Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2014 № 537 "Дар бораи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод"

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод" барҳам дода шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузорӣ оид ба барҳам додани Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод" тадбирҳо андешанд.

3. Аз Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 тасдиқ шудааст, сархати Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 9 августи соли 2014 № 537

ш. Душанбе