Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома ва Сохтори дасттоҳи марказии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ба миқдори 25 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ иҷозат дода шавад, ки як муовин дошта бошад.
4. Ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 3 апрели соли 2007, № 178 "Дар бораи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 сентябри соли 2014 № 587
ш. Душанбе