Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2014 № 526 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, № 132"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, № 132

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба замимаи 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, № 132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

- Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Норак;

- Муассисаи давлатии минтақаи ҷангалпарварии Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 августи соли 2014 № 526

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, № 132

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Приложение 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, № 132 "Об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан" дополнить новыми абзацами следующего содержания:

- Государственное учреждение лесного хозяйства города Нурек;

- Государственное учреждение Эсанбойского зонального лесничества района Рудаки.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 2 августа 2014 года, №526