояд;

- манфиатҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳоро бо мақсади дастгирӣ ва рушди низоми таҳсилоти касбӣ, тамоюли он ба талаботи бозори меҳнат ҳимоя намояд;

- барои дастгирии фаъолияти худ коршиносонро даъват кунад.

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 14 октября 2014 года, №640

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 14 октября 2014 года, №640

Положение о Координационном совете по профессиональному образованию в Республике Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Координационный совет по профессиональному образованию в Республике Таджикистан (далее - Совет) является консультативным органом, обеспечивающим координацию и поддержку развития системы профессионального образования, ее ориентацию на потребности рынка труда, а также эффективное взаимодействие Правительства Республики Таджикистан с министерствами, ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти, работодателями  и общественными организациями по реализации государственной политики в сфере профессионального образования и действует при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Совет осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об образовании", Закона Республики Таджикистан "О начальном профессиональном образовании", Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании", Национальной стратегии развития образования в Республике Таджикистан до 2020 года, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признаны Таджикистаном и настоящего Положения.

2. ПРАВА И ОБЯЗАТЕЛЬСТВА СОВЕТА

3. Совет имеет право:

- запрашивать необходимую информацию у министерств, ведомств и других организаций, занимающихся вопросами профессионального образования;

- представлять интересы министерств, ведомств и других организаций с целью поддержки и развития системы профессионального образования, ее ориентации на потребности рынка труда;

- приглашать экспертов для поддержки своей деятельности.

...