Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, № 585
тасдиқ шудааст
Низомномаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.04.2016 № 155)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (минбаъд - Раёсати экспертизаи давлатӣ) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии баҳисобгирӣ ва ё асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳоро барои сохтмон, таҷдид ва азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳо, биною иншоот (минбаъд - ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ), сарфи назар аз манбаи маблағгузорӣ ва шакли моликияти иншоот амалӣ месозад.
2. Раёсати экспертизаи давлатӣ дар Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Раёсати экспертизаи давлатӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. Раёсати экспертизаи давлатӣ фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
2. ВАКОЛАТҲО
5. Раёсати экспертизаи давлатӣ ваколатҳои зерин дорад:
- гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, сарфи назар аз арзиши умумии онҳо, манбаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва марбутияти идоравӣ дар сатҳи баланди илмию техникӣ ва бо дарназардошти истифодаи дастовардҳои пешрафтаи илму техника дар сохтмон ва лоиҳасозӣ, истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои моддӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои меҳнатӣ;
-дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор додани асосноккунии техникию иқтисодӣ, баҳисобгирии техникию иқтисодӣ дар сохтмони иншооте, ки дорои аҳамияти муҳими давлатӣ мебошанд ва эъмори онҳо бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст;
- баланд бардоштани сатҳи усулҳои ҳалли меъморию тарҳрезӣ ва шаҳрсозӣ;
- амалисозии арзёбии мутобиқати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
- амалисозии арзёбии эътимоднокӣ ва истифодаи бехатари ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, оқилона ҷойгир намудани бино ва иншоот бо дарназардошти хизматрасонии санитарию маишӣ, таъмини шароити мусоиду бехатари меҳнат;
- амалисозии арзёбии мутобиқати истифодабарии технология, таҷҳизот, масолеҳ ва таркиботи воридотии бо тартиби муқарраршуда сертификатсиякардашуда ва дорои шаҳодатномаи техникӣ дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
- таҳия ва татбиқи нақшаҳо доир ба мутобиқати сифати хуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
- пешгирии таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ки эҷод ва истифодабарии онҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои давлатии сохтмонӣ ҷавобгӯ нест ва ё ба ҳуқуқу манфиати қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат зарар меорад;
- таҳия ва ба фармоишгарон (сармоягузорон) ирсол намудани хулосаҳо оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ки барои иҷро аз ҷониби фармоишгарон, ташкилотҳои пудратӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуҷҷати ҳатмӣ маҳсуб меёбад.
3. ҲУҚУҚҲО
6. Раёсати экспертизаи давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- ҷамъбасти натиҷаҳои экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозиро амалӣ созад, оид ба такмили корҳои лоиҳасозию харҷномавӣ пешниҳод таҳия намояд, вобаста ба масъалаҳои таҳқиқ ва лоиҳасозӣ ба муассисаҳои лоиҳакашӣ машварат диҳад, хизматрасонии иттилоотиро ба ҷо орад;
- мутахассисони соҳибихтисоси вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳоро ҳамчун коршиносони ғайриштатӣ дар экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҷалб намуда, музди меҳнати онҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда пардозад;
- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои Раёсати экспертизаи давлатӣ зарурро, ба даст орад.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
7. Раёсати экспертизаи давлатиро Сардар роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мешавад.
8. Сардори Раёсат барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Раёсати экспертизаи давлатӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
9. Сардори Раёсат як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ ваколатҳои зерин дорад:
- дар доираи фонди музди меҳнат ва ҳайати шумораи қормандони Раёсат, басти вазифаҳои дастгоҳ ва гурӯҳҳои минтақавиро тибқи талаботи намунавӣ тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи Раёсатро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи Раёсатро тасдиқ менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Раёсат фармоишҳо қабул мекунад.
11. Раёсат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забони давлатӣ, бланкҳо ва мӯҳру тамғаҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
12. Раёсат бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
13. Маҳалли ҷойгиршавии Раёсат - 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода-36 а мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, № 585
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
Роҳбарият
Бахши ташкилӣ ва мутобиқат
Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
Бахши таҳлили харҷномаҳо
Бахши муҳосибавӣ
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, № 585
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
Дастгоҳи марказӣ
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2014, № 585
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар"
Гурӯҳҳои минтақавӣ