Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2014 № 589 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №501"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №501

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 501 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар банди 2 калимаҳои "Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорвои Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Замимаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

+---+-------------------------------------------------+--------------+
| № | Номгӯи воситаҳои асосӣ ва гардишӣ               |Маблағи умумӣ |
|т/т|                                                 |(ҳаз.сомонӣ)  |

|1  |Харидории чорвои зотӣ аз дохили ҷумҳурӣ          |100,0         |

|2. |Харидории таҷҳизот ва асбобу анҷоми бордоркунии  |              |
|   |сунъии чорво                                     |100,0         |

3. Замимаҳои 2 ва 4 хориҷ карда шавад,

4. Аз замимаи 3 бандҳои 2, 4, 6, 7, 12 ва 13 хориҷ карда шуда, дар дигар бандҳо калимаҳои "Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

5. Замимаи 5 замимаи 2 ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

+--+----------------------------------------+---------+--------------+
| №|Нишондиҳандаҳо                          |Воҳиди   |    Солҳо     |
|  |                                        |ченак    +-------+------+
|  |                                        |         |  2014 | 2015 |
+--+----------------------------------------+---------+-------+------+
|1.|Миқдори нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ      |адад     |285    |300   |

|2.|Саршумори чорвои сунъӣ бордоршуда       |сар      |27000  |30000 |

|3.|Насли хушзот аз бордоркунии сунъӣ       |сар      |20500  |23000 |

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 сентябри соли 2014 № 589

ш. Душанбе