Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2014 № 536 "Дар бораи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" барҳам дода шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузорӣ оид ба барҳам додани Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" тадбирҳо андешанд.

3. Аз Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 тасдиқ шудааст, сархати Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 9 августи соли 2014 № 536

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ликвидации Государственного учреждения "Национальная библиотека Республики Таджикистан имени Абулкосима Фирдавси"

В соответствии со статьей 62 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан поста но вляет:

1. Ликвидировать Государственное учреждение "Национальная библиотека Республики Таджикистан имени Абулкосима Фирдавси".

2. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан создать ликвидационную комиссию и согласно законодательству принять меры по ликвидации Государственного учреждения "Национальная библиотека Республики Таджикистан имени Абулкосима Фирдавси".

3. Исключить из Перечня учреждений и организаций системы Министерства культуры Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, № 604, абзац Государственное учреждение "Национальная библиотека Республики Таджикистан имени Абулкосима Фирдавси".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 9 августа 2014 года, №536